МАРҲИЛАҲОИ ТАҲАВВУЛ ВА РУШДИ МАТБУОТИ ДАВРӢ

0
9

Муаллифони китоби «Таърихи журналистикаи тоҷик» низоми воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистонро аз нигоҳи тааллуқоти молӣ ва сиёсӣ ба расмӣ, ҷамъиятӣ, ҳизбӣ, шахсӣ ҷудо карда, қайд намудаанд, ки «Ҳар кадоми он хислати ба худ хос дорад ва ҳеҷ кадоме аз онҳо ба ҳамдигар тобеъ нест. Танҳо воситаҳои ахбори ҷамъиятӣ дар ҳамкории мақомоти давлатӣ ва шахсӣ таъсис ёфта метавонанд» [9, c. 278].

Таҳлилҳои коршиносона нишон медиҳанд, ки дар таърихи беш аз як асраи журналистикаи тоҷик чунин низом танҳо дар замони истиқлол ба вуҷуд омад, ки нишони демократия ва гуногунфикриву гуногунандешии баёни ақида аст. Дар давраҳои қаблӣ чунин низом вуҷуд надошт, балки барои давраи тошуравӣ аломати шахсию хусусӣ ва дар замони шуравӣ хусусияти ҳизбӣ асосан хос буд.

 Ташаккули чунин низом, ки мароҳили ҷудогонаро фаро мегирад ба шаклгирии журналистикаи нав мусоидат намуда бошад ҳам заминаҳои он ҳануз пеш аз соҳибистиқлолии кишвар ба вуҷуд омадааст. Аниқтараш, ташаккули журналистикаи нав аз давраи бозсозӣ маншаъ мегирад. Дар ин давра бо таъсири насими бозсозӣ, аз як сӯ, мундариҷаи аксарияти нашрияҳои даврӣ гуногун, пурмазмун ва ҷолиб гардид, мавзуъҳои худшиносиву ҳувияти миллӣ афзалият пайдо карда ошкоргуиву озодбаёнӣ анъана шуд, аз сӯйи дигар, тадриҷан нашрияҳои нав таъсис ёфта, дар фазои матбуоти даврӣ гуногунрангии фикру ақидаҳо роҳ ёфт ва мавқеъ пайдо кард. Ин раванд низоми воситаҳои ахбори оммаи шуравиро, ки аслан ҳизбӣ буд, аз байн бурд ва ба марҳалаи нави инкишофи журналистикаи тоҷик замина гузошт,  мустақилияти фикриву ғоявиро ба вуҷуд овард. Ба қавли муҳаққиқ Қ. Шарифзода «як хусусияти хоси ВАО-и Тоҷикистон он аст, ки аз кишвар дида пештар мустақилият касб намуд» [Шарифзода Қ. Мушкилоти озодии сухан. – Душанбе, 2009. –с. 54].  Ин даъво бар он асос меёбад, ки ба шарофати Бозсозии Горбачёвӣ қонуни ИҶШС «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» қабул гардид. Қабули қонуни матбуот имкон фароҳам овард, ки дар тули ҳамагӣ як сол дар Тоҷикистон нашрияҳои гуногунмавқеъ мисли «Паёми Душанбе» – нашрияи ҷамъиятию сиёсии пойтахт (январи соли 1990), «Растохез»-и Созмони мардумии «Растохез» (30 майи соли 1990), «Адолат»-(20 сентябри соли 1990), «Дунё»-(1 майи соли 1991), «Чароѓи рӯз»-(12 июни соли 1991) таъсис ёфта, ба фаъолият пардохтанд. Ба ин вазифаҳо сиёсат, иттилоот, саргармкунӣ, тиҷорат ва амсоли ин дохил мешаванд. Чунончи професор И. Усмонов зикр мекунад: «Марҳилаҳои ташаккули журналистикаи нав бо он вазифаҳое иртибот мегирифт, ки барои таѓйир ва пешрафти ҷомеа лозим буданд» [Вазифаи аслии журналистика дар ҷомеа // Актуальные проблемы журналистики, №2. – Душанбе. – 2007. – С.15]. Ҳарчанд на ҳамаи нашрияҳои зикршуда озодиҳои фароҳамшударо ба манфиати фарҳангу тамадуни миллӣ, озодию истиқлол ва ҳамгироию якпорчагии кишвар истифода намудаанд, аммо ҳамчун нахустин нашрияҳои ғайриҳизбӣ ё худ ҳайридавлатӣ рӯи чоп омаданд. Матбуоти даврӣ вазифаҳои худро дар замони истиқлол ба талаботи руҳи сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа мувофиқ кунонидааст.

