УСТОД ЛОҲУТӢ ВА ТОҶИКИСТОН

0
30

Устод Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ 4 декабри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон зода шудааст. Ӯ дар ғарби Эрон дар хонаводаи мӯзадӯз ба дунё омадааст.

Устод Абулқосим Лоҳутӣ дар баробари Устод Айнӣ аз асосгузорони назми муосири тоҷик мебошанд. Устод аввалин бор соли 1925 ба Тоҷикистон омада буданд, аммо ном ва ашъорашон («Калимаи шаҳодати ранҷбарӣ», «Инқилоби Сурх» ва қасидаи «Кремл») пештар ба Тоҷикистон роҳ ёфта буд. Муддате дар вазифаҳои мудири шуъбаи ташвиқу тарѓиби Кумитаи ҳизбии вилоятӣ, муовини Комиссари халқии маориф фаъолият карда, ба ҳайси аввалин директор дар таъсиси Нашриёти давлатии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Овардани аввалин дастгоҳи чоп ба ҷумҳурӣ ба Устод Лоҳутӣ тааллуқ мегирад. Яъне Устод Лоҳутӣ дар бунёди ҳаёти нави кишвар дар он рӯзгор нақши муассире доштанд.

Устод Абулқосим Лоҳутӣ Кумитаи муассисони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар соли 1933 роҳбарӣ карда, чанде раиси фахрии он низ буданд. Ба ин хотир дар Анҷумани якуми умумиттифоқии нависандагони шӯравӣ (1934) маърӯзаи асосиро дар бораи адабиёти нави тоҷик ба Устод Лоҳутӣ бовар карданд. Ба намояндагӣ аз адабиёти тоҷик дар ҳамин анҷуман Котиби масъули Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудани Устод Лоҳутӣ гувоҳи обрӯву эътибори эшон мебошад. Устод Лоҳутӣ дар ин вазифа масъулиятшиносии баланд нишон дода, дар сатҳи умумииттифоқ шинохта гардид ва ҳамчун фарзанди содиқи замон дар пиёда сохтани аҳдофи сиёсиву фарҳангии Шӯравӣ нақши муассире гузошт. Ҳамин буд, ки соли 1935 ба ҳайати аҳли адабу фарҳанги шӯравӣ дар Конгресси байналмилалии ҳимояи маданият (дар Париж) роҳбарӣ кард. Аз номи ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин Конгресс суханронӣ кардан, бовариву эътимоди роҳбарияти олии мамлакат ба Устод Лоҳутӣ мебошад.

Устод Айнӣ дар шахси Абулқосим Лоҳутӣ бузургтарин шоир ва дӯсти ҳамақидаи худро медид, эҳтиромашро ба ҷо меовард. Абулқосим Лоҳутӣ тавонист, ки Устод Айниро аз чанголи маргу дастгоҳи ҷазодиҳии солҳои 1937-1938 тавасути муроҷиат ба роҳбари Давлати Шӯравӣ Сталин наҷот диҳад. Дар он рӯзгор барои наҷоти як ҳамқалам на ҳар кас ҷасорати ба Сталин муроҷиат карданро дошт. Бо ин кораш Устод Абулқосим Лоҳутӣ барои миллати мо Аллома Айниро ҳифз кард ва хидмати мондагореро анҷом дод. Мо – имрӯзиён танҳо барои ҳамин амалаш аз рӯҳи Устод Лоҳутӣ як умр худро қарздор бояд ҳисобем.

Ашъори Устод Лоҳутӣ аз ҷиҳати шаклу мазмун нав буда, аз лиҳози ҳунар арзиши баланд доранд. Дар жанрҳои суннатии достон, манзума, ѓазал ва дубайтӣ Устод Лоҳутӣ беҳтарин анъанаҳои адабиёти классикиамонро идома доданд ва таъсири мактаби эшон дар ашъори шоирони муосир то ҳол идома дорад. Эҷодиёти Устод Лоҳутӣ мавзӯъҳои гуногун – ҳам сиёсиву иҷтимоӣ, ҳам дӯстиву рафоқат, ҳам муҳаббат ба ватану ҳам ишқи инсониро фаро гирифтааст. Муҳаққиқон то ҳол аз паҳлуҳои гуногун ҳунар, жанр, шакл, мавзӯи ашъори Устодро таҳқиқу таҳлил мекунанд. Филми мустанади Давлат Худоназаров «Устод» аз рӯзгори пуртазоди Устод Лоҳутӣ ҳикоят мекунад.

Устод Лоҳутӣ дар баробари шеъру шоирӣ дар тарҷумаи осори адибони дигар халқҳо ба забони тоҷикӣ низ саҳм гузоштааст. Тарҷумаи асарҳои саҳнавии В. Шекспир («Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта», «Шоҳ Лир»), А.С. Грибоедов («Дод аз дасти ақл»), асарҳои А. С. Пушкин, намунаҳои осори Т. Г. Шевченко, М. Горкий, В. Маяковский ва дигарон ба қалами Устод Лоҳутӣ тааллуқ доранд. Осори Устод Лоҳутӣ низ ба забони халқҳои дигар тарҷума ва чоп шудааст.

Аввалин ва бузургтарин театри Тоҷикистон, Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон номи Абулқосим Лоҳутиро доранд. Дар ҳеч кишваре шӯҳрати Устод Лоҳутӣ ба ҳадди шӯҳраташ дар Тоҷикистон нест, муҳаббаташ ба хонанда мисли муҳаббаташ ба хонандаи тоҷик нест. Яъне ба маънои ҳақиқиаш Устод Лоҳутӣ шоири тоҷику Ватанаш Тоҷикистон аст. Баъди 60-соли марги ҷисмонии Устод Лоҳутӣ осораш ҳанӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол чопу маҳбубияташ бештар мешавад.

Сангин Гулов, номзади илмҳои филологӣ