ЛИБОС МИЛЛАТРО НИГОҲ МЕДОРАД!

0
37

(аз суҳбати тарроҳ)

Муқаддимаи инсон либос аст ва ин таъбир дар фарҳанги тамоми халқу миллатҳо муайянкунандаи сатҳу дараҷаи маънавиёту маданияти онҳост. Муқарар аст, ки инсонро дар замони имрӯза фарҳанги либоспӯшияш чун ба як шарти муҳиме табдил ёфтааст.

Шояд дар замонҳои қадим ин ҷараён суръату сифати дигар дошт. Шояд либос дар гузаштаҳо танҳо вазифаи зери асроре нигоҳдоштани андомро иҷро менамуд. Имрӯз ҳам ин вазифаи либос вуҷуд дорад, аммо дар мавридҳои алоҳида мебинем, ки либос рисолатҳои нави мусбату манфиро соҳиб гашта истодааст.

Мукаррама Қайюмова чун як донандаи асрори либос аз ҳама бештару пештар асрори ҳар як либоси имрӯзу гузаштаро дарк менамояд. Ӯ хеле амиқ медонад, ки аз қадим то имрӯз либоси мо таҷассумгар буд. Ба андешаи он кас якумин императории ҷаҳон хоразмиҳову бохтариҳову суғдиҳо буданд, ки анъана доштанду соҳиби фарҳанг буданд ва таърих собит менамояд баъдтар ин сарвати маънавиро ба мулки фаранг бурдаанд. Махсусан фарҳанги либоси онҳо барои дигарон намунаву омӯзанда буд ва аз он нусхабардорӣ мекарданд.

– Имрӯз либос ба ҷузъу қисмати сиёсат табдил ёфта истодааст, ки раванди ҷаҳонишвӣ онро торафт шакл мебахшад. Дар чунин раванду ҷараёнҳо агар вазорату кумитаи либосро ташкил кунанд, чи қадар чизҳоро гуфтан мумкин аст. Кумитаи либос бошад, вазорати либос бошад ва дар оқибат назорати либос бошад, ин ҳама дар маҷмӯъ рушди фарҳанг мешаванд. – меандешад Мукаррама Қайюмова. Муаллима тарроҳ – «дизайнер» аст, аммо мегӯяд, ки ҳама гуна дизайн метавонад, фарҳангҳоро фуру барад. Танҳо дизайнере ки садоқатманди фарҳанги миллии худ аст, имкон дорад, ки омилҳои манфиро барҳам занад. Яъне манфиати иҷтимоӣ бояд аз манфиати фардӣ боло қарор дошта бошад.

Дар ҳақиқат либос ин танҳо куртаву шалвор нест. Либос ин пойафзол аст. Либос ин кулоҳу русарӣаст. Либос ин навъи матоъ аст. Либос ин рангу мазмун аст. Либос ин шаклу шеваи дурусту зебои духти он аст. Оё мо боре аз асрори либос ба худ савол медиҳем? Ҷавоби яқин он аст, ки на ҳама вақт. Агар дар тани даҳ нафар як либосро бинем, алакай хулоса барои мо возеҳ аст: «Ба бозор бояд шитофт ва аз ин навъ ҳатман бояд харидорӣ намуд».

Ин либос аз куҷо ба ҷомеаи мо омад, тарроҳи он кист, чӣ ифода дораду бо фарҳанги мо чи робитаро соҳиб аст ва амсоли он саволҳоест, ки ҳеҷ гоҳдар хаёли мо ҳатто гузар наменамоянд.

Чун аз хориҷи кишвар ягон навъи шиму курта, навъи матоъ, кулоҳу русариву руймол ҳамчун муд ба ҷомеаи мо ворид мешавад, бо ҷону дил онро қабул медорем. Ҳатто боре аз навиштаҷоти ороишии ин либосҳо аз забондоне пурсон намешавем, ки он чӣ маънӣ дорад. Дар сурате ки баъзеи навиштаҳо дашному ҳақорат низ мебошанд ва мисоли онҳоро зиёд дучор омадаем. Сурату аксҳои ҳайвоноту кадом як авбоши филмномаеро бо мамнунияту ғафлат қабул медорем.

– Ҳар як ҷузъи либос ба худ рамзу забони махсус дорад. Масалан дар либос тугма ҳаст ва тугма ин маънии муҳофизатгарро дошт.

Тугма вазифаи туморро иҷро менамуд. Имрӯз мебинед, ки ба таври «ҷалдар-ҷулдур» як либос пур аз тугма мешавад. Тугмаҳои нолозиму нозеб чун як исрофи беҳуда дар либосҳо овезонанд. Мутаассифона соҳибони ин гуна либосҳо боифтихор дар кӯчаҳои шаҳр қадам мезананд. Шояд хориҷие ин навъи либосҳое, ки тимсоли таҳқиранд, бубинаду бозавқ хандад. – идома медиҳад Мукаррама Қайюмова.

