Дар ҷаҳони муосир аҳли башар ба проблемаҳои гуногуни глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад, ки барои рафъи ин мушкилӣ бояд тамоми сокинони сайёра саҳми худро гӯзоранд. Яке аз чунин проблемаҳое, ки хатарноктар ба шумор меравад ин ивазшавии иқлим мебошад. Тағйирёбии иқлим метавонад сабабгори марги тамоми мавчудоти зинда дар кураи Замин гардад ва инсоният барои пеши роҳи онро гирифтан оҷиз мебошад. Танҳо метавонад тавассути ақли солим ва андешаи дурбинонаи хеш роҳҳои коҳишёбии ивазшавии иқлимро омӯзад ва дар амал татбиқ намояд. Вобаста ба ин мавзӯъ суҳбате дорем бо пажӯҳишгари журналистикаи экологӣ Ҷамолиддин Яқубов.
– Кадом омилҳо ба ивазшавии иқлим боис мешаванд?
Инсоният дар раванди ивазшавии иқлим қарор дорад. Омилҳои ивазшавии иқлимро ба табиӣ ва антропогенӣ тақсимбандӣ мекунанд. Омилҳои табиии ивазшавии иқлим ин ба табиат алоқаманд буда, бидуни таҷҳизотҳои ченкунанда маълум мебошанд, аз ҷумла, баландшавии ҳарорати миёнаи сайёра, ивазшавии ҳарорат дар фаслҳои сол, зимистонҳои нарм ва моҳҳои аз меъёри муқаррарӣ гарми тобистон, обшавии пиряхҳо ва баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ инчунин ба иқлим дигаргуншавии меҳвари Замин, майдони магнитии он, андозаи материкҳо ва уқёнусҳо, аз қаъри замин баромадани вулканҳо ва ғайра. Омилҳои антропогенӣ бошанд ин таъсири инсон ба табиат аст, ки дар натиҷаи ба атмосфера газҳои гуногун аз ҷониби корхонаҳои кимиёӣ паҳн шудан, тағйирёбии иқлим ба амал меояд ва он газҳоро газҳои парникӣ мегӯянд, ки он газҳо дар атмосфера бухор намешаванд ва доим дар гардиш мебошанд ва боис ба боридани боронҳои ишқорӣ мегарданд.
– Оё метавонад ивазшавии иқлим ба ҳастии ҳаёт дар кураи замин таҳдид намояд?
Собиқ муншии дабири кулли СММ Пан Ги Мун дар яке аз конфронсҳояш соли 2008 гуфта буд, ки оқибатҳои ивазшавии иқлим аз ҷанг ҳам бадтар аст. Воқеан ҳам аз ҷиҳати хатарнокӣ ивазшавии иқлим аз ҷанг ҳам бадтар мебошад. Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба обшавии пиряхҳо, ки дар натиҷаи он сатҳи оби кӯл дарёҳо баланд шуда обхезӣ ба амал меояд, норасоии оби нӯшокӣ, хушксолӣ ва биёбоншавӣ оварда мерасонад Ҳамаи ин ҳодисаҳо барои кураи замин хатарнок маҳсуб мешаванд ва метавон гуфт, ки ба ҳастии ҳаёт барои мавҷудоти зинда таҳдиди калон мебошад.
– Оё дар таърихи инсоният маротибаи аввал аст, ки ин ҳодиса ба назар мерасад ё ивазшавии иқлим тағйирёбии мавсимӣ буда, баъди чанд даҳсола боз барқарор мешавад?
Дар ин бора фарзияҳо гуногун ҳастанд. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ивазшавии иқлим дар гузашта ҳам буд. Ҳоло ки асосан гармшавии иқлим ба назар мерасад, баъзе муҳаққиқон бар он назар мебошанд, ки ин ҳодиса метавонад баръакс шавад, яъне ба сардшавии ҳаво мубаддал шавад ва инҳо танҳо фарзия мебошанд ва лекин ҳаминро мегӯянд, ки ивазшавии иқлим дар гузашта ҳам буд ва боз барқарор гашта буд. Аз ин фарзияҳо бармеояд, ки ивазшавии иқлим ҳодисаи мавсимӣ буда, дубора барқарор гаштанаш аз имкон дур намебошад.
– Чи гунае ки медонем СММ баҳри рафъи ин масъала «Конвенсияи байналмилаии тағйирёбии иқлим»– ро қабул кардааст. Баъди қабули ин конвенсия проблемаи мазкур то чи андоза беҳтар гардид?
Ҳар сол дар робита ба ин масъала конфронси байналмилалӣ бо иштироки намояндагони аксари давлатҳои ҷаҳон баргузор мегардад. Албатта ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаҳои иқлимиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Аз ҳама муҳимтарин созишномае, ки дар робита ба ин масъала қабул кардаанд, ин созишноми Париж дар соли 2015 мебошад, ки давлатҳои зиёд ин созишномаро ҷонибдорӣ намуда, корҳои марбут ба ҳалли ин проблемаро анҷом дода истодаанд.
– Журналистон, ки проблемаҳои иқлимиро инъикос менамоянд, то чӣ андоза дар баррасии ин масъала муваффақ шудаанд?
Бидуни фаъолияти журналистон наметавон ягон масъаларо ҳал намуд. Журналистон он қишри ҷомеа ҳастанд, ки ба омма хабар ва маълумотҳои лозимиро дар ин ё он мавзӯъ мерасонанд, нақши онҳо дар инъикоси проблемаи ивазшавии иқлим назаррас аст, аммо ҳанӯз масъалаҳои ҷиддӣ зиёданд, ки барои расондан ба омма пеш аз ҳама журналистонро омода кардан лозим аст, яъне семинарҳои омӯзишӣ бо коршиносони ватаниву хориҷӣ гузарондан лозим аст, то моҳияти тағйирёбии иқлим, чораҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани оқибатҳои харобиовари тағйирёбии иқлим ба аудитория дуруст расонда шавад.
– Ташаккури зиёд барои сӯҳбат!
Мусоҳиб: донишҷӯи
курси 3-юм Султон Каримов