АЗ ТАЪРИХИ ИНЪИКОСИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚИ ОБӢ ДАР ПУБЛИТСИСТИКАИ ТОҶИК (ДАР МИСОЛИ НБО- И НОРАК)

0
306

Таърих исбот намуд, ки миллати мо дар роҳҳои пурпечутобу тӯлонии ҳаёт бузургтарин монеаҳоро паси сар намуда, тавассути ақли солиму қавииродагии хеш марҳилаҳои гуногуни онро сарбаландона гузаштааст. Оре, халқи моро маҳз нангу номуси миллӣ дар роҳи пурмонеаи рӯзгор ҳамрадиф будааст ва имрӯз метавон садҳо далели таърихӣ овард, ки боиси ифтихори тоҷикони рӯи оламанд.

         Барои мисол яке аз захираҳои азими кишварро меорем. Тоҷикистон дорои захираҳои азими гидроэнергетикист ва пешравии мамлакати мо аз он вобастагии зиёд дорад. Махсусан, ба иқтисодиёту тараққиёти давлат басо зарур аст. Дар натиҷаи бунёди ГЭС-ҳо дар давлатамон метавон заводҳо сохта, роҳҳои оҳан бунёд намуда, заминҳо бо об таъмин  карда шаванд ва ғайраҳо.

         Хушбахтона то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ГЭС-ҳо ба истифода дода шудаанд. Масалан, ГЭС-и Варзоб (1937), ГЭС-и Хоруғ, ГЭС- и Қайроқум, ГЭС-и Бойғозӣ, Сангтӯда 1, Сангтӯда 2, ГЭС-и Норак, ва ниҳоят ГЭС-и Роғун, ки алҳол ду агрегати он қувваи барқ истеҳсол карда истодаанд. Ҳар яке аз ин ГЭС-ҳо таърихи бунёди худро доранд, аз ҷумла ГЭС-и Норак дар ҳаёти халқи тоҷик мавқеи махсус дорад ва барои босуръат тараққӣ намудани иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар саҳми муносиб гирифтааст. Дар мақолаи “Аз ГЭС- и Варзоб то Нораку Роғун” муаллиф менависад: “То инқилоби Октябри Кабир дар Осиёи Миёна якчанд электростансияҳо соле 20-30 ҳазор киловатт-соат энергия ҳосил менамуданд. Айни ҳол ин миқдор қувваи электро 8-10 оила истифода мебаранд”.

         Соли 1966 дар натиҷаи таркиши пурзуре Вахш роҳи худро дигар кард. Ҳамин тариқ, имконият пайдо шуд, ки сохтмони дар ҷаҳон беназир ва аз ҳама баландтарин сарбанд, ки баландиаш 300 метр мебошад, оғоз ёфт ва бунёди чунин ГЭС кори осон набуд. Бунёди ин ГЭС-ро метавон ба бунёди ГЭС-и Роғун муқоиса намуд, ки ин ду иншооти бузург дар таърихи миллати тоҷик ба ҳисоб мераванд. Маҳз дар бунёд, паҳн кардан, дилгарм кардан ва машҳур намудани коргарон нақши ВАО, адибон, шоирон ва умуман аҳли зиё назаррас аст. Онҳо бояд хонандаро аз душвориҳо, қаҳрамониҳо, ва ғалабаҳои сохтмончиён огоҳ ва таъкид намоянд, ки ҳеҷ сохтмони азим, чун нерӯгоҳҳо бедушворӣ ва машақат ба даст намеояд.

