КАМОЛИ ОДАМӢ ДАР ИЛМ БОШАД

0
812

Илм дар ҷомеаи муосир дар тамоми бахшҳо ва соҳаҳои ҳаёти одамон нақши муҳим дорад. Дараҷаи рушди илм яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди ҷомеа, ҳамчунин нишондиҳандаи рушди муосири давлат мебошад. Дар замони муосир некӯаҳволии кишварҳо бевосита ба вазъи соҳаи илми онҳо вобаста аст. Ба андешаи мо, танҳо он кишварҳое, ки ба тадқиқотҳои илмӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, технологияҳои навтарини илмиро бомуваффақият аз худ мекунанд, барои ин воситаҳои ба қадри кофӣ тавонои молиявӣ, иттилоотӣ, истеҳсолӣ ва зеҳниро таъмин мекунанд, дар мусобиқаи муосири сиёсию иқтисодӣ пешсаф буда, дар арсаи ҷаҳон мавқеи пешоҳангро ишғол мекунанд.

Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки идоракунии ҷомеаи муосир бе илм ғайриимкон аст. Дар марҳалаи ҳозираи тараққиёт илм сохти иҷтимоии ҷамъиятро тағйир дода метавонад. Ин нуктаи муҳим дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидааст: «Таъкид менамоям, ки мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем. Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. Такроран хотирнишон месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар, бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд». Воқеан, илм ба инсон бевосита тавассути таълим таъсир мерасонад. Омӯзиши асарҳо ва дастовардҳои илмӣ ба камолоти кӯдакон, барои ҳамчун шахси бомаърифат ташаккул ёфтани онҳо мусоидат мекунад. Раванди муосири таълим ба манзараи илмии ҷаҳон асос ёфта, соҳаи маориф бояд ба усулҳои аз ҷиҳати илмӣ тавсияшуда асос ёбад. Илм ба раванди таълим ва тағйир додани сохтори таълим равона карда шуда, ба тамоми қисмҳои он: мақсадҳо, вазифаҳо, принципҳо, шаклу усулҳо, воситаҳо, натиҷаҳо алоқаманд аст. Дар ин ҷо робитаи илму маориф низ бояд илова карда шавад. Дар он муассисаҳои таълимие, ки ба маърифати илмӣ эътибор дода намешавад, ба натиҷаҳои хуби таҳсил бовар кардан душвор аст.

Хурсандибахш аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба ин соҳаи афзалиятноки рушди ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар ва махсусан, Пешвои хирадсолори миллати тоҷик таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Нишони ин таваҷҷуҳ баргузор кардани озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурўғи маърифат» мебошад, ки ба инкишофи зеҳнии ҷомеа ва хусусан, ҷавонон равона гардидаанд. Озмуни «Илм – фурўғи маърифат», ки ҳадафи асосии он рушди илмҳои табиатшиносию дақиқ аст, хеле бамаврид буда, ба равандҳои рушди ҷаҳони муосир мутобиқат мекунад, зеро мақсади асосии ҳамаи илмҳо ба система даровардани ҳодисаҳои мураккаби олами атроф, ё танзим намудани табиат аст.

Одамоне, ки аз илм дуранд, маърифати илмиро дар шакли ҷамъоварии механикии далелу назарияҳо тасаввур мекунанд, ки бо ёрии онҳо ин далелҳо шарҳ дода мешаванд. Аммо дар асл ин тавр нест. Илм маҷмӯаи дастурҳои тайёр ва ҳақиқатҳои тағйирнаёбандаи бебаҳс нест. Усули илмӣ танҳо яке аз роҳҳои зиёди дарки табиат ва ҷаҳон аст. Маърифати илмӣ як фаъолияти эҷодӣ мебошад, ки ба дигар фаъолиятҳое, ки аз рўйи анъана эҷодӣ ҳисобида мешаванд, шабоҳат дорад. Аммо илмро фарҳанги моддию маънавии чамъият ба вуҷуд меоварад ва сегонаи таърихан ташаккулёфта – илм, фарҳанг, ҷамъият аз ҳам ҷудонашавандаанд. Ин маънӣ дар Паёми Пешвои миллат махсус таъкид мегардад:

 «Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад. Мо насли ояндасозро минбаъд низ бо истифода аз тамоми имкониятҳо дастгирӣ мекунем».

