МОҲИЯТ ВА РИСОЛАТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ИНЪИКОСИ ОН ДАР АГЕНТИИ ИТТИЛООТИИ “АМОРОТ”

0
219

Имрӯз бо саъю кӯшиши бевоситаи Президенти кишвар муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодию фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои арабӣ рӯз то рӯз густариш меёбад. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истиқбол аз алоқамандии кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс, аз қабили Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), ба сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ доранд, ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақаи мазкур саъй менамояд. Ба манзури таҳкими муносибатҳо бо ҷаҳони араб Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҷомеаи (Лига –Қ.С) давлатҳои арабӣ густариш хоҳад дод» [10].

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 18-уми декабри соли 1995 барқарор шуда, аз соли 2011 инҷониб сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА фаъолият мекунад. Аз оғози барқароршавии муносибатҳо байни ҳарду кишвар ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар фазои мутақобилан судманд густариш меёбад. Мавриди зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон дар давоми соҳибистиқлолӣ се маротиба (16-18-уми декабри соли 1995; 9-13-уми апрели соли 2007 ва 16-17-уми марти соли 2016) ба АМА сафари расмӣ анҷом додааст, ки зимни боздидҳо 16 созишномаи (санад) муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, варзишу саёҳат, амнияту дин ба имзо расидааст, ки онҳо дурнамои муносибатҳои кишварҳои дӯсту бародарро муайян месозанд [3, 78].

Қобили зикр аст, ки вазъ, проблема ва дурнамои муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои араб дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби олимони тоҷик Умаров Ф. [6], Разоқов Ш. [2] ва Давлятов З. [1] мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Пажӯҳишгарон дар рисолаҳои хеш кӯшиш кардаанд, ки ҷанбаҳои гуногуни муносибату ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо ҷаҳони ислом ва кишварҳои арабии халиҷи Форс таҳлилу баррасӣ намоянд. Мавзӯи нақши ВАО дар инъикоси муносибату ҳамкориҳо ва ҳаводиси Тоҷикистон дар матбуоти олами араб мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст. Зимнан дар журналистикаи рус ин самт то андозае таҳқиқ гардида, якчанд рисола ва таҳқиқоти илмӣ вуҷуд дорад.

Дар ҷомеаи мураккабу зудтағйирёбандаи муосир ва тадриҷан авҷ гирифтани ҷанги сард байни давлатҳои абардқудрат нақши ВАО нисбат ба солҳои пешин хеле бориз ва муҳим гаштааст. ВАО имрӯз бо имконияти фаровони худ дар самти таҳким ва густариши муносибатҳои байнидавлатӣ нақши муҳим бозида метавонад. Воқеаву ҳодисаҳои замони муосир тақозо менамояд, ки махсусан давлатҳои абардқудрат барои амалӣ кардани мақсаду ҳадафҳои худ аз имконоти ВАО махсусан интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ самаранок истифода мекунанд. Ба таъбири муҳаққиқ Ҷ. Муқим “ба воситаи ВАО сиёсати худро дар дилхоҳ минтақа тарғиб менамоянд ва ҷомеаи он минтақаро, тарзе ки онҳо мехоҳанд, идора мекунад [8, 14].

Мувофиқи хулосаҳои муҳаққиқон нашри ҳамаи муассисаҳои табъу нашр дар кишварҳои араб ба маҳдудиятҳои маъмурӣ, молӣ ва касбӣ рӯ барӯанд. Аз ҷумла, бе гирифтани иҷозатномаи аз тарафи ҳокимияти ҳукмрон тасдиқшуда ҳуқуқи чоп кардани нашрияро надоранд. Инчунин барои гирифтани иҷозатнома пардохти маблағи суғурта лозим аст. Дар АМА давлат қонунан озодии матбуотро танзим ва маҳдуд месозад, новобаста аз он ки тибқи қоида ва ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, ки таъкид медоранд: “озодии сухан яке аз ҳуқуқи асосии инсон аст”. Ҳамчунин соҳиби нашрия бояд шаҳрванди Аморат бошад ва дар он ҷо зиндагӣ кунад [4, 192].