         Имрӯзҳо қариб дар тамоми ВАО дар бораи бунёди Роғун ва нақши он дар тараққиёти мамлакат мегӯянд ва ин тарғибу санохониҳо дар бунёди ГЭС-и Норак низ аз ҷониби ВАО ба назар мерасад. Агар имрӯз техника, ки бо суръати баланд тараққӣ карда истодааст,  кори сохтмончиёнро осон намуда бошад, дар вақти сохтмони ГЭС-и Норак як қисм корҳо тариқи дастӣ ба анҷом мерасид, ки ин сазовори аҳсану офарин мебошанд. Ҳама ин қаҳрамониҳои бинокорон аз ҷониби рӯзноманигорон қайд гардида, онҳо баробари сохтмончиён дар бунёди ГЭС-и Норак ширкат варзиданд  ва мавзуи ин нерӯгоҳ дар матбуоти даврии ҳамонвақта аз мавзуъҳои марказӣ ба ҳисоб мерафт, ки мақолаҳои  Шукуров Б. “Л.И.Брежнев дар Норак”, Лисенко А. “Фикру андешаи Алексей Лисенко”, Вафо М. “Фидоии эстафетаи коргарӣ”, Петрова Е. “Бинокорони хурдсоли Норак”, Мардон Р. “Хотираи ба солномаи таърихи аср”, Набиев М. “Дар сохтмони азим” ва ғайраҳо гувоҳи ҳоланд. Аз ин бармеаяд, ки матбуоти даврӣ дар мавзуи сохтмони нерӯгоҳи Норак маводи фаровон ба табъ расонидаанд. Ҳатто мухбирон якчанд вақт баъд  аз ба истифода додани сохтмони Норак сафар карда, репортажу мусоҳиба, мақолаву очеркҳо ба табъ расонданд.

         Дар бораи таърихи нерӯгоҳи  Норак маҷаллаи “Агигатори тоҷик” Тошматов Ҷ. маводе бо номи “Солномаи Норак” таҳия кардааст, ки он  хонандаро аз давраи таҳияи лоиҳаи ГЭС то охир огоҳ мекунад. Муаллиф  қайд мекунад, ки: “Дар аввал лоиҳаи ГЭС-и Норак ба назари бисёр касон татбиқнашаванда менамуд, ки ин сабаб дошт. Аз ин пеш дар ҷаҳон ягон сарбанде насохта буданд, ки баландиаш 300 метр бошад. Ин баробари баландии бурҷи Эйфел мебошад. Ғайр аз ин сарбанд мебоист дар иҳотаи кӯҳҳои касногузаре сохта мешуд, ки аз байни онҳо гузаронидани ҳатто роҳи автомобилгард кори осон набуд” ().

 Чунин шакку шубҳаҳо дар миёни мардуми имрӯзаи мо барои бунёди Роғун низ ҷой дошт. Дар китобҳои публитсистон, адибон, ки васфи Роғунро кардаанд гуфта шудааст, ки НБО-и Роғунро бунёд карда наметавонанд. Лек бо дастаҷамъии мардум имрӯз якчанд агрегати он ба кор даромад. Вақте ки бунёди ин ду иншооти бузургро таҳлил мекунем, бо як далели ҷолиб дучор меоем. Дар сохтмони нерӯгоҳи Норак дар баробари тоҷикон, аз ҷумла дигар ҷумҳуриҳои Иттифоқи Шуравӣ ширкат варзиданд ва ин якумин таҷриба буд. Дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун бошад, мутахассисон таҷриба доштанд, аммо дар аввал маблағ намерасид, яъне ин нерӯгоҳи азим бе ёрдами давлатҳои дигар бо қувваи худ сохта истодаем. Танҳо такя ба давлати худ ва халқи худ дорем, ки дар воқеъ алакай нишон додем, ки ҷомеаи тоҷикон аз уҳдаи ин кори душвор мебарояд. Аз ин маълум мешавад, ки дар ҳар кори душвор ҳимати баланд бошад, онро иҷро кардан имкон дорад. Ҷ. Тошматов фикрашро оид ба солномаи Норак давом дода менависад: “Соли 1930. Аввалин экспедисияи тадқиқотӣ бо роҳбарии сардори гурӯҳи тадқиқотӣ рафиқ Каминский ба Норак омада буд. Вай ҷои сохтмони гидроузели ояндаи Норакро муайян карда буд.

Соли 1957. Экспедисияи сеюми тадқиқотии комплексӣ дар наздикии Норак ба кор шурӯъ намуд.

