
Бузургтарин дастовези маънавӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба ватан овардани хоки фарзандони қаҳрамони миллат аст.
Бо иқдоми Роҳбари давлатамон хоки ватан қаҳрамонони қурбоншударо ба оғӯш гирифт, ки ормони қариб садсолаи ҳар як ҳамватани мо буд.
Ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин дарс барои худшиносиву худогоҳии миллӣ аст ва рӯҳи онҳоро шод гардонид.
Дар партави ин субҳи имрӯз аҳли раёсати донишгоҳ ба зиёрати оромгоҳи Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад рафтанд.
Ректори донишгоҳ профессор Эмомалӣ Насриддинзода ёди неки қаҳрамону фарзандони номдори миллатро намуда, иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадами навбатии дигар дар сарҷамъиву иттиҳоди миллат номид.
Декани факултети таърих Матлуба Иззатова ба таври мухтасар дар бораи кору фаъолияти онҳо маълумот дод.
Ҳозирин назди хоки бузургон сари таъзим фуруд оварда, болои хоки онҳо гулгузорӣ намуданд.
Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим
доктори илми филология, дотсент,
декани факултаи журналистика.












