АКАДЕМИК КАРОМАТУЛЛО ОЛИМОВ: «ЧӢ РӮЗГОР ДОШТЕМУ БА КАДОМ РӮЗ РАСИДЕМ»

0
22

Дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, академик Кароматулло Олимов маҳфили маърифатию тарбиявӣ баргузор гардид. Нахуст декани факултет, профессор Бахтиёр Ҳошимзода маҳфилро ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ таъкид кард, ки моҳи ноябр дар таърихи навини давлатдории тоҷикон мавқеи хосса дорад. Зеро дар ин моҳ як қатор санаҳои муҳими таърихию сиёсӣ, аз ҷумла Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегарданд.  Сипас мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, дотсент Сангин Гулзод меҳмони маҳфил  академик Кароматулло Олимовро муаррифӣ намуда, барои ироаи андешаҳо ва хотираҳои хеш суханро ба эшон вогузор кард.

Академик Кароматулло Олимов зимни суханронӣ ба аҳаммияти санаҳои таърихии моҳи ноябр таваҷҷуҳ намуда, марҳилаи нави давлатдории Тоҷикистонро бо номи шахсияти таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд донист. Мавсуф бо ёдоварӣ аз вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъкид намуд, ки мардуми кишвар аз рӯзҳои сахту сангин гузашта, бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи роҳбарияти давлат ба суботу оромӣ ва пешрафту ободонӣ расидаанд. Ба таъкиди академик, «чӣ рӯзгор доштему ба кадом рӯз расидем» худ бозгӯйи роҳи пуршебу фарози таърихии миллат ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Кароматулло Олимов ҳамчунин аз таҷрибаи фаъолияти худ дар паҳлуи Пешвои миллат ёдовар шуда, хислатҳои неки инсонӣ ва роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дурандешӣ, самимият, хоксорӣ, боварӣ ба мардум, ватандӯстӣ ва ҷасоратро махсус таъкид кард. Дар идомаи маҳфил академик доир ба рӯзгори дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик, саҳми фарзандони фарзонаи миллат дар ташаккули давлатдорӣ, эҳёи анъана ва ҷашнҳои миллӣ, инчунин болоравии обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол андешаҳои худро баён намуд. Мавсуф ҷавононро ба омӯзиши пайвастаи илму дониш, аз худ кардани технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят кард. Ба андешаи ӯ, яке аз омилҳои асосии фоҷиаҳои таърихии миллат ҷаҳолат, бесаводӣ ва ифротгароӣ буда, пешгирии чунин зуҳурот ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон вазифаи муҳимми устодон, зиёиён ва аҳли ҷомеа ба шумор меравад.

Дар ҷараёни суҳбат порчаҳои шеърӣ ва иқтибосҳо аз осори адибону донишмандон садо дода, ба маҳфил ҳусни тоза бахшиданд. Андешаҳои пурмуҳтаво ва таҷрибаи ғании зиндагиву фаъолияти академик Кароматулло Олимов барои иштирокчиён, бахусус донишҷӯён, ҷолибу омӯзанда буданд.

Дар фарҷом метавон гуфт, ки чунин маҳфилҳои маърифатию тарбиявӣ дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон нақши муҳим доранд. Мулоқот бо шахсиятҳои соҳибтаҷриба ва донишманд барои насли ҷавон имкони хубест, то аз сабақҳои таърих ва таҷрибаи зиндагии онҳо баҳра гирифта, дар роҳи хидмат ба Ватан масъулияти бештар эҳсос намоянд.

Ёдовар мешавем, ки академик Кароматулло Олимов аз файласуфони шинохтаи тоҷик буда, дар давраҳои гуногун вазифаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятиро ба уҳда доштааст. Аз ҷумла, солҳои 1997–2000 узви Комиссияи оштии миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000–2001 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001–2004 вазири фарҳанг, солҳои 2004–2007 Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007–2008 директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ, солҳои 2008–2010 директори Институти шарқшиносӣ, солҳои 2010–2016 ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2001–2018 раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО фаъолият намудааст.

Қурбонхоҷа Муҳуддинзода,

масъули Радиои «Садои ДМТ»