Home Blog Page 8

«СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ» – ПЕШНИҲОДИ САРИВАҚТӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

0

«Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд».

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28.12.2024)

Эълон гардидани «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», аз ҷониби Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомал Раҳмон, барои панҷ соли оянда, заминаи муҳиму созандае маҳсуб мешавад, ки дар самти рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҷомеа саҳми назаррас хоҳад гузошт. Шароити имрӯзаи фаъолият дар соҳаҳои муҳими ҷомеа, агарчӣ аз як ҷониб ба мутахассисони донандаи хуби касби худ ва забондон ниёз дошта бошад, аз ҷониби дигар бо технологияи муосир анҷом додани хизматрасониҳо дар касби худ, талаботи дигари фарди имрӯзаи ҷомеа маҳсуб мешавад.

Маҳз талаботи болозикр, боиси он гардидааст, ки дар мамлакат рақамикунонии сохторҳои гуногуни давлатӣ роҳандозӣ шуда, бештари хизматрасониҳо тариқи ғайринақдӣ бар роҳ монда шудаанд. Чунин амали муҳим, дар навбати худ, барои фаъолияти босамари «Ҳукумати электронӣ» шароити мусоидеро фароҳам овардааст.

Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-уми декабри соли 2024, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомал Раҳмон, аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Яъне имрӯз мамлакати мо дар танзими ҳуқуқи молиявии кормандон ва шаҳрвандон, пешсаф буда, кӯшиш менамояд, то маърифати шаҳрвандонро дар самти истифодаи мақсадноки хизматрасониҳои ғайринақдӣ, баланд бардошта, мутахассисони бештари донандаи технологияи муосирро барои рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалб намояд.

Бо назардошти муҳиммияти рушди иқтисоди рақамӣ барои панҷ соли оянда, Пешвои миллат, таъкид намуданд, ки зарур аст, дар ин давра ба чанд самт, аз ҷумла, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ғайраҳо, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Чунин дурнамо, албатта, агар аз як ҷиҳат, ба рушди босуръати фаъолият дар соҳаи технологияи рақамӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, маҳз дар заминаи он таваҷҷуҳ ба ҷавобгӯ будани мутахассисон бештар мегардад. Тақозои замони муосир низ маҳз кадрҳои донандаи технологияҳои иттилоотӣ буда, онҳо дар пешрафти соҳаи «иқтисоди рақамӣ», нақши назаррас мегузоранд. Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур доданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад. «Ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд», – дастур доданд Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдори мамлакат.

Ҳамин тавр, гузариш ба «иқтисоди рақамӣ» ва рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ, барои панҷ соли оянда, қадами муҳимест, ҷиҳати ноил гардидани мамлакат ба истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт.

Баҳромзода Манижа,

номзади илмҳои филологӣ,

ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии

факултети журналистикаи ДМТ

АЗ ХАТАРИ ҶИНОӢ ТО ХОЛИГИИ МАФКУРАВӢ

0

Сару садоҳо атрофи ҳодисаи маҳбусони Муассисаи ислоҳии №3/2-и шаҳри Ваҳдат

Ба иттиллои сомонаҳои расмӣ сани 3 феврали соли 2025, соати 15:44, гурӯҳи 9-нафараи маҳбусони Муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда, ба кормандони масъул – нигаҳбонҳои муассисаи ислоҳотӣ ҳуҷуми ҳалокатовар карданд. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҳамла 3 нафар корманд, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии хеш машғул буданд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд.

Дар ҷараёни ҳодиса “маҳбусон” (дар асл, ҷинояткорон) ба талаботи қонунии маъмурияти муассиса итоат накарда, бо истифода аз кордҳои худсохти оҳанини нӯгтез ва халанда, аъмоли ҷинояткоронаи худро давом доданд ва талош карданд, ки сарбозони ҳифозатии муассисаро ба қатл расониду фирор намоянд. Кормандони муассиса, ба истилоҳ муҳофизон тибқи қонун ва дастурамали хизматӣ амал намуда, дар муқобили ҷинояткорон аз силоҳи оташфишон истифода баранд.

Бо гузашти чанд соат садову симои шабакаҳои интернетиро аксу наворҳо пахш намуда, андешаҳои муноқизу  носаҳеҳ фазоро печонид. Гурӯҳе амали “маҳбусон”-ро террорист унвон намуда, гурӯҳи дигар ба пешбурди фаъолияти ин ё он сохтор, яъне сиёсати давлатӣ рабт медиҳанд. Мутолиаҳо дар ин мавзу нишон медиҳанд, ки ақидаҳои таҳлилӣ кам дида мешавад. Зеро гумону шодҳаҳо бештар гуфта шудаанд ва дар ин ҳодиса кам касон ба умқи воқеа назари таҳлилӣ кардаанд.