Ба андешаи профессор Иброҳим Усмонов воситаи ахбори омма вазифадор аст, ки сиёсати давлатро инъикос намояд ва тавре инъикос намояд, ки он бар татбиқи манфиати миллӣ мусоидат намояд [7, 23].

Матбуот дар АМА (чӣ ҳукуматӣ ва чӣ хусусӣ) аз давраи пайдоиш таҳти назорат ва таваҷҷуҳи махсуси давлат қарор дорад. Матбуот ва ВАО бо давлат ва самти сиёсати пешгирифтаи он алоқаманд аст. Қонунгузории АМА воситаҳои ахбори оммаро вазифадор мекунад, ки ҳокимони кишвар ва сиёсати пешгирифтаи онҳоро эҳтиром кунанд. Ёрии моддӣ-пулии (субсидии) давлат яке аз сарчашмаҳои муҳими сармоягузории нашрияҳои чопӣ, ҳатто хусусӣ боқӣ аст. Давлат онро ҳамчун фишанги маъмурӣ ва иқтисодӣ барои тақвияти нуфузи хеш истифода мебарад. Мувофиқи омори расмӣ айни ҳол дар Аморат зиёда аз 158 рӯзномаю маҷалла ба табъ мерасад, ки 65-то бо забони арабӣ ва 93 адад бо забони англисӣ аст. Аз ҷумла машҳуртарин нашрияҳои арабӣ дар шаҳри Абӯ Дабӣ – «Ал-Иттиҳод», «Ахбор-ул-араб», «Ал-Фаҷр», «Ал-Ваҳда», дар Дубай «Ал-Баён», «Аморат-ул-явм» ва дар шаҳри Шарҷа «Ал-Халиҷ» мебошанд. Бо забони англисӣ нашрияҳои «Голф Нюз», «Эмирейтс Тудей», «Халиҷ Таймс», «Ивнинг Пост», «Севен Дейз» ва «Голф Тудей» нисбатан маъруфанд. Бештари ин нашрияҳо дар Интернет сомонаҳои худро доранд. Дар кишвар “зиёда аз 20 шабакаи радиоӣ ва 40 шабакаи телевизионӣ фаъолият дорад. Шаҳрвандон ба зиёда аз 200 шабакаҳои моҳварӣ дастрасанд” [5, 126]. Дар маҷмӯъ ВАО дар Амороти Мутаҳҳидаи Араб таҳти назорати қатъии ҳукумат қарор дорад ва ягон барнома, мусоҳиба ва интишорот бе мувофиқати ҳукумат пахш ва ё нашр намешавад. Агар барнома ва ё мусоҳибае, ки дар он таҳдиди иғвоангезӣ мушоҳида шавад фавран аз эфир гирифта шуда, рӯзноманигор мумкин аз кор ронда шавад. Танқиди ҳокимияти давлатӣ қатъиян манъ аст. Саркашӣ комилан истисност. Яъне ВАО дар Аморат муҳимтарин воситаи расонидани таъсири сиёсиест, ки самти муайяннамудаи роҳбарони давлатро дастгирӣ мекунад. Қонунгузории АМА ВАО-ро вазифадор мекунад, ки ҳокимони кишвар ва сиёсати пешгирифтаи онҳоро ҳурмат кунанд. Аз ин рӯ, васоити ахбори омма дар ҷомеа афкореро ба вуҷуд меоранд, ки махсусан ба манфиати доираҳои ҳукмрон бошад [9, 142].

“Агентии иттилоотии Аморот” (وكالة انباء الامارات (وام)) ягона Агентии иттилоотии расмӣ-давлатии Аморот ба ҳисоб рафта, аз соли 1976 инҷониб фаъолият дорад. Он қариб 90% -и хабарҳои расмӣ ва хориҷиро таъмин мекунад ва яке аз сарчашмаҳои асосии матбуоти миллӣ ба шумор меравад. Бо 50 Агентии иттилоотии давлатҳои дигар ҳамкориҳои мутақобила дорад. Сабаби баррасӣ қарор гирифтани Агентии мазкур дар он аст, ки дар фазои иттилоотии Аморот мавқеи муҳим дошта, дар муаррифии Тоҷикистон ба олами араб фаъол аст.