Бешубҳа, илм яке аз шаклҳои муҳимтарини фарҳанги ҳар як ҷамъият буда, инкишофи он омили муҳимтарини навсозии тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон мебошад. Илми муосир ҷаҳонбинии одамро ташаккул дода, бо прогресси техникӣ зич алоқаманд аст, барои ба вуҷуд овардани пешгўии тараққиёти ҷамъият ва тартиб додани барномаҳо, барои ҳалли проблемаҳои дар назди инсоният истода ёрӣ мерасонад. Имрўз илми тоҷик як қатор афзалиятҳоро ба даст овардааст, ки муҳимтарини онҳо ба забони давлатии тоҷикӣ ба роҳ гузошта шудани тамоми соҳаҳои илм мебошад. Таъсис дода шудани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз арзишмандтарин ва бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии давлатӣ маҳсуб ёфта, аз сиёсати созандаи маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Таъсиси Шўро дастоварди беназир барои муаррифии илми тоҷик, як қадами бузург дар роҳи муаррифии миллати тоҷик, илми ватанӣ ва таъмини истиқлолияти фазои илмию иттилоотии кишвар мебошад. Кулли унвонҷуён, муҳаққиқон ва докторантон бидуни ягон маҳдудият метавонанд дар Шуро аз рўйи самтҳои гуногуни илмӣ рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ намоянд. То имрўз беҳтарин донишмандону муҳаққиқон дар он ба ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ ноил гардидаанд. Дар ин раванди самарабахш олимону муҳақиққонро зарур аст, ки масъулияти баландро дарк карда, ба мазмуну сифати омода кардани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, инчунин таҳқиқи мавзўъҳои рўзмарраи барои ояндаи давлату миллати тоҷик манфиатбор таваҷҷўҳи бештар зоҳир намоянд. Олимони минбаъда бештар ба он кўшиш намоянд, ки мавзўъҳои таҳқиқоташон бо истеҳсолот (илмҳои дақиқу риёзӣ), бо ҷамъият (илмҳои гуманитарӣ) робитаи ногусастанӣ дошта бошанд, роҳҳои амалии татбиқи таҳқиқоти ояндаашонро пешбинӣ карда тавонанд, яъне илм барои илм набошад. Дар сурате, ки олим баъд аз хотимаи ҳимояи рисолаи илмиаш ба ҷуз онро дар шакли лексияву курсҳои махсус ба донишҷўён гузаштан татбиқи бевоситаи онро намедонаду намебинад, ў бояд аз аҳамияти амалии он ботаҳаммул сухан гўяд, зеро вазифаи олим на танҳо дифои рисолаи илмӣ аст, балки онро ба манфиати истеҳсолот ва ҷамъият равона карда тавонистан аст:

Нуктаи дигаре, ки зикри онро бамаврид мешуморем, оростани баҳсу суҳбатҳои илмӣ аст. Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки энсиклопедист шудани як шахс, яъне аз тамоми донишҳои олам бохабар будан ғайриимкон аст. Зеро дар ҳар як соҳаи илм самтҳои бешуморе арзи вуҷуд карда истодаанд, ки бо тамому имкону хоҳиши зиёд ҳам як шахс ҳамаи онро аз бар карда наметавонад. Ҳамин фазои илмӣ аст, ки мо аз самтҳои нави пажуҳиш тавассути таҳқиқоти ҳампешагонамон огоҳ мешавем. Баъзан дар ҳамоишҳои илмӣ, муҳокимаҳо, ҳатто дар маҷлисҳои шуроҳои диссертатсионӣ ҳодисаи ногувори риоя накардани одоби баҳс ба назар мерасад, ки ин нишони маърифати баланди онҳо нест. Ҳар як таҳқиқи навро бо камоли таҳаммулпазирӣ ва омўзиш қабул кардан бояд хислати шоистаи ҳар як олим бошад. Агар мо ба муҳаққиқони ҷавон танҳо нуқтаи назари худро бор кунем, дар он сурат илм чӣ гуна рушд карда, муҳаққиқи ҷавон ҷасорати дар истеҳсолот ва ё ҷамъият татбиқ намудани онро пайдо мекунад?! Фаромўш кардан лозим нест, ки ҳар як олим тадриҷан дар натиҷаи ба даст овардани маҳорату малакаву таҷриба аз зинаҳои поён ба боло рафтааст. Танҳо роҳнамоии ботаҳаммул ва омўзанда шоҳроҳи илмро барои муҳаққиқони ҷавон мунаввар карда метавонад, ҳамон тавре ки бузургон фармудаанд:

Камоли одамӣ дар илм бошад,

Ҷамоли одамӣ дар ҳилм бошад.

                                               Мушаррафа Ҷўраева профессори

кафедраи услубшиносӣ

ва таҳрири адабии ДМТ