Соли 1960. Гурӯҳи хурди бинокорон иборат аз 20 кас – даҳ нафар русҳо, нуҳ нафар тоҷикон ва як нафар украин – ба ҷои сохтмони шаҳри оянда нишонаҳо гузоштанд” ().

         Аз ин солнома маълум мешавад, ки дар муддати солҳои 1960-1966 симои Норак чун шаҳр тағйир меёбад, хонаҳои бисёрошёна ва мактабу боғчаҳои бачагона сохта мешавад ва дар айни ҳол сохтмони нерӯгоҳ торафт вусъат меёбад ва маҷрои дарёи Вахш баста мешавад:

“Соли 1966. 10 март меҳнати панҷсола анҷом ёфт. Аввалин тоннели  дарозиаш 1628 метр барои истифода тайёр шуд.

26 март пеши маҷрои дарёи Вахш баста шуд. Об ба воситаи тоннел ҷорӣ шуд. Ба таҳкурсии сарбанди 300 метра дар натиҷаи таркиш 250 ҳазор метри мукааб сангу хок рехта шуд”.

         Махсусан ба Тоҷикистон ташриф овардани раҳбарони Иттифоқи Шуравӣ (моҳи сентябри соли 1970) ва сохтмони Норак аз наздик шинос шуданд онҳо боиси авҷи бесобиқаи сохтмони нерӯгоҳи Норак мегарданд. Котиби генералии КМ КПСС (моҳи майи соли 1970) Л. И. Брежнев ба Норак омад.

         Ба қавли муаллифи солнома: “19 октябри соли 1970 дар маҷлиси партиявии учаскаи трести “Спесгидроэлектромантаж” қарор қабул карда шуд, ки аз корхонаҳои тайёркунандаи масолеҳи бинокории Орҷоникидзобод ва Душанбе хоҳиш карда шавад, ки фиристодани масолеҳи бинокориро тезонанд. Ба ин қарор бригадаҳои М. Шарипов, В. Поздняков, А. Зуев аз управленияи бинокории “НоракГЭСстрой” ҳамроҳ шуданд. Ҳамин тавр “Эстафетаи коргарӣ” сар шуд” ().

         Бо ташаббуси “Эстафетаи коргарӣ” сохтмони нерӯгоҳи Норак бо марҳалаи нав ва ҳалкунанда дохил шула, таваҷҷуҳи корхонаҳои марбутаи Иттифоқи Шуравиро ба худ ҷалб намуд ва моҳи декабри соли 1971 трубинаи якум аз заводи трубинасозии Харков ба нерӯгоҳи Норак ба кор дароварда мешавад.

         Ҳамин тариқ, бо қувваи азими дӯстиву ҳамкории Халқҳои Иттифоқи Шуравӣ дар зарфи солҳои 1972-1979 нуҳ агрегати нерӯгоҳи азими Норак пурра ба кор даромад.

         Дар солнома муаллиф ба қадршиносии сохтмончиён ва мутасаддиён аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва умумииттифоқ низ таваҷҷуҳ крдааст. Маълум мешавад, ки дар ҷараёни сохтмон чанд маротиба корномаи баҳодурони меҳнат қадрдонӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дар солнома омадааст: “Барои иштироки фаъолона дар сохтмон ва пеш аз муҳлат ба кор андохтани аввалин се агрегати ГЭС-и Норак, инкишофи шакли нави мусобиқаи сосиалистӣ “Эстафетаи коргарӣ” 12 заводу камбинат, иттиҳодяҳои истеҳсолӣ, 23 нафар пешқадамони истеҳсолот ва Грамотаҳои фахрии Президиуми СОВЕТИ Олии РСС Тоҷикистон мукофонида шуданд. Ба се нафар норакиҳо номи фахрии “Бинокорони хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон” ба ду нафарашон номи фахрии “Энергетики хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон” дода шуд” ().