Агентии мазкур муддати се соли охир (2016-2018) дар бораи муносибату ҳамкориҳои Тоҷикистон бо АМА 72 хабару гузориш (аз ҷумла, дар 2016-15; 2017-41; 2018-26) ба табъ расонидааст. Омӯзиши мавод нишон медиҳад, ки Агентии иттилоотии мазкур асосан ба масъалаҳои муносибат ва ҳамкориҳои байни ҳарду кишвар бештар таваҷҷуҳ кардааст. Чунончи таҳқиқ нишон дод, аз 72 хабару гузоришоте, ки бевосита ба Тоҷикистон рабт дорад, 55-то ба мавзӯи муносибату ҳамкорӣ ва 7-тои дигар ба мавзӯи фарҳангӣ бахшида шудааст. Дар қиёс бо дигар агентиҳои иттилоотии араб гуфтан мумкин аст, ки Агентии мазкур мавқеи беғаразона ва ҳамзамон нисбатан бетафовутонаро ихтиёр кардааст. Аксари агентиҳо ба таҳрифи ахбор ва бо назардошти манфиатҳои худ амал кардан мехоҳанд.

Омӯзиш ва таҳқиқи матолиби Агентӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҳам ба сатҳ ва раванди муносибатҳои ҳарду кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, оид ба муносибат ва ҳамкориҳо бо Тоҷикистон хабару гузоришот нашр намудааст, ки дар муаррифии Тоҷикистон ба олами араб мавқеи хос дорад. Маводи Агентии иттилоотии мазкур баёнгари он аст, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо АМА дар сатҳи хуб қарор дорад. Агентӣ аз ҳамаи сафар ва мулоқоту вохӯриҳои мутақобилаи намояндагони ҳарду давлат хабарҳо ба табъ расонидааст. Чунончи соли 2018 аз мулоқоти Сафири ғайримуқими АМА дар Тоҷикистон Муҳаммад Аҳмад ибн Султон Алҷобир (محمد أحمد بن سلطان الجابر) бо Вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, кишоварзӣ, Раиси кумитаи амнияти миллӣ, Раиси Агентии захираҳои моддӣ ва ҷонишини аввали вазири энергетикаи тоҷик, инчунин аз вохӯрии Прокурори Генералии АМА бо ҳамтои тоҷикаш хабарҳои расмӣ нашр кардааст [11].

Соли 2016 дар Агентии иттилоотӣ асосан дар бораи сафарҳои расмии Президенти Тоҷикистон ва вохӯрию мулоқотҳои ӯ бо роҳбарони Арабистони Саудӣ (5 мавод), АМА (6 мавод) ба табъ расонидааст [12].

Соли 2017 аз сафари расмии Раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амлоки давлатӣ Қаҳорзода Файзиддин Саттор ба АМА ва вохӯрию мулоқотҳои ӯ роҳбарони ин кишвар ҷиҳати таҳкими муносибатҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, вохӯриҳои Сафири АМА дар Тоҷикистон бо Сарвазири кишвар Қаҳор Расулзода, вазирони корҳои хориҷӣ ва дохилӣ, сафари расмии вазири хориҷии АМА ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Президенти кишвар хабар додааст [13].

Ҳамаи мавод дар жанрҳои хабар (кӯтоҳ, васеъ) ва гузориш навишта шудааст. Дар ҳамаи матолиб ҳавасмандии ҳарду ҷониб роҷеъ ба густариши муносибатҳои гуногунҷабҳа, истифодаи таҷрибаҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои тақвияти равобит зикр шудааст. Аз таҳқиқ ва омӯзиши мавод маълум мешавад, ки Агентии иттилоотӣ инъикоскунандаи сиёсати хориҷии давлати АМА мебошад ва аз тамоми вохӯрию мулоқотҳои ҳарду кишвар мардуми худро иттилоъ додааст.

