РУШДИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

0
77

Дар Тоҷикистони мустақил низ аён гардида, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио чун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа ва воситаи муҳимми ошкоркунандаи мушкилоти ҷомеа саҳми назаррас гузоштааст.

Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз нахустин рӯзномаи мустақили миллии он – “Бухорои шариф” оғоз мешавад ва он чун пойдевори мустаҳкаме барои ба вуҷуд омадани дигар нашрияҳои миллии тоҷикӣ асос гузошт.

Истиқлолияти Тоҷикистон ба фаъолияти ВАО иртиботи ногусастанӣ дорад. Воқеан, Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба ВАО таваҷҷуҳи хосса дошта, дар ин соҳа корҳои зиёдеро ба сомон расондаанд. Асоси рушди ВАО-ро озодии баён ташкил менамояд ва ин нукта дар моддаи 30-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад… Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст”.

Сарфи назар аз пешрафтҳои техникӣ, дар замони шӯравӣ радио 80 фоиз ва телевизион камтар аз 70 фоизи ҳудуди кишварамонро фаро мегирифт. Мувофиқи маълумотҳо имрӯз пахши радиову телевизиони Тоҷикистон дар фазои тақрибан 99% ҳудуди ҷумҳурӣ роҳандозӣ гаштааст.

Пайваст шудани телевизионҳои давлатӣ ба системаи моҳвораӣ ва гузаштан ба пахши рақамӣ аз дастовардҳои қобили андеша дар ин самт буда, дар муаррифии зиндагии шоистаи мардуми мо ба оламиён ва беҳтар шудани сифати барномаву намоишҳо нақши муҳим мебозад.

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо қонуну санад ба тасвиб расидаанд, ки фаъолияти озодонаи ВАО-ро дар мамлакат таъмин менамоянд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, “Дар бораи табъу нашр”, “Дар бораи иттилоотонӣ”, “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, “Дар бораи ҳифзи иттилоот”, “Дар бораи реклама” ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд.

Бо ибтикорот ва сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ ВАО-и тоҷик ҳамаҷиҳата рушд кард. Агар дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 139 адад рӯзномаву маҷалла вуҷуд дошта бошад, имрӯз бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ беш аз 500 расона ба қайд гирифта шудаанд, ки 75 фоизи онҳоро расонаҳои мустақил ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин, 11 агентии иттилоотӣ, аз ҷумла, 1 агентии иттилоотии давлатӣ ва 10-то ғайридавлатӣ, 99 шабакаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маводди аудиовизуалӣ, аз он 13-то телевизиони давлатӣ ва 33-то ғайридавлатӣ, 32 радио, аз он 10 давлатӣ ва 22-то ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Бештари расонаҳои иттилоотӣ ғайридавлатиянд, ки ин яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз мавҷуд будани озодии баён дарак медиҳад.

Бо шарофати Истиқлолиятидавлатӣ ва дастгириву мусоидати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози асри 21 бо фароҳам омадани шароити сулҳу субот таъсиси шабакаҳои нави радиоиву телевизионии ҳам давлативу ҳам ғайриҳукуматӣ дар кишвар ба ҳукми анъана даромада, соле нест, ки 2-3 шабакаи нав ба фаъолият оғоз накунанд. Аз ин лиҳоз дар ин давра воситаҳои ахбори оммаи мамлакат ба таври бесобиқа рушд ва инфрасохтори соҳаи радиову телевизион ба шароити муосиру талаботи замон мувофиқ карда шуд. Муҳтавои барномаву намоишҳо, маҳорат ва касбияти кормандон тағйиру такмил ёфт. Имрӯз 9 шабакаи ҷумҳуриявии телевизионӣ – “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Синамо”, “Варзиш”, “Шаҳнавоз”, “Илм ва табиат” ва “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ телевизионҳои вилоятӣ бо мазмуну муҳтавои гуногун бо назардошти манфиат ва завқи тамошобинон фаъолият доранд.

Дар баробари ин, чандин телевизионҳои минтақавию ноҳиявӣ ва шаҳрии ғайриҳукуматӣ таъсис ёфта фаъолият доранд.

Телевизионҳои мамлакат имрӯз дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо мазмуну муҳтавои гуногун, вобаста ба шавқи тамошобинон фаъолияти пурсамар доранд. Дар шабакаҳои мазкур барномаҳои рангин ба намоиш гузошта мешаванд, ки фазои иттилоотиро пурра менамоянд. Аз тамошои барномаҳои телевизион ба хулосае омадан мумкин аст, ки сол аз сол барномаҳо моҳиятан ва сифатан тағйир ёфта, рӯзноманигорони касбӣ ба кор қабул карда мешаванд ва онҳо метавонанд дар бархӯрдҳои иттилоотӣ ҳадафҳо ва арзишҳои миллии моро ҳифз намоянд.

Дар самти радиошунавонӣ пешравиҳои ҷумҳурии мо бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба сатҳи сифатан нав расид. Имрӯз Радиои “Тоҷикистон” 4 шабакаи радиоии ҷумҳуриявиро муттаҳид мекунад. Расонаҳои мазкур барои пурра кардани фазои иттилоотии мамлакат хидмат намуда, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, зебоипарастӣ ва фарҳангдӯстӣ тарбия кардани насли наврас ҳиссаи босазо мегузоранд.

Ҳамчунин, дар замони Истиқлолиятидавлатӣ Академияи воситаҳои ахбори омма ба фаъолият оғоз намуд, ки идомаи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад. Академияи мазкур баҳри баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии кормандони воситаҳои ахбори омма ва тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ саҳми назаррас дорад.

Баъди хомӯш гардидани оташи ҷанги шаҳрвандӣ матбуот тавонист дубора ба по хезад, вазъи молиаш ба ҳадде беҳ шавад ва хонандаашро ҷалб намояд. Дар ин миён дар баробари матбуоти давлатӣ матбуоти мустақил низ ба вуҷуд омад.

Дар маҷмуъ, Истиқлолиятидавлатӣ дар рушди матбуоти даврӣ заминаҳои устувори сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқиву иҷтимоиро фароҳам овард, фазои иттилоотии мамлакатро аз якрангӣ раҳонид. Шароити хуби омӯзиши фаъолияти рӯзноманигорӣ бо техника ва технологияи муосирро таъмин намуд.

Абдурозиқ АБУНАСРЗОДА,докторанти Ph.D-и кафедраи матбуотифакултети журналистикаи ДМТ