         Чуноне ки дар пештар қайд шуд, аксарияти рӯзноманигорон аз кормандони ГЭС-и Норак мусоҳиба мегирифтанд ва ҳама мушкилоту бартариятҳои сохтмонро аз забони худи онҳо меоварданд. Масалан, мухбири рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”  ба муносибати ба кор даромадани охирин агрегати  ГЭС-и Норак бо сардори управленияи сохтмони “Норакгесстрой” Ю.К.Севенард ҳамсуҳбат мешавад: “Юрий Константинович, сохтмони ГЭС- и Норак ба охир расид. Шумо солҳои зиёде сарвари коллективи бисёрҳазорнафараи бинокорон будед. Хоҳишмандем мухтасар аз ҳаёти ин сохтмон ва бинокорони он нақл кунед”.

         “Сохтмони ГЭС-и Норак, иброз медорад Ю. К.Севенард, –  сазовори достонҳои қаҳрамонист… Дар рафти сохтмон коллективи аҳлу тифоқ тавлид шуд ва мустаҳкам гардид… Ҳазорҳо нафар пешқадамон – бетончиён, экскаваторчиён, мантажчиён, механизаторон, туннелсозон ва коргарони дигар ихтисосҳоро ном бурдан мумкин аст, ки корнамоии ҳақиқии меҳнатӣ нишон доданд”.

 Як ҷавоби мусоҳиб дар худ як дунё маъноро меғунҷонад, маҳз дастаҷамъӣ, тифоқӣ, аз як гиребон сарбаровардани тоҷикон бо халқҳои дигари Иттифоқи Шуравӣ буд, ки сохтмончини ГЭС-и Норак ба мақсади ниҳоии худ расиданд. Мухбир саволи навбатиро чунин мегузорад: “Дар сохтмони ГЭС-и Норак кадом усулҳои пешқадам истифода бурда шуд”. Мусоҳиб якчанд усулҳои кориро дар ин сохтмони азим мисол меорад, ки якеаш ин аст: “Мувафиқи лоиҳа иншооти обқабулкунӣ мебоист дар зери замин сохта мешуд. Ба ҳама маълум, ки дар зери замин кор кардан назар ба ҳавои кушод хеле душвор ва вазнин аст. Ба худ як тасаввур кунед, ки ин гуна иншооти азиму мараккабро зери замин бунёд кардан  вақту маблағ, техникаю қувваи кориро талаб мекунад. Аз ин рӯ иншоот хеле қиммат меафтид ва сохтмонаш солҳои бисёр кашол меёфт. Мо қарор додем, ки иншооти обқабулкуниро дар берун созем. Ва хато накардем. Ана имрӯз ҳаёт дурустии фикру амали моро исбот кард”.

         Ҳамагӣ мусоҳибаи мазкур  4-5 саволро дар бар мегирад, лекин саволгузориҳо рафти сохтмонро пурра дар бар мегиранд ва журналист муваффақ низ шудааст. Чунки дар мусоҳиба саволҳои мушахас ва ба маврид дода мешавад. Ба ин маънӣ профессор М. Муродӣ чунин андеша дорад: “Дар мусоҳиба саволсозӣ ва саволгузорӣ нақши муҳим мебозад. Барои он ки саволҳои журналист барҷой, мақсаднок ва ҷолиб бароянд, ӯро тайёрии пешакӣ мебояд. Тайёрии мусоҳибаороиро  интихоби мавзуъ, муайян намудани мусоҳиб ва омода намудани саволҳо ташкил медиҳад” ().

 Дар ин мусоҳиба ин усулҳо истифода шудаанд ва ин мавод дар қолаби жанри мусоҳиба таҳия шудааст, ки хонанда ба воситаи 4-5 савол ва ҷавобҳо пурра дар бораи сохтмони ГЭС-и Норак маълумоти кофӣ мегирад.