Дарки ду таъбири иттилои ниҳоди расмӣ басандааст, ки ин ҳам: “ба талаботи қонунии маъмурияти муассиса итоат накардани маҳбусон” ва “аъмоли ҷинояткорон”-аи онҳо мебошад. Дар асл ҳарду таъбир ҳоси ифротгароёну ошӯбчиён аст. Чунин тоифа аслан метавонанд тартиботро вайрон намояду амали ҷиноиро ташкил кунад.

Амали хунине, ки маҳбусон (аслан, гурӯҳи ҷинояткорон) дар Муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додааанд, ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ-ифротӣ,  ба мисли ДОИШ сахт вобаста аст. Аз ин ҳодиса ташкилотҳои террористӣ истифода бурда, ба он оҳанги сиёсию давлатӣ медиҳанд ва тавассути иттилооти носаҳеҳ тариқи шабакаҳои интернетӣ мехоҳанд ба мафкураи миллии мо нохун зананд ва фазои ороми кишварро ноором созанд.

Агар ба умқи масъала нигарем, чунин амалҳои ҷиноӣ дар дигар давлатҳо низ ба вуҷуъ меоянд ва онҳо дар асоси талаботи қонунгузории он давлат ҳаллу фасл мегарданд. Вақте ҳодисаи ҷиноии кишвари мо ба масъалаҳои сиёсию фаъолияти давлатӣ рабт дода мешавад (ин ҳам бошад тариқи сомонаҳои ғайрирасмӣ ва гурӯҳҳои террористӣ), як масъала хуб эҳсос мешавад – фазои Тоҷикистонро ташкилотҳои террористӣ ноором сохтан мехоҳанд ва бо ин роҳ ба мафкураи мардум тухми кинаву адоват мекошанд.

Акнун, бояд дар хотир дошт: миллати тоҷик, ки соҳибтаммаддун ва дорои таърихи бойи давлатдориву давлатсозист, дар муқобили ҳама гуна падидаҳои номатлуби замон аз рӯзҳои аввал қотеъона истодагарӣ намуд ва ҳаргиз нагузошт, ки нафаре муғризонаву огоҳона ба мафкураи миллии мо таъсири манфӣ расонад ва фазои моро ноором созад. Чунин афзалияти сиёсиро мо, қабл аз ҳама, ба воситаи илму дониш роҳандозӣ намудем. Таърихи афкору андешаи миллии мо борҳо исбот намудааст, ки илму дониш ҳамеша сипари боэътимод бар зидди ифротгароӣ буда, ҳамчун аслиҳаи маънавии муътамад муқобили хурофот, куҳнапарастӣ ва бофтаҳои баъзе ашхосу гурӯҳҳои бесаводу иртиҷоӣ баромад намудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ягон нафар мутафаккир ё донишманди тоҷик аз ифротгароиву омилҳои ангезандаи терроризми диниву сиёсӣ ҷонибдорӣ накарда, баръакс унсурҳои тавлиддиҳандаи онҳо – хурофоту нодонӣ ва ҷаҳолату заифии сиёсиро зери интиқоди шадид қарор додааст.

Њодисаи бавуқуъомадаи Муассисаи ислоҳии №3/2-ро амалӣ ҷиноӣ донем. Амале, ки аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ таҳияшуда. Табиист, ки маҳбус дар фикри амале аст, ки ё озодӣ меҳоҳад ё зарар ба чизею ба касе расонидан. Пас, талаботи маҳбасро иҷро накунад, ҷинояткор асту кор ба амалҳои зишт занад, террорист.

МИТ ДМТ

ANCIENT HISTORICAL HOLIDAY

0

The Founder of Peace and National Unity, Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan Emomali Rakhmon in his message to Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan marked: “The Tajik nation, having rich and ancient traditions, customs and culture, has made a worthy contribution to the development of world civilization. Our good traditions and national holidays, such as Navruz, Mehrgon, Sada, have played a huge role in the promotion of morality and a creative spiritual world over a long historical period”. It is a matter of pride that the Leader of the Nation declared them official national holidays, which are celebrated with a special, original celebration. But there were some periods when celebrating the holiday was banned/. It is connected with the ruling period of some kings. As an example after the XII-XIII centuries. under the influence of theologians, the celebration of the Sada was canceled by the Shahs and it turned into a national holiday and has reached our days in the form of festivities.

      Nowadays, the holiday is celebrated throughout Tajikistan, as well as in Iran, Afghanistan, India, Pakistan, Turkey, Uzbekistan and other countries. The Feast of Sada was well known starting from Aryans to the period of the Ghaznavids and Seljuks and in some regions before the Mongol conquest.  