Ба ин манзур, агар дар матбуоти даврии солҳои 1991-1992  талошҳои дастрасӣ ба ҳокимият, бархурди манфиатҳои шахсӣ ва маҳаллӣ афзалият дошт, дар матбуоти солҳои 1993-1997, бо таъсири муборизаҳои дохилӣ,  нашрияҳо аз рӯи ҳадаф ба ду тип ҷудо шуданд, ки яке барои ваҳдатофарӣ талош мекарду дигаре кӯшиши ҷудоихоҳӣ менамуд. Тадриҷан дар матбуоти даврии ин солҳо, хусусан нашрияҳои расмӣ, вазифаи сулҳоварӣ бартарӣ пайдо карда, масъалаҳои сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ мавзуи асосӣ гардид. Агар ба ақидаи баъзе сиёсатшиносон, ки «матбуоти айёми бозсозиро шурандозанда ва алангадиҳандаи ҷанги шаҳрвандӣ» меҳисобанд, мутмаин шавем, пас метавонем гуфт, ки матбуоти солҳои аввали истиқлол дар барқарории сулҳу баҳамоии мардум нақши муҳим гузоштааст. Дар ин солҳо мазмуну мундариҷаи нашрияҳои умумиҷумҳуриявӣ ба хусус «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон» нисбатан беҳтар гардида, нашрияҳои хусусӣ ва соҳавӣ ба мисли «Адабиёт ва санъат», «Тоҷикистон», «Чархи гардун» ва ғ. имконияти чопи мунтазам пайдо карданд.

Бо шарофати ташаккули озодии сухан дар солҳои 1991-1993 нашрияҳои зиёде  аз қабили «Ҷоми Ҷам» – Бурҳон Сафарӣ, «Ҳафтганҷ» – Ширкати «Хизмат», «Сухан» – Иттифоқи журналистон», «Сомон» – Бунёди забони тоҷикӣ», «Тоҷикистон» – Ҷамъияти дифои ҳуқуқи истеъмолгарон, маҷаллаҳои хусусии «Мардумгиёҳ»-и Равшани Раҳмонӣ, «Дарё»-и Саодат Сафарова ва ѓайра рӯий чоп омаданд, ки аз ҷиҳати таъйинот ва хусусият гуногун буданд. Баръакси ин дар солҳои 1993-1995 бо иллати ҷанги шаҳрвандӣ баъзе нашрияҳои даврӣ аз чоп монданд, теъдоди ками нашрияҳо ба тарзи номуназзам интишор мешуданд. Дар ин марҳала бо дастгирии ҳукумати кишвар ва иқдомҳои хайрхоҳонаи  Сарвари давлат муҳтарам Э. Раҳмон танҳо нашрияҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» ҳафтае ду маротиба чоп мегардиданд. Аммо бо иллати халалдор гардидани усули кори почта ин нашрияҳои даврӣ низ саривақт дастраси муштариёнашон намешуданд.

Солҳои 1995-1997-ро аксари муҳаққиқон марҳалаи ба рушд рӯ овардани ВАО, хосса матбуоти даврӣ номидаанд. Дар ин солҳо нашрияҳои даврии мустақили иҷтимоию сиёсӣ чун «Истиқлол» – Бунёди ҷамъиятии «Оли Сомон» ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Воҳидов, «Бизнес и политика» – Оҷонсии мустақили навгониҳои Тоҷикистон, «Чархи гардун», «Дайджест пресс» – Акбаралӣ Сатторов ба майдони матбуоти даврӣ ворид гардиданд. Ҳарчанд дар саҳифаҳои ин қабил нашрияҳо маводи таърифиву тавсифӣ, қисабофиҳо, аксҳои ба ахлоқи миллӣ чандон номувофиқ, матолиби ҳангомасоз ба чашм мерасид, аммо метавон гуфт, ки онҳо дар таъмини иттилоотии ҷомеа, ҷалби мардум ба рӯзномахонӣ ва бедории афкори омма таъсир доштанд.