Мавзӯи дигаре, ки Агентии иттилоотӣ бештар ба он таваҷҷуҳ кардааст инъикоси ҳамкориҳо мебошад. Агентӣ соли 2018 роҷеъ ба ҳамкориҳо 7 мавод чоп кардааст.

Чунончи, дар бораи имзои Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба АМА ва ба имзо расидани шартномаи ҳамкорӣ оид ба интиқоли шахсони маҳкумшуда байни АМА ва Тоҷикистон, хабару гузориш ба табъ расонидааст. Агентии иттилоотӣ рӯзи 16.04.2018 бо сарлавҳаи “Аморот ва Тоҷикистон ёддошти тафоҳум дар соҳаи қувваҳои кориро имзо мекунанд” хабар чоп намудааст, ки дар он мақсади имзои Ёддошти мазкурро ҷалби коргарони тоҷик ва густариши ҳамкориҳои ҳарду ҷониб ҷиҳати татбиқи беҳтарин раванди қарордодҳои муваққатӣ гуфтааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид-вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва аз ҷониби АМА Носир ибн Сонӣ Ал-Ҳомилӣ вазири заҳираҳои башарӣ имзо кардаанд. Дар хабар ҷониби Аморот имзо ва аҳамияти шартномаро “комёбии ҳарду ҳукумат ҷиҳати пешрафти робитаҳои дӯстонаи байниҳамдигарӣ ва густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи ҷалби қувваҳои корӣ таъкид кардааст” [14].

Дар маводи дуюм хабар дода мешавад, ки рӯзи 18.04.2018 Девони АМА шартнома оид ба интиқоли шахсони маҳкумшуда байни АМА ва Тоҷикистонро тасдиқ кард. Ҳамзамон дар хабар таъкид мешавад, ки шартнома ҳанӯз 17.03.2016 ҳангоми сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба АМА аз тарафи ҳарду ҷониб бо мақсади густариши ҳамкорӣ оид ба интиқоли шахсони маҳкумшуда ва адои ҷазо (ҳукм) дар кишварашон, ба имзо расида буд [15].

Ҳамчунин агентӣ рӯзи 14.11.2017 хабареро бо номи “Тоҷикистон раводиди (виза) шаҳрвандони Аморотро ҳангоми расидан ба сарзаминаш иҷозат медиҳад” ба табъ расонида, аз иқдоми Тоҷикистон тарафдорӣ кардааст. Зикр мешавад, ки шаҳрвандони АМА-дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва оддӣ метавонанд ҳангоми омаданашон ба Тоҷикистон раводиди худро дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе дастрас намоянд. Намояндаи вазорати корҳои хориҷии Аморот Аҳмад Саид Илҳом Аз-Зоҳирӣ мегӯяд, ки ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи мақоми байналмилалии давлати Аморот мебошад. Ҳамчунин таъкид мекунад, ки ин ташаббус барои шаҳрвандони Аморот ҷиҳати сайёҳӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои наверо фароҳам меорад ва дар густариши муносибатҳо ва унсурҳои шарикӣ байни ҳарду кишвар саҳми худро мегузорад” [16].