       Sada is one of the ancient holidays of the Aryan peoples.  Thanks to the state independence of the Republic of Tajikistan   due to   the initiative of   the   Founder of Peace and National Unity, the Leader of the Nation honorable    President of Tajikistan Emomali Rahmon Sada Holiday has been revived and is widely celebrated throughout the republic every year at the end of January, It is officially celebrated on January 30 in Tajikistan.  This event became official.  The main and important thing of Sada holiday is the victory of light above darkness, warmth over cold and good over evil. In the courtyard and among the people it was celebrated along with the Nаwruz, Mehrgon.

The   stories say that the burning the fire is a symbol for coming spring, field works and changing the weather to warm and light. It is a good sign for   peasants to start preparation for field work and gardening.  On these days of the holiday, the farmers   prepare seeds, agricultural equipment. The holiday is celebrated by burning fires. During the celebration, people read excerpts from the Avesta, distributed food and drinks. The Persian thinker Abu Rayhan Biruni described the passage of this holiday: “The bonfire had to burn all night. In the morning of the next day, women came to the fire and took a few more burning branches to their home so that in the end every house was consecrated by holy fire”.  In the days of celebration of Sada, the people distributed food  to remember the memory of died.
      The word “Sada” means   “hundred”  consisting of   50 nights and 50 days before coming another holiday called Navruz.  Sada is the celebration of the leaving winter and coming spring.  It is one of the oldest seasonal celebrations of Aryan people. It is considered to be the most important Iranian and Tajik winter festival. This holiday is a memory of the period of the Aryans, which in historical and artistic sources is attributed to the historical hero Khushang.  From the legend comes that King Hushang, the 2nd king of the mythological Pishdadian dynasty, established the Sada tradition. The legend says one day Hushang was climbing a mountain when all of a sudden he saw a snake and wanted to hit it with a stone. When he threw the stone, it fell on another stone and since they were both flint stones, fire broke out and the snake escaped. This way he discovered how to light a fire. Hushang cheered up and praised God who revealed to him the secret of lighting a fire. Until then, the people did not know the method of  kindling fire. Khushang and his relatives rejoiced in the secret of kindling fire and considered it a divine blessing. Then he announced: “This is a light from God. So we must admire it”.

 The description of the Sada Holiday in the period of Samanid and Ghaznavid rule can be seen in historical and artistic works, especially in the Qasidas.  Abulkosim Firdavsi in his “Shahname” says about the foundation of the Sada as the following:  

That night he made a mighty blaze, he stood

Around it with his men and held the feast

Called Sada; that bright festival remaineth

(A.G.Warner, E.Warner. The “Shahnama” of Firdausi)

 The Republic of Tajikistan is the only country in which the Mehrgon and Sada holidays have certain days of celebration. It is a matter of pride that these celebrations have been included in the list of the Intangible Heritage of Humanity, once again introducing the world to the rich and colorful history of the Tajik nation.  

It worth   noting that during the 18th session of the Intergovernmental Committee for the Safeguarding of the Intangible Cultural Heritage of UNESCO, the joint nomination of the Republic of Tajikistan and the Islamic Republic of Iran “Sada Festival” was included in the Register of the Intangible Heritage of Humanity.

Key words: Sada, Mehrgon, Samanid, Ghaznavid, celebration, distribute,official.

                   Annotation

 The article is devoted to the ancient history of celebrating the Sada holiday. The author produces information about the festival and the way how the people celebrate this ancient holiday relying on historical events.  The article says about the efforts and attention of our government and the President of the country to a huge role of our rich and ancient traditions, customs and culture in the promotion of morality and a creative spiritual world over a long historical period.

  Latofat Nazarova

The sources used:

tajmedun.tj

https://tajmedun.tj › en › news › university › sada…

ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!!!

0

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАГИСТРАНТИ СОЛ» ДАР СОЛИ 2025

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот мерасонад, ки барои дарёфти ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2025 Озмун эълон менамояд.

Озмун бо мақсади ба ҳам овардани магистрантон, дарёфти ҷеҳраҳои нави лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор, роҳ надодан ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ ва омилҳои номатлуб, ки ба зеҳни магистрантон таъсири манфӣ доранд, ташаккули афкори солим, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносию меҳанпарастӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими зеҳни миллии ҷавонон, равона намудани онҳо ба илмомӯзӣ, бедор намудани завқи китобхонӣ ва илмдӯстӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, ахлоқӣ ва ҳозирҷавобӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими захираи луғавӣ, фаъолгардонии раванди забондонӣ, беҳтар намудани раванди таълим, такмили фаъолияти таълимии магистрантон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти илмӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.

Тибқи талаботи банди 1.5. Низомнома, Озмун барои дарёфти ҷоизаи «Магистранти сол» ҳамасола дар давраҳои зерин баргузор карда мешавад:

– даври якум – муассисавӣ, нимаи дуюми моҳи феврал – дар муассисае, ки довталаб дар он ҷо таҳсил мекунад;

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври якум барои иштирок дар даври дуюм ба Комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ (вазоратӣ) то якуми моҳи март муқаррар карда шудааст.