Баъд аз «Созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ» (1997) давраи нави ВАО оѓоз шуд, ки ба таъбири коршиносон «он демократияи бештар дошт». Ба ин санади ҳамдигарбахшӣ ва Протоколи сиёсӣ барин ҳуҷҷатҳои сулҳ мусоидат намуданд. Соли 1999 барои воситаҳои ахбори омма шароити мусоиди фаъолият ба амал омад. Моҳи августи ҳамон сол Суди Олӣ ҳукми худро дар бораи боздоштани фаъолияти матбуоти оппозитсионӣ (1993) бекор кард.

 Дар ин давра нашрияҳои зиёде амсоли «Ҷунбиш» – Нашрияи ҳаракати миллии Тоҷикистон (1.08.1997), «3+1» – Нашрияи Ассотсиатсияи журналистони Тоҷикистон  «Ҳамкории иҷтимоӣ» (5.08.1999), «Ваҳдат» – Нашрияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ (28.08.1999), «Ҳилола» – Нашрияи Ташкилоти ҷамъиятии Ҳилола (6.10.2000), «Гулбонг» – Нашрияи хусусии Р. Давлатова (13.08.1997), «Крим-инфо» – С. Ҳомидов, «Замондош» -Ҳ. Ҷӯраев (7.10.1999), маҷаллаи «Гули мурод» – Пайванд Гулмуродзода (майи 1997), ҳафтаномаи «Алиф» – Назри Яздон,  ва ѓайра интишор гардиданд, ки ба рушди матбуоти даврӣ мусоидат намуданд. Ҳамзамон дар ин марҳала нақши ВАО, хосса матбуоти ҳукуматӣ бориз гардида, нашрияҳои дар марҳилаҳои пешин қатъ гардида, аз нав ба фаъолият шуруъ карданд, ки ҳафтаномаҳо «Тоҷикистон» (1.01.1997) ва «Ҷавонони Тоҷикистон» (январи соли 1999) намунае аз онҳост.

Марҳалаи дигари инкишофи матбуоти тоҷик аз соли 2000 шуруъ гардид, ки то соли 2006-ро фаро мегирад. Дар ин марҳила на танҳо матбуоти даврӣ, балки воситаҳои электронии ахбори омма низ рушд карда, радио ва телевизионҳои мустақил ба вуҷуд омаданд. Дар баробари нашрияҳои расмиву ҳукуматӣ матбуоти даврии хусусиву тиҷоратӣ зиёд гардид; бозори иттилоот ба вуҷуд омад; воситаҳои ахбори омма бо техника ва технологияи инноватсионӣ тадриҷан таъмин гардиданд; сифати нашрияҳои даврӣ беҳтар шуд; дар фазои иттилоотӣ рақобати касбӣ ба вуҷуд омад, ки зери «фишори» он баъзе нашрияҳо майдони матбуотро тарк карданд ва баъзе нашрияҳо худро бозсозӣ намуданд. Дар ин марҳала низ нашрияҳои зиёде рӯйи чоп омада, дар муддати кӯтоҳ дар муҳити иттилоотии кишвар мавқеъ пайдо карданд. Аз ҷумла нашрияҳои «Азия пилюс» – Агентии иттилоотии «Азия плюс» (21.01.2000), «Оила» – Ш. Ҳамдамов (1.01.2000), «Рекламная газета» – ООО «Оила» (27.03.2001), «Неруи сухан» –М. Боқизода (30.01.2000), «Рӯзи нав» – Р. Мираимов (6. 08. 2003), «Зиндагӣ» – Қ. Хуҷамов (8.09.2004), «Миллат» – А. Умарова (1.09.205), «Вароруд» – ООО ИАА «Вароруд» (1.01.2002), Факты и коментарии» – НПО «Кӯҳи нор» (27.04.2006)  ва ѓ. Дар умум то 1-уми августи соли 2006 дар Тоҷикистон 240 воситаи ахбори оммаи чопӣ, 5 агентии иттилоотӣ ва 89 матбаа ба қайд гирифта шуда буд.