Муаллимаро дар ин масъала махсусан рафтору муносибати ҷавонон ба риққат меорад. Ба андешаи он кас ҷавонони имрӯза хеле осон дар қабули ҳама фарҳангҳо моиланд. Чанд соли охир табъу завқи ҷавононро дарк намудан душвор гаштааст. Сабаби аслии ин тамоюлро аниқкардан душвор низ ҳаст. Аммо яке аз сабабҳоро дар тарбияи оила дидан мумкин аст. Фарзанде ки дар кучаву бозор камол меёбад, аз ӯ аъмоли шоистаро интизор будан душвор аст. Аммо фарзанде ки ба таҳсил овора аст, ӯ аз пӯшидани либосҳое, ки шахсро авбошмонанд месозанд, ҳазар менамояд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ин дард танҳо хоси ҷавонон нест ва он як сифати оммавӣ низ дорад.

– Бадбахтӣ ҳамин аст, ки дар дунёи фарҳанг мо як чизи ғайрро тез қабул мекунем. Ин хуб нест. Моро фуру мебаранд. Ахлоқи шоистаи шарқиро нест месозанд. Дар домани фарҳанг дар қолаби либосу пушишҳо сиёсатҳои ғаразмандонаро таҳмил дода истодаанд. Чун фарҳанги бегона ба як кишвар роҳ меёбад, бадахлоқиву нооромӣ авҷ мегирад. Чи лозим аст, ки имрӯз ҷавону марди тоҷик худро ба як қаҳрамони бадахлоқи кадом филмномаи ғарбӣ монанд месозад. Бешармонаву тақлидкорона нимбараҳна либосеро бо акси ин ё он роҳзану қаҳрамони қаттол мепӯшад. Оё ин афрод боре намеандешанд, ки аввалан худ модару хоҳару духтар доранд. Ақаллан дар назди онҳо боҳаё бошанд. Ин ҳолат барои духтарону бонувон низ истисно нест ва мафутни либосу матоъҳои хориҷӣ гаштани онҳо, ки фарҳанги миллии моро буғӣ месозанд, хеле ташвишовар мебошад– бо як эҳсос андеша меронад, Мукаррама Қайюмова

Дар давоми ин гуфтаҳояш муаллима аз китоби «Тахти ҷамшед» ёдрас мешавад, ки дар он вазифаву моҳияти либос хеле амиқ баён гаштааст. Он андеша саҳеҳ аст, ки либос ҳарф мезанаду забон дорад. То ҷое маълум аст, дар баробари оҳангу рамзи сиёсӣ доштани либосҳои алоҳида, намунаи баъзеи ин либосҳо хоси ҷамъияти ҳамҷинсгароёни ғарбӣниз мебошанд, ки ҳаммилатони мо онҳоро бо як кибру ифтихор мепӯшанд. Мо бояд имрӯз бо либоси миллии замонавии худ дар муқобили ин ҷараёнҳои манфӣ қарор дода тавонем. Либоси миллии мо бояд фалсафаи зиндагӣ, боварҳову эътимодҳо, ахлоқу маънавиёт ва эъҷозу маромро дошта бошад. Либос фарҳанги офаридан дорад. Дар он маҳал, завқ, синну сол, ҷисм, майлу ният ва амсоли он чун рамз нуҳуфта аст. Маълум аст, ки фарҳангу маънавиёти мо дар либос чи сифатҳоро талаб менамояд ва мо бояд аз он сарфи назар нанамоем. Тарғиби нодуруст ҳам, баъзан аксуламали манфӣмедиҳад.

– Бигзор манфиати маҳаллу минтақаҳо, ки дар маҷмӯъ фарҳанги миллиро ташкил медиҳанд, дар таҳияи либосҳо ба назар гирифта шаванд. Либосро бояд бедарду ранҷпӯшанду дар сояи он нияти некро интизор шаванд. Либосҳои таҳмилие ҳастанд, ки миллатро гумном месозанд. Давраи шуравӣ ҳамсояҳозиракӣ карда бисёр чизҳоро аз фарҳангҳои дигар гирифтанд. Мо мафтуни либосҳои «ҳасибчамонанд» шуда, ба миллати ғайр тамаллуқ гуфта ва худро замонавӣ нишон дода бисёр чизҳоро осон аз даст додем. Либос миллатро нигоҳ медорад.-хулоса менамояд, Мукаррама Қайюмова.

Бояд иқрор гашт, ки дар тақлиду пайравиҳо баъзан мо ба ифрот роҳ медиҳем. Самараи ин тақлидҳо он мешавад, ки баъди чанде бо аламу озор аз он гила менамоем, ки фарҳанги қадимии моро дигарон соҳиб шудаанд. Ҳол он ки як замоне мо худ дар партави тақлидҳо аз баҳри баъзе намунаҳо мегузарем. Ҳол он ки касе моро маҷбур накардааст, ки либосу фарҳанги моро қабул намоед.

Иллат он аст, ки мо аз як тарғиби кӯчак зуд фирефта мешавем. Фаромӯш набояд сохт, ки фарҳанг сабқату рақобатҳоро ба миён меорад. Фарҳанги нерӯи муттаҳидкунанда дорад. Масалан Ӯзбекистони ҳамсоя бо мо умумияти наздики фарҳангӣ дорад.

Зардузиву атласу тоқиҳои занонаи онҳо ҳаммонанди намунаҳои мост. Албатта мо дугоник барин ҳастем. Қариб, ки як падару модар ва як фарҳангу эътиқод дорем. Танҳо муҳим он аст, ки агар ин миллатҳо арзишҳои фарҳангии ҳамсони худро эҳтиром намоянд.

Бахтиёри Қутбиддин,декани факултети журналистикаи ДМТ