– даври дуюм – ҷумҳуриявӣ (вазоратӣ) моҳи март дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад;

Тибқи талаботи банди 1.4 Низомномаи Озмуни мазкур магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ метавонанд иштирок намоянд.

Бинобар ин довталабон метавонанд тибқи тартиботи муқарраргардида бевосита дар Озмуни мазкур иштирок намоянд.

Масъули баргузории Озмун дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати илм ва инноватсия мебошад.

Телефон барои тамос бо Кумитаи тадорукоти озмун 227-32-59

Барои дастрас намудани Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» ба пайванди зер ворид шавед 

https://t.me/vazoratimaorif/4481

ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН ДАР САМТИ ТАЪРИХ ВА НАЗАРИЯИ ЗАБОНШИНОСӢ

0

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30.05.2024 мулоқот намуда, масъалаҳои муҳимми соҳаи илму маорифро мавриди баррасӣ қарор дода буданд. Яке аз масъалаҳои баррасигашта мусоидат намудан ба зиёд шудани шумораи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ аз руйи ихтисосҳои бунёдию замонавӣ буд. Дар партави ин таъкидҳо, раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ тадбирҳои муҳиммеро роҳандозӣ намудааст. Баргузории семинару ҳамоишҳо бо ҷалби мутахассисони варзида баҳри такмил додани нақшаи чорабиниҳои дахлдор мусоидат менамоянд.

Ҳамин аст, ки имрӯз (16.01.2025) дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти омода намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисоси таърих ва назарияи забоншиносӣ бо ибтикори садорати факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ семинари ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ ва садорати факултетҳои журналистика, филологияи рус, забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ баргузор гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Гуфта шуд, ки Пешвои муаззами миллат зимни баромади хеш бо аҳли илму маорифи кишвар (30.05.2024) таъкид доштанд, ки “Мо, инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем”. Таваҷҷуҳи Роҳбари давлат баҳри омода намудани мутахассисони таърих ва назарияи забоншиносӣ ҷалб гардида, моро водор менамояд, ки дар ин самт тадбирҳои муҳиммеро роҳандозӣ намоем.

Дар зимн ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Маҳмадовуд, директори Институти забон ва адабиёти АМИТ Фарангис Шарифзода, докторони илмҳои филология, профессорон Шаҳбоз Кабиров, Давлатбек Хоҷаев, Бахтиёри Қутбиддин ва Дилмурод Ҳомидов, дотсентон, устоди ДМТ Сулаймон Анварӣ, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба таълим Абдусамадзода Эраҷ ва мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ Камолзода Хуршед суханронӣ намуданд.

Олимону муҳаққиқон дар самти омода намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисоси таърих ва назарияи забоншиносӣ, таҳияи рисолаҳои илмии хатму корҳои курсӣ, баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши паҳлуҳои мухталифи илми забоншиносӣ музокираҳо намуда, дар робита ба ин масъала пешниҳодҳои судманд крданд.

Таъкид шуд, ки таърих ва назарияи забоншиносӣ ду соҳаи муҳим дар омӯзиши забон мебошад. Ин ду самт ба ҳам алоқаманд буда, рушди илмҳои гуманитариро муайян менамояд. Агар таърихи забоншиносӣ ба пайдоиш, инкишоф ва тағйирёбии забонҳо дар тули замонро дар бар гирад, назарияи забоншиносӣ ба омӯзиши асосҳои назариявии сохтор, функсия ва истифодаи забон бахшида мешавад. Омода намудани мутахассисон дар ин самтҳо талаботи замони муосир буда, дар рушди илми забоншиносии тоҷик мусоидат хоҳад кард.

ҶОЙГОҲИ ЗАН – МОДАР ДАР ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

0

Дар заминаи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Президенти мамлкат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз нақши занон дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат назаррас буда, фаъолияти бонувон дар ҳама бахшҳо рӯз ба рӯз тақвият меёбанд. Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мавқеи зан ва баланд бардоштани нақшу мақоми бонувон дар ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ дода, барои ҷалби занон дар арсаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсат, идоракунии давлатӣ, илм, истеҳсолот, фарҳанг, тандурустӣ ва ғайра тадбирҳои муҳимму сарвақтӣ меандешанд. Дар Паёми имсолаи хеш (28 декабри соли2024) низ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самти сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳ намуда, чунин таъкид доштанд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”.

Қобили зикр аст, ки роҳбарияти Олии мамлакат, ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ин масъала ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.

Чигунае ки дар Паёми навбатӣ зикр гардид, «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».