Дар охири соли 2006 зуҳури нашрияҳои нав идома ёфт. Аз ҷумла нашрияҳои «События» – С. Сиддиқов (сентябри соли 2006), «Вақт» – М.Абдураҳмонова, К.Саид, «Нигоҳ» – Бунёди ҷумҳуриявии «Индем» (Информатика барои демократия ва рушди миллӣ) (декабри соли 2006), «Фараж» – ҶДММ «А. Медиа (декабри соли 2006, аз сентябри соли 2007 Маркази тадқиқоти журналистӣ) рӯйи чоп омаданд. Ин нашрияҳо дар муддати кӯтоҳ дар низоми матбуоти даврӣ ва фазои иттилоотии кишвар мавқеи намоён пайдо карданд. 

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар имкон ба вуҷуд омад, ки системаи матбуоти ҳизбӣ ба вуҷуд ояд. 20-уми сентябри соли 1990 «Адолат» – нашрияи ҳизби Демократии Тоҷикистон, 28 феврали соли 1992 «Нидои ранҷбар» – органи чопии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, аз 12 марти соли 1992 «Наҷот»-и Ҳизби наҳзати ислом  (бо сабаби нашри афкори дорои хусусияти экстримистию террористӣ бо Қарори Суди Олӣ аз 29 сентябри соли 2015 фаъолияташ манъ шудааст) августи соли 1996  «Иттиҳод» – органи чопии ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, 7 сентябри соли 1996 «Минбари халқ» – нашрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соли 2006 «Меҳргон» – органи чопии Ҳизби аграрии Тоҷикистон интишор гардиданд. Аммо ба истиснои «Минбари халқ» нашрияҳои дигари ҳизбӣ дар низоми матбуоти тоҷик мавқеи мунтазам пайдо накарданд. Дар заминаи нашрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» тадриҷан нашрияҳои зиёде аз тарафи кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ин ҳизб, амсоли «Мароми пойтахт» (Душанбе), «Сухани халқ» (Хуҷанд) «Ҳамрози халқ» (Кумитаи иҷроияи ҳизбии Хатлон) таъсис ёфта, низоми матбуоти даврии ҳизбиро ба шакл дароварданд.

Мавриди зикр аст, ки нашрияи «Минбари халқ» новобаста аз ҳизбияти худ дар фазои иттилоотии кишвар мавқеъ ва нақши намоён дорад. Дар он на танҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҲХДТ балки масъалаҳои муҳимми ҳаёти дохил ва хориҷи  кишвар инъикос ва баррасӣ мегардад. Як вижагии хоси ин нашрия он аст, ки худро сарпарасти маънавии НБО-и “Роғун” эълон карда, раванди корзори ин неругоҳи азими барқи обиро пайваста мунъакис мекунад. Маводи нашрия аз нигоҳи моҳият муҳим ва рӯзмарра буда, аз назари касбӣ бештар ҷанбаи таҳқиқиву таҳлилӣ дорад. Дар чунин оҳанг ва дараҷа пайдо кардани маводи нашрия на танҳо рӯзноманигорони худӣ, балки аъзои ҳизб – кормандони касбу кори гуногун  низ саҳм гирифтаву мегиранд.

Ниҳоят таъсис ёфтани рӯзномаи «Имрӯз-NEWS», ки нашрияи хусусии ҶДММ «Имрӯз-NEWS» мебошад (22 феврали соли 2013), фазои иттилоотии кишвар, ба хусус муҳити матбуоти даврии моро тағйир дод. То нашри «Имрӯз-NEWS», дар кишвари мо ягон нашрия ҳаррӯза ба табъ намерасид. Мо ҳафтаномаҳо, моҳномаҳо, фаслномаҳо, солномаҳо ва гоҳномаҳо доштем, аммо рӯзнома надоштем. Нашрияҳои расмии кишвар дар сурати зиёд шудани маводи расмӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки нашри онҳо ҳатмӣ аст, дар ҳафта ду ва гоҳе се шумора нашр мекарданд. Бо истифода аз имконоти қонунгузории кишвари соҳибистиқлоламон «Имрӯз-NEWS» ин низомро тағйир дод. Зеро ин нашрия ба маънои комилаш рӯзнома буда, ҳар рӯз ба табъ мерасид. Ин падида, боис гардид, ки нашри ҳаррӯзаи нашрияҳои даврӣ дар Тоҷикистон зиёд шаванд. Аз ҷумла, рӯзномаи расмии кишвар – «Ҷумҳурият» низ фаъолияти худро рӯзмара намуд. Ин дигаргуниро низ як падидаи муҳим дар даврони истиқлоли кишварамон метавон маънидод кард.

