МАТБУОТ ВА ИНТЕРНЕТ

0
227

Дар ҳоли ҳозир инсоният ба техникаву технология ниёз дошта, ҳар лаҳза мехоҳад ба кашфиётҳои ғайричашмдоште рӯ ба рӯ гардад, вале воқиф шудани ин ҳама навгониҳо танҳо ба воситаи иттиллоот сурат мегирад, ки ин имкониятро ба мо телефонҳои мобилӣ, компютерҳо, планшетҳо ва дигар дастгоҳҳои наву замонавӣ фароҳам овардааст. Агарчи ба солҳои қабл назар афканем барои дастрас намудани як иттилооти ҷадид ба рӯзномаву маҷаллаҳо такя мекардем ва ҳоло низ ба он ниёз дорем. Имрӯз ҳар як фарди ҷомеа метавонад дилхоҳ хабарҳои навинро тавассути рӯзномаҳо, радиоҳо, телевизионҳо ва дигар сомонаҳои иҷтимоӣ пайдо намояд, аммо дар айни ҳол сомонаҳои иҷтимоӣ ҷой ва мавқеъи нашрияҳои давриро танг кардаанд. Яъне хонандаи имрӯз бештар ба ҳамон сомонаҳои иттилоотие такя мекунанд, ки дар он ҳар соату ҳар дақиқа хабарҳои ҷадид нашр мегарданд ва имконияти озодона дастрас намудани онро доранд.

Ба ақидаи баъзе аз ҷавонон дастрас намудани иттилооти  навин тавасути сомонаҳои иҷтимоӣ хеле осонтар аст. Сарфи назар аз он ки ҷой ва мавқеъи нашрияҳои давриро сомонаҳои иҷтимоӣ танг кардаанд, вале то кунун хонандаи худро аз даст надодаанд. Имрӯз бештаре аз хонандагон, донишҷуён, омӯзгорон ва дигар табақаи аҳолӣ, кӯшиш мекунанд, то маҳсули эҷодкардаи худро ба монанди мақола, очерк, мусоҳиба ва чанди дигар ба табъ расонанду ба ин васила хонандаро аз навгониҳои эҷодкардаи худ ошно гардоранд.

Бекназарзода Меҳриддин,

донишҷӯи курси сеюм