Мо, занонро лозим аст, ки мутобиқи талабот ва меъёрҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар бораи занон фаъолияти гуногуни худро ба маротиб тақвият бахшида, ба рушди сиёсати давлатии занон дар ҷомеа ва беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти хеш саъю талоши аз ҳар вақта бештар ва поквиҷонона равона созем. Имрӯз фаъолияти занону бонувон дар соҳаҳои гуногун назаррас аст. Чуноне ки Пешвои миллат дар Паём зикр намуданд, бонувону занон дар ҳама соҳаҳои хаҷагии халқи мамлакат баробари мардон заҳмат мекашанд.

Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби онҳо ба соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ барои мо – занон чароғи раҳнамо буда, ҷиҳати расидан ба мақсади наҷиб, ки он ҳам баланд бароштани хонишу дониш, ташаббускорӣ, суботкорӣ, муносибатҳои хуби хизмати давлатӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисос аз ҷониби занон мебошад, мусоидат менамояд.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат раванди таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба низоми муайян даромада, Пешвои миллат дар Паём қайд намуданд, ки «Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд».

Яке аз омилҳои муҳим, ки имрӯз метавонад ба масоили пешрафти ҷомеа ва таъмини шароити мусоид фароҳам оварад, фаъолнокии сиёсии занон мебошад. Вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои миллат дар Паём ба маврид зикр кардаанд, ки “мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаионҳоро идома медиҳем”.

Метавон зикр намуд, ки дар замони имрӯз масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на ҳамчун шумораи зиёди аҳолӣ, балки ҳамчун кормандони бомуввафақ низ дар ҷомеа аз ҷониби Роҳбари давлат эътироф карда шудаанд. Онҳо нисбат ба мардон дар соҳаҳои муҳим ба монанди тиб, маориф, кори иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳубини фарзандон, соҳаи хизматрасонӣ ва ғайра бартарӣ доранд.

Ҳамаиин дар заминаи сиёсати одилона ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо – бонувон амалӣ мешавад. Дар навбати худ мо, занону бонувони кишвар, мекӯшем, ки баҳри тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ талош намуда, дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат саҳми худро гузорем.

Зебуниссо КОМИЛОВА, унвонҷӯи кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ

ҶОЙГОҲИ ШОИСТАИ ЗАН-МОДАР ВА ТАВАҶҶУҲ БА ОН ДАР ПАЁМ

0

Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, Сарвари давлат дар идомаи сиёсати хеш аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мавқеи занро дар ҷомеа баланд бардошта дар арсаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалби занон ба сиёсат, идоракунии давлатӣ, илм, истеҳсолот, фарҳанг, тандурустӣ ва ғайраро бори дигар таъкид карданд.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш таъкид доштанд, ки “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон тадбирҳои зарурӣ андешида, ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.

Тавре ки дар Паём зикр гардид, «ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».

Мо, занонро лозим аст, ки мутобиқи талабот ва меъёрҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар бораи занон фаъолияти гуногуни худро даҳчанд хуб намуда, ба рушди сиёсати давлатии занон дар ҷомеа ва беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти хеш саъю талоши худро аз ҳар вақти дигар дида, поквиҷдонона равона созем. Имрӯз фаъолияти занону бонувон дар соҳаҳои гуногун назаррас аст. Чуноне ки Пешвои миллат дар Паём зикр намуданд, бонувону занон дар ҳама соҳаҳои хаҷагии халқи мамлакат баробари мардон заҳмат мекашанд.

Ҳамин тавр, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби онҳо ба соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ барои мо, занон чароғи раҳнамо буда, ҷиҳати расидан ба мақсади наҷиб, ки он ҳам баланд бароштани хонишу дониш, ташаббускорӣ, суботкорӣ, муносибатҳои хуби хизмати давлатӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисос аз ҷониби занон мебошад, мусоидат менамояд.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат раванди таҳсили духтарону бонувон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба низоми муайян даромада, Пешвои миллат дар Паём қайд намуданд, ки «Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд».

Яке аз омилҳои муҳим, ки имрӯз метавонад ба масоили пешрафти ҷомеа ва таъмини шароити мусоид замина фароҳам оварад, фаъолнокии сиёсии занон мебошад. Вобаста ба масъалаи мазкур дар Паём ба маврид зикр гардид: “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.

Ниҳоятан метавон зикр намуд, ки дар замони имрӯз масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на ҳамчун шумораи зиёди аҳолӣ, балки ҳамчун кормандони бомуввафақ низ дар ҷомеа аз ҷониби Роҳбари давлат эътироф карда шудаанд. Онҳо нисбат ба мардон дар соҳаҳои муҳим ба монанди тиб, маориф, кори иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳубини фарзандон, соҳаи хизматрасонӣ ва ғайра бартарӣ доранд.

Ҳамаи ин дар заминаи сиёсати одилона ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо – бонувон амалӣ мешавад. Дар навбати худ мо, занону бонувони кишвар, мекӯшем, ки баҳри тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ талош намуда, дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саҳми арзанда гузорем.