         Оре, ҳама он шахсоне, ки муддати қариб 20 сол дар ГЭС-и Норак кор карданд, онҳо дар ҳақиқат қаҳрамонанд ва ифтихори миллати тоҷик мебошанд ва хизматҳояшон ба халқу ватан барои ҳамешагӣ дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ин ҷо зарур медонем, ки дар бораи яке аз коргарони ГЭС-и Норак, ки дар ҳақиқат фаъолияташ намунаи ибрат аст, чанд сухан гӯям. Рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” очерке бо номи “Муҳаббат” аз чоп баровардааст, ки муаллифаш Ҷамолиддин Тошматов мебошад. Номи қаҳрамони очерк Муҳаббат мебошад. Дар ин ҷо муаллиф муҳаббати як сокин, як ҷавонмардро нисбати Ватану ободии диёр инъикос мекунад, ки ҳар хонандае ин матлабро мутолиа намояд, аз рафтору ташаббусҳои қаҳрамони очерк илҳом мегирад. Бояд гуфт, ки қаҳрамони очерк аз оғози сохтмони нерӯгоҳ то анҷоми он иштирок намудааст: “Ӯ боз болои ҳамон харсанг омада қарор гирифт. Ин харсанг дар миёни шохҳое, ки корвони шутурро ба хотир меоварданд афтида барои Муҳаббат ҳамчун нишастгоҳ хидмат мекард. Болои санг нишасту поёнро назорат мекард… Дар пайраҳае, ки аз боло чун риштаи сафед менамуд, равуои одамон канда намешуд. Вай ба ҷунбуҷули одамон нигариста ба баҳри андеша фуру мерафт… Ногоҳ аз поён, гӯё аз автомат тир холӣ мекарда бошад, садои гӯшхароши тир-тири ускунаи пармакунӣ шунида шуд. Риштаи хаёли Муҳаббат гусасту вай ба он сӯе, ки садо меомад, нигарист. Аммо акнун диққати уро мошинҳое , ки дар роҳи Душанбе- Кӯлоб рафтуомад доштанд, ба худ ҷалб карданд. Яке аз онҳо мошини брезентпӯше дар таги чинори канори роҳ омада қарор гирифт. Чашмони Муҳаббат ба он афтиду дар ҷояш карахт шуда монд”.

         Муаллиф қаҳрамони очеркашро аз давраи наврасӣ, ки дар теппаҳо машғули молчаронӣ буд тасвир мекунад ва басо моҳирона воқеаро ба сохтмони бузурги ГЭС пайваст мекунад. Муҳаббат дар дил ҳис мекард, ки ояндаи ӯ ба дарёи Вахш пайвандӣ ногусастанӣ дорад ва ҳамеша аз болои теппаҳо истода дарёро назар карда, аз он манзара ҳаловат мебурд. Дар аввал бунёди як ГЭС –и азим барои ҳама ба монанди афсона буд ва қаҳрамони очерк низ чунин мепиндорад. “Як ҳафта шуд, ки дар қишлоқ овозае паҳн гардид: “Дар ҷое, ки купруки Пулисангин бино ёфтааст, гӯё ГЭС-и азиме месохтанд, Деҳаи Норак ба шаҳр мубаддал мегаштааст, Деҳаи Тутқавул бошад, дар таги об мемондааст.  Дар ҳар хонадон, дар кӯю кӯча, дар даҳони хурду калон ҳамин гап. Баъзеҳо бовар кунанд, баъзеҳо онро инкор мекарданд”().

         Ба кори ГЭС ба кор даромадани Муҳаббат ҷолиб аст. Муҳаббат бо ҷӯраҳояш барои тамошо меравад ва яке аз кормандони ГЭС  ӯро ҷеғ зада мепурсад.

  • Гӯгирд дорӣ?… Муҳаббат бо ишораи тасдиқ сарашро ҷунбонд ва каме далертар шуда аз кисааш гӯгирдро баровард. Ҷавони пармачӣ сигаретро даргиронда баъд аз он ки ду се бор дуд кашид, гӯгирдро баргардонд.
  • – Гиред ба ман даркор не…
  • – Номат чист?..
  • Муҳаббат.
  • Номи нағз доштаӣ. Мехонӣ?
  • Ҳа, синфи даҳумро тамом кардам.
  • Оҳо, хело хуб! Ҳоло чи кора?
  • Бе кор.
  • Ин тавр бошад, ба пеши мо биё кор ёд медиҳем, майлаш? ().