Агентии мазкур 17.09.2017 роҷеъ ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гузорише бо номи ««Бонки рушди Абӯ Дабӣ» дар кушодашавии роҳи Кулоб-Қалъаи Хумб бо саҳмгузории 55 млн. дирҳам иштирок мекунад» ба нашр расонидааст. Дар хабар омадааст, ки давлати АМА бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо намояндагӣ аз вазири энергетикаи АМА Суҳайл Ал-Мазруқӣ ва Директори генералии Бонки рушди Абӯ Дабӣ Муҳаммад Сайф Ас-Сувайдӣ дар маросими ҷашни кушодашавии роҳи мазкур иштирок кардаанд. Бонки мазкур дар сармоягузории роҳ (39 км) ба маблағи 55 млн. дирҳам саҳм гузошт, ки 16 % – и арзиши умумиро ташкил медиҳад. Агентӣ дар такя ба суханони вазири энергетика меафзояд, ки давлати АМА барои густариши муносибатҳои муштарак бо Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо саъю кӯшиш мекунад. Аз ҷумла, нашрия аз номи вазири АМА менависад: «Лоиҳае, ки Бонки рушди Абӯ Дабӣ дар сармоягузориаш саҳм гирифт аз таваҷҷуҳи давлати АМА ба кӯмаки айёнии Ҳукумати Тоҷикистон дар густариши зерсохтори кишвар далолат мекунад». Дар гузориш Агентӣ дар такя ба суханони Директори генералии Бонки рушди Абӯ Дабӣ- Муҳаммад Сайф Ас-Сувайдӣ оид ба аҳамияти ин роҳ менависад, ки давлати Аморат дар пешрафт ва густариши муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои муштарак бо давлатҳои Осиёи Миёна ҳавасманд аст. Роҳе, ки кушодашавиаш анҷом ёфт аз лоиҳаҳои стратегие ба ҳисоб меравад, ки дар бахшҳои нақлиёту алоқа дар Тоҷикистон барои осон кардани кашондани мусофирон ва амвол саҳми худро хоҳад гузошт. Илова бар ин роҳ шаҳрҳои асосии Тоҷикистонро бо роҳҳои дигари байналмилалӣ мепайвандад. Лоиҳае, ки ҳадаф дорад якчанд қишлоқҳои кӯҳии байни Шуробод ва қишлоқи Шоҳонро бо роҳҳои байналмилалӣ бипайвандад ва ҳаракати кашондани амволи дохилию беруниро тақвият диҳад. Ҳамчунин дар мавод омада аст, ки дар сармоягузории лоиҳа ғайр аз Бонки рушди Абӯ Дабӣ инчунин Бонки исломии рушд, Фонди Саудӣ, Фонди Кувайтӣ ва Фонди рушди байналмилалии ОПЕК низ саҳм мегузоранд. Роҳ барои пайвастшудани Тоҷикистон бо ҳамсояҳояш – Афғонистон, Узбекистон, Покистон, Чин ва Қирғизистон мусоидат мекунад” [17]. Агентӣ аз кушодашавии ин лоиҳа ва аҳамияти он хеле хуб ҷонибдорӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки давлати АМА дар масоили байналмилалӣ роҷеъ ба самаранок истифода бурдани захираҳои оби ошомиданӣ ҳамеша аз Тоҷикистон ҷонибдорӣ кардааст. Агентӣ роҷеъ ба ин масъала рӯзи 22.06.2018 ҳисобот бо сарлавҳаи “АМА аҳамияти густариши ҳамкории байналмилалиро барои самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ таъкид мекунад” нашр карда аст, ки дар он дар сатҳи баланд баргузор шудани Конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор 2018-2028”, ки дар шаҳри Душанбе доир гашт, иттилоъ дода аст. Гуфта мешавад, ки бо Раисии (Сарпарастӣ) Президенти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор гашт, ки дар он намояндаи вазорати энергетика ва саноати АМА Доктор Матар Ҳомид Ан-Ниёдӣ (الدكتور مطر حامد النيادي) суханронӣ карда, аз ин ташаббуси Тоҷикистон тарафдорӣ кардааст. Агентӣ ҳамчунин дар гузориш аз кори Конфронс ва иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ карда менависад, ки ба ғайр аз Президенти Тоҷикистон, инчунин Президентони Туркманистон, Покистон, Афғонистон, намояндагони зиёда аз 100 давлат дар сатҳи намояндагони ҳукуматҳо, вазирон, масъулони баландпояи муассисаҳои СММ, ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, соҳибкорон, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, олимону мутахассисони соҳа ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур доштанд [18].

Қобили тазаккур аст, ки дар ҳамаи Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд вобаста ба масоили об, ки солҳои пеш дар Тоҷикистон баргузор гардидааст, ҳайати баландпояи АМА иштирок карда, тариқи ВАО ба мардуми кишварашон хабар додаанд.