Мавзуна САМАДОВА,дотсент, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

ҶОЙГОҲИ ШОИСТАИ ЗАН-МОДАР ВА ТАВАҶҶУҲ БА ОН ДАР ПАЁМ

0

Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, Сарвари давлат дар идомаи сиёсати хеш аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мавқеи занро дар ҷомеа баланд бардошта дар арсаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалби занон ба сиёсат, идоракунии давлатӣ, илм, истеҳсолот, фарҳанг, тандурустӣ ва ғайраро бори дигар таъкид карданд.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш таъкид доштанд, ки “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон тадбирҳои зарурӣ андешида, ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.

Тавре ки дар Паём зикр гардид, «ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».

Мо, занонро лозим аст, ки мутобиқи талабот ва меъёрҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар бораи занон фаъолияти гуногуни худро даҳчанд хуб намуда, ба рушди сиёсати давлатии занон дар ҷомеа ва беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти хеш саъю талоши худро аз ҳар вақти дигар дида, поквиҷдонона равона созем. Имрӯз фаъолияти занону бонувон дар соҳаҳои гуногун назаррас аст. Чуноне ки Пешвои миллат дар Паём зикр намуданд, бонувону занон дар ҳама соҳаҳои хаҷагии халқи мамлакат баробари мардон заҳмат мекашанд.

Ҳамин тавр, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби онҳо ба соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ барои мо, занон чароғи раҳнамо буда, ҷиҳати расидан ба мақсади наҷиб, ки он ҳам баланд бароштани хонишу дониш, ташаббускорӣ, суботкорӣ, муносибатҳои хуби хизмати давлатӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисос аз ҷониби занон мебошад, мусоидат менамояд.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат раванди таҳсили духтарону бонувон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба низоми муайян даромада, Пешвои миллат дар Паём қайд намуданд, ки «Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд».

Яке аз омилҳои муҳим, ки имрӯз метавонад ба масоили пешрафти ҷомеа ва таъмини шароити мусоид замина фароҳам оварад, фаъолнокии сиёсии занон мебошад. Вобаста ба масъалаи мазкур дар Паём ба маврид зикр гардид: “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.

Ниҳоятан метавон зикр намуд, ки дар замони имрӯз масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на ҳамчун шумораи зиёди аҳолӣ, балки ҳамчун кормандони бомуввафақ низ дар ҷомеа аз ҷониби Роҳбари давлат эътироф карда шудаанд. Онҳо нисбат ба мардон дар соҳаҳои муҳим ба монанди тиб, маориф, кори иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳубини фарзандон, соҳаи хизматрасонӣ ва ғайра бартарӣ доранд.

Ҳамаи ин дар заминаи сиёсати одилона ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо – бонувон амалӣ мешавад. Дар навбати худ мо, занону бонувони кишвар, мекӯшем, ки баҳри тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ талош намуда, дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саҳми арзанда гузорем.

Мавзуна САМАДОВА,дотсент, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

ҲАВАСМАНДӢ БАРОИ ПАЖУҲИШИ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ДАР СОЛИ 2025

0

Яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи илму маорифи кишвар дар замони муосир мусоидат намудан ба зиёд шудани шумораи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба ҳисоб меравад. Ин масъала зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30.05.2024 мавриди таъкид ва таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуд. Дар партави ин таъкидҳо, раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ тадбирҳо андешид, ки он бо мақсади сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ ва қадршиносии маҳсули заҳмати илмии муҳаққиқон мебошад.

Санаи 06.01.2025 зимни баргузории ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳ дар ин самт ду ташаббус роҳандозӣ гардид.

1. Омӯзгорону кормандони асосии Донишгоҳ, ки дар соли 2025 рисолаҳои номзадиву доктори фалсафа (доктор аз рӯйи ихтисос Ph.D), докторӣ ва доктор ҳабилитат ҳимоя менамоянд, мувофиқан 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ ва 30 000 (сӣ ҳазор) сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

2. Дар робита ба татбиқи дастуру супориҳшои Пешвои муаззами миллат раёсати Донишгоҳ тасмим гирифт, ки барои ҳимоя намудани омӯзгорону кормандони Донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои муҳим, аз қабили зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология, вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалии оммави, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия, пиряхшиноси ва инноватсия мувофиқан 25 000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ ва 35 000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ ҳавасманд гардонида шаванд.

Заҳмати муҳаққиқону олимон пайваста ҳавасманд ва қадрдонӣ мешавад!

ПАЁМИ МАОРИФПАРВАРОНА

0

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бо чанд вижагии хос аз паёмҳои солҳои қаблӣ фарқ мекунад.