Ҳамин тавр, аввал дар экспедисия ба кор медарояд, баъдан ба узели бетон корро шуруъ мекунад. Дар очерк қаҳрамон чунин тасвир ёфтааст, ки ҳам кор кардааст, ҳам хондааст, ҳам ба хизмати аскарӣ рафта, баъд боз корашро дар ГЭС давом додааст ва то дараҷаи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ расидааст. Албатта, қаҳрамони очеркҳо корҳоеро анҷом медиҳад, ки ба одамони муқаррарӣ дастнорас аст ва дар давоми очерк мо шоҳиди якчанд корнамоиҳои Муҳаббат мешавем.

         Аксарияти маводе, ки мо дар ин маврид таҳлил намудем, марбут ба  ГЭС- и Норак мебошад ва дар ҳамаи онҳо зикр шудааст, ки сабаби асосии пеш аз муҳлат анҷом ёфтани сохтмони ГЭС ин дар дӯстӣ ва аз як гиребон сар баровардани сохтмончиён ва роҳбарони кордони онҳо буд ҳамаи мушкилиҳои пешомадаро бо иродаи қавӣ ва маслиҳати якдигар ҳал мекарданд, ки ин натиҷаи хуб додааст. Вақте ки Камбинати хонасозии Орҷоникидзеобод калонаҳои оҳану бетонро дар вақташ намефиристад, мутасаддиён бо роҳи дӯстӣ ин масъаларо ҳал мекунанд: “- Биё додар, як кор кунем. Дидем, ки телефон ба кор нарафт, дӯстиро ба кор барем. Ман ба роҳбарони управленияатон низ мегӯям… Ҳу, дар хотират ҳаст, сентябри соли 1970 Леонид Илич Брежнев ба Норак омада, зимни суҳбат бо коргарон дархосту пешниҳодоти сохтмончиёнро ба ҳисоб гирифта гуфта буд: “Беҳтар мешуд, ки ба коргарони масолеҳу асбобу ускунаҳо техникӣ расонанда муроҷиат кунед. Танҳо дар сурати аз кору бори якдигар огоҳ будан ҳамдигарро дастгирӣ кардан суръати корро тезонидан мумкин аст”. Ана, дар ҷавоби ҳамин суханон ба Орҷоникизобод, албатта раветон”.

         Аз охири очерк маълум мешавад, ки муаллиф бо қаҳрамон риштаи дӯстӣ доштааст ва ин маълумот маълум мешавад, ки муаллиф ба сохтмон на як бору ду бор, балки зуд-зуд мерафтааст ва аз аҳволи сохтмончиён ва кори ГЭС аз наздик шинос аст. Худи муаллиф дар ин маврид мегӯяд: “Вақте ки ман дар бораи хулосаи очерки навиштаам андеша мерондам, аз дар дӯсти журналистам – Роман даромада омад, риштаи хаёлам гусаст… Дар аснои суҳбат вай гуфт.

  • Ба командировка ба Норак рафта будам, иттифоқо дӯстатон Муҳаббатро вохӯрдам. Вай маро ба мошинаш савор карду то роҳи калон оварда монд. Ба шумо як хатча ҳам навишта дод. Мана гуфт Роман коғазчаи қаткардашударо дароз карда ва аз ҷояш бархест”.

Ҳамин тариқ, ҳама он маводе, ки дар матбуоти даврӣ ба муносибати бунёди ГЭС-и Норак ба табъ расидааст, хусусияти тарбиявӣ дошта, насли имрӯзро ба ободии Ватан ҳидоят менамоянд ва яке аз вазифаҳои публитсистика низ дар ҳамин аст, ки дар бунёди иншоотҳои азими кишвар ширкат варзанд, ҷараёни корномаи сохтмончиёнро рӯи коғаз оранд то наслҳои оянда аз масъулияти ниёгон дар назди халқу Ватан огоҳ гардида, ба онҳо арҷгузорӣ намоянд.  

  Кучарова Н.А., дотсенти

 кафедраи матбуот