Мавзӯи дигаре, ки Агентии иттилоотӣ ба он таваҷҷуҳ кардааст, ин кӯмакҳои хайриявии муассисаҳои аморатӣ “Дорулбарр” (دار البر ), “Набазот” (نبضات) ва “Сақялиморот” (سقيا الإمارات) ба Тоҷикистон мебошад. Чунончи, рӯзи 03.11.2018 хабаре бо номи “Ҷамъияти “Дорулбарр” беморхонаеро дар Тоҷикистон ба маблағи 54 ҳазор доллар барои хариди таҷҳизоти тиббӣ ёрӣ мерасонад” чоп кардааст, ки дар он Сафири АМА Муҳаммад Аҳмад ибн Султон Ал-Ҷобир ба беморхонаи дастгоҳи ҳазмкунии Душанбе аз номи Ҷамъияти “Дорулбарр” маблағи 54 ҳазор доллари амрикоиро барои хариди таҷҳизоти тиббӣ тақдим намудааст [19].

Ҳамчунин рӯзҳои 6-ум ва 13-уми ноябри 2017 таҳти сарлавҳаҳои “Иқдоми (ташаббус) “Набазот” ташхисҳои ройгонро барои кӯдакони Тоҷикистон анҷом медиҳад” ва “Гурӯҳи “Набазот” 60 амалиёти ҷарроҳии дили кӯдаконро дар Тоҷикистон ба иҷро мерасонад” хабар ба табъ расонидааст, ки аз ташаббуси муассисаи хайриявии Муҳаммад ибн Рошид Ал-Мактум роҷеъ ба ройгон гузаронидани амалиёти ҷарроҳии дили кӯдакони маъюби модарзод хабар дода мешавад. Аз ҷумла, зикр мешавад, ки зимни маъракае, ки муддати панҷ рӯз давом кард, гурӯҳи мазкур дар Тоҷикистон зиёда аз 300 нафар кӯдакро аз ташхиси ройгони тиббӣ гузаронида, 60 амалиёти гуногуни ҷарроҳии дили кӯдакони маъюби модарзодро (аз се моҳа то 18 сола) ройгон ба сомон расонидааст [20].

Мавзӯи дигари мавриди таваҷҷуҳи ин Агентии иттилоотӣ қароргирифта инъикоси робитаҳои фарҳангии байни ҳарду кишвар мебошад. Агентӣ соли 2018 вобаста ба мавзӯи мазкур чор мавод ба табъ расонидааст, ки аз робитаҳои хуби фарҳангии Тоҷикистону АМА шаҳодат медиҳад. Чунончи, оид ба сафари ҳайати фарҳангии намояндагони АМА ба Тоҷикистон, ки аз 5-ум то 12 майи 2018 давом кард, се мавод чоп кардааст. Яке аз мавод таҳти унвони “Суханронӣ дар донишгоҳи Тоҷикистон перомуни зебоиҳои дипломатияи фарҳангии АМА ва Тоҷикистон” ба табъ расидааст, ки дар он аз баромади Раиси донишкадаи байналмилалии дипломатияи фарҳангии Дубай доктор Муҳаммад Комил Ал-Муъайнӣ (الدكتور محمد كامل المعيني) дар ДМТ сухан меравад. Вохӯрӣ дар ҳошияи Намоиши фарҳанги арабӣ дар Тоҷикистон баргузор гаштааст. Мавсуф аз сатҳи равобити муносибатҳои фарҳангии байни кишварҳоямон ситоиш карда, аз ҷумла зикр мекунад: “Фарҳанг василаи барҷастаи наздикшавӣ ва гуфтугӯи ҷомеаҳо ба ҳисоб меравад ва дар наздиккунонии нуқтаҳои назар, тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила саҳми босазо дорад” [21].