Якум он, дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, ки ба аҳли толор ва бинандагони оинаи нигун шукуҳу шаҳомат бахшид. Тарҳ ва ороиши бино на танҳо аз бунёдкориҳои Ҳукумати кишвар шаҳодат медиҳад, балки масъулият ва ҳисси ватандӯстиву инсонпарварии аъзои Маҷлиси Олиро дар қабули қонунҳо бояд баланд бардорад;

Дуюм, дар Паём дастовардҳои назарраси се соли охири кишвар бо зикри факту рақамҳои оморӣ ва таҳлилу баррасиҳои сифатӣ сурат гирифта, дар марҳалаи нави тараққиёт қарор доштани Тоҷикистон ва мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доштани мардуми он муҳим арзёбӣ гардид;

Сеюм, Паём то андозае тобиши маърифатомӯзона касб намуд. Сарвари давлат ба баланд бардоштани фарҳанги касбиву инсонӣ махсус таваҷҷуҳ намуда, мардумро бори дигар ба адлу инсоф даъват намуданд, инсоф ҳам дар иҷрои вазифа ва ҳам дар рисолати инсонӣ;

Чаҳорум, Паём руҳияи баланди ҳикматангезӣ ва ба нанговарӣ дошт. Пешвои миллат дар таҳлилу арзёбии соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ таҷрибаи сиёсиву давлатдории худро ба ғановати хиради волои инсониашон тавъам намуда, мардумро ба ҳифзу риояи расму оин ва арзишҳои миллӣ талқин намуданд. Додару бародарӣ ва аппаву хоҳариро фаромӯш накунед гуфтани муҳтарам Пешвои муаззами миллат сухани одӣ ва эҳсосӣ нест, балки як олам маънӣ дорад. Решаи адлу инсоф, ҳурмату эҳтиром, дӯстиву рафоқат, одаму одамгарӣ аз ин ҷо маншаъ мегиирад. Агар нисбати фарзанди падари худ беэътиноӣ чи расад аз ту манфиат ба дигарон;

Панҷум, баррасии тамоми соҳаҳои ҳайти иҷтимоии кишвар, ки дар Паём садо дод, ба илму маориф сахт тавъам буд. Нақши созандаи илму маориф на танҳо дар бахши алоҳида, балки дар баррасии тамоми соҳаҳо ба назар расид. Рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, пешрафту ободии диёр ҳама ба маориф ва илм алоқаманданд. Зеро дар ҳар соҳа неруи пешбар мутахассис маҳсуб меёбад, ки тарбияву ба камол расонидани он бидуни мактабу маориф ҳеҷ аст. Агар илму маориф пешсаф бошад, фаъолияти соҳаҳои гуногун самаранок гардида, зиндагии мардум шоистатар мегардад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус намуда, барои пешрафти он тадбирҳои зиёд андешида мешавад. Ин тадбирҳо на танҳо дар таъмиру тармими мактабҳо, бунёди муассисаҳои нав, таъсиси донишкадаву донишгоҳҳо, балки дар чопи китобҳои дарсӣ, ба таври квота ҷалб намудани духтарон ба макотиби олӣ, ташкили озмунҳои эҷодиву ҳунарӣ, олимпиадаву мусобиқаҳо ва амсоли ин сурат мегирад.

Дар Паёми навбатӣ низ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа доштани Ҳукумати мамлакат таъкид гардид ва барои боз ҳам беҳтар ва ба талаботи замон мувофиқ кунонидани шароит ва имконоти мактабу маорифи кишвар тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шуд. Аз ҷумла, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон, дар панҷ соли оянда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд, барои сохтани як муассисаи томактабӣ дар маҳаллаҳои дорои 100 оила тадбирҳо ҷӯянд.

Ҳамчунин дар раванди татбиқ қарор доштани ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маорифи мамлакат аз таваҷҷуҳи махсуси Хукумати кишвар ба соҳаи маориф дарак медиҳад.

Пешвои миллат дар баррасии масъалаҳои муҳими замони муосир ба иртиботи ногусастании илму маориф ишора намуда, пешравии кулли соҳаҳоро ба донишу қобилияти мутахассисон нисбат доданд. Донишу кобилият аз куҷо пайдо мешавад. Албатта аз мактаб. Агар дар мактаб сатҳу сифати таълим хуб бошад, аз имкониятҳои илмиву методӣ ва теникиву технологӣ дуруст истифода шавад, табиист, ки дараҷаи азхудкунии ин ё он касб, пеша ва ихтисос босамартар мегардад. Аммо, аз баррасиҳои Пешвои миллат дар Паём эҳсос мешавад, ки ҳанӯз ҳам маорифи мо ба сатҳе нарасидааст, ки мутахассисони ба талаботи замон рақобатпазирро ба камол расонад. Ин аст ки Ҷаноби олӣ ба кормандони соҳаи маориф, хосса омӯзгорон бо таъкид муроҷиат намуда, қатъӣ иброз доштанд, ки “миллатро босавод кунед, бо коғази хушку холӣ ҷавононро фиреб надиҳед, касб омӯзонед, забонҳои хориҷиро ёд диҳед!”

