39 НАФАР УСТОДУ КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ СОҲИБИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ШУДАНД

0
234

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ зумрае аз устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби манзилҳои истиқоматӣ ва фарзандони онҳо бо туҳфаҳои ҷашнӣ қадрдонӣ шуданд.

Субҳи имрӯз (17.06.2023) дар доираи иқдомҳои иҷтимоии роҳбарияти давлат бо иштироки намояндагони сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ хобгоҳи №7-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Нахимова 64/7-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст, баъд аз таъмири капиталӣ барои 39 нафар омӯзгор ва корманди ҷавони донишгоҳ ҳамчун манзили истиқоматии хизматӣ супорида шуд.

Дар маросими супоридани хонаҳои истиқоматӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм Содиқӣ Насиба Нурулло, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳимзода Шабнам, муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода Ситора Сафаралӣ, ректори ДМТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи вижаи Роҳбарияти олии кишвар ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Имрӯз донишгоҳ ба ҳайси муассисаи таълимии бунёдии кишвар дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ барои донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ саҳмгузор мебошад. Ҳоло дар донишгоҳ мутахассисони варзида аз ҷумлаи ассистентон, муаллимони калон ва як зумра омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба фаъолияти таълимию методӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд, ки дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ нестанд.

Бо ин мақсад баъд аз таъмири капиталии хобгоҳ ва азнавсозии он раёсати донишгоҳ барои 39 нафар омӯзгорон ва кормандони ҷавон хонаҳои хизматиро барои истифода омода намуд. Хобгоҳи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт воқеъ буда, соли 1973 дар масоҳати умумии 2542,8 метри мурабаъ сохта шуда, то оғози соли 2023 ҳамчун хобгоҳи донишҷӯӣ фаъолият намудааст.

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини иҷтимоии донишҷӯён дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, бинои хобгоҳи иборат аз 12 ошёна барои зиёда аз 1000 нафар донишҷӯ сохта ба истифода дода шуд (22.01.2021). Баъдан донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи №7 истиқомат менамуданд, ба хобгоҳи нав ва хобгоҳи № 6 кӯчонида шуданд.

Хобгоҳи мазкур аз 4 ошёна иборат буда, мувофиқи хулосаи ҶСК “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП” – “Оид ба санҷиши ҳолати техники иншоот” сифати бинои мазкур ба талаботи меъёри сохтмон ҷавобгӯ буда, табдил додани он аз бинои хобгоҳи донишҷӯён ба ҳуҷраҳои истиқоматии омӯзгорон баъди азнавсозӣ имконпазир аст. Қобили тазаккур аст, ки бинои хобгоҳ минбаъд хусусӣ гардонида нашуда, ҳамчун хобгоҳи хизматии омӯзгорону кормандон дар тавозуни донишгоҳ нигоҳ дошта мешавад.

Дар маросими баистифодадии хобгоҳи мазкур меҳмононро намояндагони донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд. Баъдан меҳмонон аз чанд хонаҳои истиқоматӣ боздид намуда, ба шарту шароитҳои ҳуҷраҳо ва корҳои азнавсозӣ баҳои баланд доданд. Дар саҳни бинои мазкур дар фазои тантанавӣ калиди хонаҳо ба истиқоматкунандагон супорида шуд ва итиқоматкунандагон ба дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва иқдоми неки роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ изҳори сипос намуданд.

Ҳамзамон, ба ин муносибат дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 25 нафар фарзандони омӯзгорону кормандон туҳфаҳои ҷашнӣ тақдим карда шуд. Таъкид гардид, ки чунин тадбирҳо устодону кормандони донишгоро водор менамояд, ки бо дасту дили гарм ва масъулияти дучанд баҳри шукуфоии бештари кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол кору фаъолият намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин миён (39 оила) ба се нафар кормандони донишгоҳ, ки фарзандони маъюб доранд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ғамхории махсус зоҳир гардид. Манзилҳои истиқоматии онҳо бо баъзе таҷҳизоти муҳими рӯзгор таъмин карда шуданд, ки ин амал низ дар доираи ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ниёзманди ҷомеа сурат гирифт.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронӣ иқдоми навбатиро дастгирии бевосидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба хусус Пешвои муаззами миллат унвон намуда, дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба аҳли устодону кормандон туҳфаи хотирмон номид.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Сатториён М. А. зимни суханронӣ бошандагони хобгоҳро табрик намуда, афзуд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Пешвои муаззами миллат қарор гирифтааст ва дастгирии ин қишри ҷомеа зери таваҷҷуҳи махсус қарор дорад.

Зимнан гуфта шуд, ки табдил додани хобгоҳи мазкур ба бинои истиқоматӣ ва супоридани ҳуҷраҳои он ба омӯзгорон ва кормандони ҷавони донишгоҳ ҳамчун дастгирии навбатии Пешвои муаззами миллат дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 8 хобгоҳ мебошад, ки аз ин шумора се хобгоҳ (хобгоҳҳои №1, 2 ва 7) ба омӯзгорону кормандон, яке ба аспирантон (хобгоҳи 4) ва хобгоҳи №3 бошад барои гузаронидани машғулиятҳои дарсии факултети тиббӣ пешбинӣ гардидааст. Хобгоҳҳои № 5, 6 ва 8 барои донишҷӯён муайян шудааст. Расо як сол қабл дар таърихи 09.06.2022 хобгоҳи №1-и донишгоҳ барои 39 нафар корманду омӯзгор манзили истиқоматӣ ҷудо гардид ва ба истифода дода шуд. Дар давоми танҳо ду сол қариб 80 нафар устодону кормандони донишгоҳ соҳиби манзил шуданд, ки дар таърихи донишгоҳ рухдоди камназир аст. Иқдоми навбатӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 27-уми июн барои ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ ва алоқамандони он рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад.

Бознашр аз сомонаи tnu.tj