БИҲИШТ ҶОЕ, КИ ОЗОРАШ НАБОШАД…

0
212

Ҳар як инсон зодаву парвардаи як Модар-Ватан аст, ки бо меҳру муҳаббат, навозишу ғамхориҳои он ташаккул ёфтааст. Аз ҷумла, мо низ дар як кишвари ободу зебо, озоду дилоро, сарзамине, ки торафт дилкашу диданӣ шуда истодааст, умр ба сар мебарем. Ҳамаи ин созандагиҳо бо мафҳумҳои сулҳ, ваҳдат, ягонагӣ, истиқлолият ва дигар арзишҳои миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Дар шароити кунунӣ, ки вазъи ҷаҳон ноором асту терроризм ва экстремизм барин зуҳуроти номатлуб фазои ҷаҳонро фаро гирифтааст, сулҳу суботи комили мамлакатро эҳтиёту эҳтиром кардан ниҳоят зарур аст. Маҳз ҷиҳати осудагии ҳаёти мардум ва оромии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон ва махсусан, сарвари кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди тамоми соҳаҳои халқ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ин нукта ҳамасола дар Паёми роҳбари кишвар ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад.

Мувофиқи Кодекси ҷиноятӣ, хиёнат ба Ватан, ба халқи худ гуноҳи вазнин ва нобахшиданист. Давлат низ ба ин гуна шахсони хиёнаткору ҷиноятпеша чораҳои қатъӣ меандешад.

Дар урфият мегӯянд: “Чоҳканро чоҳ дар пеш аст”. Таърих борҳо гувоҳи он шудааст, ки амалҳои ҷинояткоронаи хоинони ватан беҷавоб намондааст. Онҳое, ки оромии кишвари моро вайрон карда, осудагии мардумро рабуданӣ шуданд, бо як марги бешарафона ба мисли сагон ҷон доданд, зеро онҳо вазъи кишварро ноором карда, боиси марги одамони бегуноҳ, халалдор шудани оромию осоиштагии мардуми Тоҷикистон гардиданд.

Манъ намудани фаъолият ва террористӣ эълон гардидани ҳизбҳое, ки манфиатҳои шахсии худро аз ободиву оромии кишвар боло медонистанд, мардуми дар ҷаҳолатмондаро аз пайи худ мебурданд, амри саривақтӣ буд. Дар моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун намудани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамояд, манъ аст”.

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон бо нияти ғасби давлат ба ягон кишваре ҳуҷум накардаанд, хуни мардуми ғайрро нарезондаанд. Онҳо танҳо муқобили зулму истибдод, баҳри озодиву истиқлоли худ мубориза бурдаанд. Мо – тоҷикон, қаҳрамониҳои фарзандони муборизу диловари худ – Шерак, Спитамен, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Восеъ, 54 нафар Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Имрӯзҳо ин мардуми шарафманд зери роҳбарии Президенти мардумӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиву дастовардҳои беназир ноил гардид. Таҳти роҳбарии сарвари кишвар дар давоми зиёда аз чоряк аср мамлакати мо аз давлати камбизоат ба осудаҳол табдил ёфт, ки онро душманони хориҷиамон дида натавонистанд. Ҷалб гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, тарконидани ҷойҳои обод, қатли ом, хоса вайронкориҳои ин табааи ҷоҳилу бехирад исботи гуфтаҳои болост. Инро ба назар гирифта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишҳояшонро ба он равона намуданд, ки ба ҳар васила ин ҷавононро аз ин роҳ баргардонанд, як қисми онҳоро аз Сурия ба ватан баргардониданд, ба онҳо имкон доданд, то дар зодгоҳи худ озодона зиндагиву кор кунанд. Барои пешгирии зуҳуроти номатлуб ва ҷалби ҷавонон ба онҳо сарвари кишвар имконият фароҳам оварданд, то иқтисодиёти кишвар рушд кунад ва ҳадди имкон мардум бо кор таъмин шавад. Ифтитоҳи корхонаҳои муштарак, рушди соҳибкорӣ дар кишвар, таҳияи барномаҳои рушди иқтисоди миллӣ ва амсоли инҳо амалҳои хайре мебошанд, ки ба афзудани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар самти сиёсати беруна бо кишварҳои ҷаҳон, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва некуаҳволии мардум нигаронида шудаанд. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Точикистонро дар тамоми олам ҳамчун кишвари биҳиштосо ва мардумашро сулҳдӯсту сулҳпарвар ва озодидӯст муаррифӣ намуд. Пас, мардуми шарифи Тоҷикистонро мебояд ин мавқеи худро устувор нигаҳ дорад, баҳри таҳкими сулҳ, дӯстӣ, ягонагӣ, ваҳдат, истиқлол саъй намояд, то терроризму экстремизм барин зуҳуроти номатлуб реша надавонида решакан шавад.

Мирзоева Моҳира Мадиброҳимовна,

 д.и.ф. профессори кафедраи улубшиносӣ ва таҳрири адабӣ