Истиқлолияти сиёсӣ бо фароҳам намудани заминаҳои қонунӣ матбуоти даврии моро вусъат бахшид ва имкониятро барои ташаккул ва такомули нашрияҳои хос: занону бонувон, ҷавонон ва кӯдакону наврасон тақвият дод. Ба вежа, нашрияҳои кӯдакону наврасон, ки дар замони шуравӣ танҳо ду нашрия («Пионери Тоҷикистон» ва «Машъал») доштем, дар замони истиқлоли кишвар ин бахши матбуоти миллии тоҷик ба таври шоиста рушд ёфт. Ҳарчанд, дар замони носуботиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилӣ нашрияи кӯдакону наврасон – «Машъал» фаъолияти мунтазам надошт, хушбахтона бо фароҳам шудани сулҳу ҳамгироӣ ва талқинҳои Сарвари давлат дар самти тарбияи наврасон дар Тоҷикистон матбуоти кӯдакона такомули чашмгир ёфт.

То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 20 нашрия барои кӯдакону наврасон рӯи чоп омада, ки «Анбоз», «Анвори дониш», «Анӯшервон», «Афсонаҳо», «Ахтарон», «Боғи дониш», «Ворисони Сомониён», «Гулшан», «Гул-гул», «Гулистон», «Зангула», «Муғча», «Пешоҳанг», «Пайрав», «Рангинкамон», «Садои кӯдакон», «Салом, оянда!», «Сомониён», «Чашма», «Аладин»,«Лочин», «Бойчечак», «Устоз» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аз ин теъдод нашрияҳо 90 дар садашон ба шакли хусусӣ ва ҷамъиятӣ нашр шуда, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ ва англисӣ барои наврасони кишвар мавод ба табъ мерасонанд.

То имрӯз бо таъсири фазои маҷозӣ ва мушкилоти молиявӣ беш аз 10 нашрия барои кӯдакону наврасон аз фаъолият боз мондаанд, вале чун «Пайрав», «Салом, оянда!», «Сомониён», «Чашма», «Анбоз», «Лочин» аз ҷумлаи он нашрияҳое мебошанд, ки ба таври мунтазам нашр шуда, бо муҳтавои адабӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, бозиҳои шавқовару гуногуни зеҳнӣ, дарсҳои забономӯзӣ дастраси кӯдакону наврасон мегарданд. Ин нашрияҳо бо чопи маводи ҷолибу кӯтоҳи гуногунмавзуъ ва эҷодиёти худи наврасон дар баробари кор бо кӯдакон як фазои муосиди матбуоти кӯдаконаро дар кишвар такомул додаанд. Яъне, истиқлолият барои наврасони мо дунёи зебои маънавиро боз намуда, кишвари соҳибистиқлол Тоҷикистон аз тариқи ин нашрияҳо барои тарбияи ахлоқӣ, зебопарастӣ, инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, таҳкими ифтихороти милливу фарҳангии наврасону кӯдакони худ саъй мекунад.

Дар замони соҳибистиқлолиии кишвар имконият барои огоҳии насли ҷавони мамлакат аз набзи замон: вазъияти сиёсию иқтисодии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, равандҳои тамоюли фарҳангию иҷтимоии аҳолӣ, падидаҳои ҷаҳонишавӣ ва геополитикӣ густариш пайдо кард. Ҳукумати мамлакат барои тарбияи як насле, ки гузариш аз як сохт ба сохти нави давлатдориро дарк кунад ва раванди сулҳу ваҳдатро ба шакли масъулона қабул созад, корҳои тарғиботиро равнақ бахшид. Ба вежа дар ин самт нақши матбуоти даврӣ хеле бориз буд.