Ин муроҷиати Пешвои миллат дард аст, дарде, ки Сарвари давлатро ба ташвиш овардааст ва пайваста баҳри табобати он меандешанд. Роҳи табобати он танҳо ба дастгириҳои Ҳукумат вобаста нест. Дар ин кор ҳамагон бояд масъул бошем. Тавре дар Паём зикр шуд, Ҳукумати кишвар ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд, барои рушди соҳа тамоми заминаҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ, иқтисодиву моддӣ фароҳам оварда шудааст, маоши омӯзгорон низ бад нест, ҳар сол баланд карда мешавад. Пас чаро ин масъала ҳанӯз дар ҳолати нигаронӣ қарор дорад? Барои он ки ҳалли он на танҳо ба соҳаи маориф, балки ба муҳит, оила ва умуман ҷомеа вобаста аст. Тарбия фарзанд ва соҳибмаълумот гардонидани ӯ танҳо вазифаи мактаб нест, балки оила ва ҷомеа низ дар ин кор саҳм мегиранд. Кори таълиму тарбияро танҳо ба дӯши яке аз ниҳодҳо гузоштану ниҳоди дигарро “беайб” ҳисобидан дуруст нест. Ҳамаи ниҳодҳои бояд ба истиқболи ҳамдигар бароянд ва бо таъсиргузории ҳамдигарӣ фаъолият кунанд. Зеро, тавре ишора шуд, дараҷаи фаъолияти онҳо аз ҳар ҷиҳат ба кори мактабу маориф вобаста аст.

Ҳамкории самараноки ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ бо ниҳоди маориф барои ба вуҷуд овардани муҳити созгор, дарки зарурати илму таҳсил ёрӣ мерасонад. Дар баробари ин муносибати ниҳодҳои иҷтимоӣ, бахусус аҳли маориф дар татбиқи сиёсати маорифпарварони Ҳукумати кишвар бояд дилсӯзонаву дурбинона сурат гирад, на тариқи меҳрубониву ғамхориҳои сохтаву қолабӣ. Аслан, вақти он расидааст, ки дар фаъолияти муассисаҳои таълимии сатҳи гуногун ба миқдор (ҳисобот) фирефта нашуда, ба сифат эътибор диҳем. Ҷаноби олӣ дуруст дарёфтаанд, ки аз рӯйи теъдод дар кишвари мо дорандагони дипломҳои сурх, унвонҳои илмии дараҷаи номзадиву докторӣ кам нестанд, аммо самараашон маълум нест. То он даме ки дар расидан ба ин “муваффақиятҳо” меъёри асосӣ донишу илм ҳисоб нашавад, на мутахассиси хуб ба камол мерасаду на олими ихтироъкор.

Авзои замон ва шароиту имконоти чаҳони муосир талаб менамояд, ки ҳар гуна мутахассис ва, ҳатто ҳар як шахс новобаста ба шуғлу вазифа ва манзалату мақомаш неруи рақобатпазир дошта бошад. Яъне, на танҳо забон, таърих, фарҳанг, меъёр ва арзишҳои худӣ, балки забон ва арзишҳои миллатҳои дигарро низ донад. Дар баробари ин имрӯз доманаи ҳамкорӣ ва рақобатҳои касбиву ҳунарӣ васеъ гардида, хусусияти фаромилиро касб намудаанд. Яке аз афзалиятҳои дар чунин ҳамкориву рақобатҳо аз худ дарак додан донистани забон аст. Бар иборае, дар ин самт калиди донистанҳо забон буда метавонад. Ин аст, ки Пешвои миллат дар аксарияти паёмҳои худ, зарурати аз худ кардани забонҳои хориҷиро таъкид намуда, ниҳодҳои марбутаро супориш медиҳанд. Дар Паёми имсола низ ин масъала ба миён гузоша шуда, аз ҷумла зикр гардид, ки “Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад ”.

Дар маҷмуъ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба МаҷлисиОлӣ ва мардуми кишвар руҳияи баланди маорифпарварона дорад. Дар он на танҳо самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз назари сиёсиву муносибати давлатдорӣ таҳлилу баррасӣ гардид, балки ҳосили меҳнат ва самараи кори инсонҳои масъулиятшинос, бунёдкору созанда, ватандӯсту худогоҳ ва худшинос, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар саҳм гирифтаанд, бо таҳаммули хос ва хиради волои инсонӣ иброз гардид. Ибрози саршор аз меҳри ватандӯстона ва руҳияи баланди маорифпарварона.

Муродӣ Мурод,

профессори ДМТ

Хабарҳои пешниҳодшуда