Рӯзи 22.01.2018 гузориши муфассале бо номи “Ҳафтаи мероси тоҷикӣ дар Шарҷа” чоп кардааст, ки дар он аз ташкилкунандаи намоиш – Донишкадаи мероси Шарҷа, иштироки Раиси донишкадаи мазкур Доктор Абдулазиз Ал-Муслим, Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар АМА Шарифи Баҳодур Маҳмудзода, намояндагони ҳайати Тоҷикистон, устодону мутахассисони донишкада ва ҳаводорони мероси фарҳангӣ таъкид шудааст. Нашрия дар такя ба суханони доктор Абдулазиз Ал-Муслим аз муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Аморот ёдовар шуда, қайд мекунад, ки Тоҷикистон соҳиби меросу тамаддуни қадима ва ғанӣ аст. Ва намоиши расму русум, санъати миллӣ, мусиқии халқӣ, либос ва хӯрокҳои мардумӣ имконият медиҳад, ки ҳаводорони фарҳанг ба мероси таърихии тоҷик аз наздик шинос шаванд. Ҳамчунин дар гузориш дар такя ба суханони сафири Тоҷикистон дар АМА хабар медиҳад, ки муносибатҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистону давлати Аморот дар ҳоли густариш аст. Хулосаи гузориш ҳарду ҷониб аз намоиши фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ кардаанд [22].

Хулоса аз таҳқиқ ва омӯзиши маводи Агентии иттилоотии АМА бармеояд, ки ахбору гузоришот дар матбуот имконияти муаррифии бештар ҷиҳати шинохти давлатҳо ва дарёфти самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба фароҳам меоварад. Ҳамчунин аз маводи таҳқиқнамудаи агентӣ мушоҳида мешавад, ки ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон дар олами араб мусоидат мекунад. Қобили тазаккур аст, ки Агентии иттилоотӣ ҳамчун агентии расмии давлати Аморот инъикоси раванди густариши муносибатҳо ва васеъ гаштани равобити ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва фарҳангиву иҷтимоии ҳарду кишварро мусбат муаррифӣ карда, ба мардуми ҷаҳони араб пешниҳод кардааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки роҷеъ ба инъикоси ҳаводису рӯйдодҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон дар Агентии иттилоотии давлатии АМА ягон хабару маълумот мушоҳида нашуд. Ин аз он далолат мекунад, ки агентӣ ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ надорад.

Адабиёт

  • 1.Давлятов З.Қ. Тоҷикистон ва Шоҳигариҳои арабӣ: ҳамкорӣ ва дурнамо (таҷрибаи таҳлили иҷтимоию сиёсӣ). – Душанбе: Дониш, 2018, -231 саҳ.
  • 2.Разоков Ш.А. Проблемы и перспективы развития сотрудничества республика Таджикистан с арабскими странами Персидского залива в годы независимости.– Душанбе: Дакики, 2015, -288 стр.
  • 3.Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият.Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ. Душанбе: Ирфон, 2011. – 320 с.
  • 4.Сухова Е.Ф. Влияние правительства на деятелность арабских СМИ. Вестник Нижегородский университета им. Н.И.Лобачевского, № 1, 2008. Стр. 190-193.
  • 5.Тройнина Т.Т. Развитие свободной прессы в Объединенных Арабских Эмиратах. Вестник Новосибирского государственного университета (серия: история, филология), 4, 2012. стр. 125-128.
  • 6.Умаров Ф. Республика Таджикистан и мусульманский мир: особенности сотрудничества (монография). – Душанбе: Ирфон, 2011, -184 стр.
  • 7.Усмонов И.К. Воситаҳои ахбори омма ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон. Душанбе:Сино, 2013, – 64 саҳ.
  • 8.Ҷовид Муқим. Радиои Би-Би-Си: дирӯз ва имрӯз. Душанбе: Деваштич, 2006.-144 с.
  • 9.Шараф Фарук Ради. Становление и развитие периодической печати в Объединенных Арабских Эмиратах (1971 – 2000 гг.). – Москва, 2001.- 161 стр.
  • 10.https://mfa.tj/
  • 11. https://wam.ae/ar
  • 12.https://wam.ae/ar

Қаландаров С. Д.,
мудири кафедраи забони
хориҷии факултети журналистика