Агар дар замони шуравӣ матбуоти даврии барои ҷавон махсусгардонидашуда ҳамагӣ ду номгӯ: «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Комсомолетс Таджикистана» буд, дар замони истиқлол шумораи чунин нашриящои даври ба беш аз 10 расидааст. Аз ҷумла, «Ҷавонони Тоҷикистон», «Олами ҷавонон», «Ҳамрози ҷавонон», «Паргор», «Навоварони ҷавон», «Ворисони Суғд», «Ҳуқуқшиноси ҷавон», «Ворисони Тоҷикистон», «Омӯзгори ҷавон», «Студент TJ» ва ғайра.

Аз ин миён фаъолтарин нашрияе, ки аз лиҳози фарогирии комили манотиқи кишвар, нашри мунтазам, баррасию таҳлили масоили марбут ба ҳаёти ҷавонон, инъикоси сиёсати давлатии ҷавонон ва фарҳангу адабу варзиш пешгом аст, «Ҷавонони Тоҷикистон» мебошад. Нашрияҳои дигари ҷавонон, чандон фарогирии комил надошта бошанд ҳам, барои соҳаҳои мушаххаси фаъолияти ҷавонон пешбинӣ шуда, масъулияти худро барои таъмини насли ҷавон бо маводи мутолеа хидмат мекунанд.

Матбуоти ҷавонон мушкилоти худро низ дорад, аз ҷумла дар раванди бархӯрди низоми нав – электронӣ ва анъанавии кори матбуот на ҳама худро мутобиқ карда тавонистан ва аксари нашрияҳои ҷавонон аз чоп мондаанд. Новобаста аз ин, ин типпи матбуоти даврӣ, насли ҷавонро бо хабарҳои наву муҳим таъмин карда, онҳоро ба мутолеаи фарогир, соҳаҳои нави дониш, вазъи илму фарҳанги ҷаҳон, риштаҳои гуногуни варзиш ва навоварии ҳаёти ҷавонон завқманд менамояд. Инчунин, бо нашри мақолаҳо ҷавонони кишварро аз падидаҳои номатлуб, хатарҳои мавҷуда дар ҳаёт ва бозиҳои пасипардагии абарқудратҳо доир ба масоили сиёсию минтақавии ҷаҳон огоҳ менамоянд.

Нашрияҳои барои бонувон ихтисосёфта низ дар даврони истиқлол кори шоиста карданд. Ба хусус дар тарғиби сиёсати давлатии ҳукумат дар самти занон ва оила, ба донишҳои навин фаро гирифтани бонувон, баробарҳуқуқии занону мардон, ба таҳсил фаро гирифтани духтарони деҳот, ба сиёсат ва идоракунии давлат ҷалб кардани бонувон, муаррифии чеҳраҳои фаъоли бонувон дар соҳаҳои истеҳсолот, шохаҳои ҳокимияти қонунбарор, иҷроия, судӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти бонувон дар саҳифаҳои ин типи нашрияҳои даврӣ бозтоби комил ва густурда ёфтааст.

Агар мо дар замони собиқ иттиҳоди шуравӣ барои занону бонувон танҳо маҷаллаи «Фирӯза»-ро нашр мешуд, хушбахтона дар даврони истиқлол матбуоти ба бонувон нигаронидашуда на кам аз 15 нашрия мебошад. Аз ҷумла, нашрияҳои «Зан», «Зан ва Модар», «Зан ва оила», «Зани муосир», «Фирӯза», «Бонувони Тоҷикистон», «Нилуфар», «Ноҳид» ва ғайра. Баъзе аз ин нашрияҳо дар доираи барномаву лоиҳаҳои хусусӣ ва сармоягузориҳои байналмилалӣ ба табъ расидаву фаъолияти дарози доманадор надоштанд, аммо маводи маърифатӣ, ҳуқуқӣ, адабӣ ва фарҳангию сиёсиро барои доираи мушаххаси бонувон нашр кардаанд.

Дар маҷмуъ, матбуоти ба кору рӯзгои бонувон нигаронидашуда дар даврони истиқлол тавонист бо нашри мавзуъҳои муҳим ба ёрдамчии асосии давлат мубаддал шавад ва ҳамзамон низоми матбуоти даврии намуди ҷинсиятиро ташаккул ва такомул бахшад.

Мурод МУРОДӢ,

профессори ДМТ