ПРОФЕССОР АЗИМОВ ТАЪМИНКУНАНДАИ КИТОБ БА ФАКУЛТЕТ

0
261

Китоб як рукни тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии инсон аст. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Шахсе, ки ба китоб дил мебандад, ҳаргиз намехоҳад аз китоб дур бошад,  хастагиро аз худ мебарорад натанҳо дониш,  балки вақти худро бо хушнудӣ мегузаронад”.

Дониш наҷотбахши роҳи инсон аст, касро дар роҳи рост, поквиҷдонию хирадмандӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия мекунад. Ин ганҷинаи донишро ба ҳар қимате бихарем арзон аст. Китоб шахсро ғизои маънавӣ мебахшад, китоби хуб дӯсти беҳтарини инсон аст.

Аз гузашта то ба имрӯз китоб барои инсон як маъхази бебаҳои ақлу хирад аст. Ҳар як халқу миллат маҳз,тавассути китоб тамоми мероси гаронбаҳои худро дар тӯли асрҳо омӯхтааст. Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон мансуб аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо кардаанд, ки дар рӯйи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти хайвонот нақш офаранду нависанд. Бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои қоғаз низоми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Дар Аврупо низ китобчопкунӣ аз варақҳои яклухт, баъд ба пӯст ва ниҳоят ба қоғаз гузашт. Ҳамчунин халқи тоҷик низ аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хоса дорад.

Бори сеюм аст, ки бо ташаббуси профессори кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика Азимов Аъзамҷон ба “Ганҷина”-и ба номи Воҳид Асрорӣ ва “Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика” ба номи Асадулло Саъдуллоев китобҳои зиёд оварда мешаванд. Ин иқдоми профессор Азимов А. дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, ки ҳамасола ба мардум ироа мегардад, басо созгор аст.

Китобҳои ба факултет овардаи муаллим Азимов барои донишҷӯёну омӯзгорони соҳа буда, манбаи иттилооту маълумоти тозаи илмиву назариявӣ мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти зеҳн, истеъдод ва рушди такомули тахаюлоти наврасону хонандагон ва омӯзгорон бедор кардани илмомӯзи ва маърифати  худогоҳию худшиносӣ,  фарҳангпарварӣ, тарбияи насли ояндасози миллати тамадунофари тоҷик асолати миллии худро арҷгузорӣ мекунанд.

Дар ин радиф хизматҳои муаллим Азимов низ назаррасанд ва барои илмомӯзии донишҷӯён саҳми арзандаи хешро мегузоранд.