Мудири кафедра

Шоҳиён  Маҳмуд  Эргаш

Вазифа: мудири кафедра

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Самти ихтисос: кафедраи журналистикаи байналхалқӣ

Маълумот барои тамос:

Нишонӣ: ш. Душанбе, кӯчаи Испечак-2, М-30, бинои 9, ҳуҷраи 5

Телефон: 907 58 58 50

mahmudkhon@mail.ru

Маълумоти мухтасар:

28 июли соли 1968 дар ҷамоати деҳоти Қалъаи сурхи ноҳияи Рашт ба дунё омадааст.

Соли 1985 мактаби миёнаи №49-и шаҳри Душанберо бо муваффақият хатм намудааст.

Шуъбаи журналистикаи факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси «Журналист» (1992 с.) бо дипломи аъло хатм намудааст.

Соли 2003 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология дифоъ намудааст.

Муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи назария ва таърихи журналистикаи тоҷик (ҳоло телевизион ва радиошунавонӣ) – 1992. Аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи назария ва таърихи журналистикаи тоҷик (ҳоло телевизион ва радиошунавонӣ)-и факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1993-1996). Ассистенти кафедраи журналистикаи радио ва телевизион (ҳоло телевизион ва радиошунавонӣ)-и факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1996-2001). Муовини декан оид ба шуъбаи ғоибона (2001-2005) ва ҳамзамон, муаллими калони кафедраи журналистикаи телевизион ва радио (ҳоло телевизион ва радиошунавонӣ)-и факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2001-2003). Дотсенти кафедраи журналистикаи телевизион ва радио (ҳоло телевизион ва радиошунавонӣ)-и факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Солҳои 2006-2012 – сардори раёсат, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2012-2014 – сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби матбуотӣ. Солҳои 2014-2018 – муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маоориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2018-2020 – муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оид ба таълим (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода). Аз моҳи январ то моҳи июни соли 2020 – ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт. Солҳои 2020-2022 – дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз моҳи майи 2022 инҷониб иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ.

Ҳаммуаллифи 3 китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ, инчунин зиёда аз 30 мақолаи илмӣ.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 06.03.2009)

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 07.03.2012) Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 20.03.2018)