ТАЪРИХИ ТАЪСИСИ БАРНОМАИ “ҲУСНИ БАЁН”

0
547

Имрӯз бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва бузургдошти доктори илми филология, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон,  Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, забоншиноси маъруф, зиндаёд Баҳриддин Камолиддинов маҳфили навбатии “Меҳри сухан” баргузор гардид. Профессор Баҳриддин Камолиддинов солиёни дароз дар баробари фаъолияти пурсамари илмиву таълимӣ дар шабакаи “Баҳористон” барномаи “Ҳусни баён”-ро мебурданд, ки дар рафти он риояи меъёри забони адабии тоҷикӣ дар истифодаи калима, ибора, ҷумла, меъёри талаффуз, калимасозӣ ва шаклсозӣ, масъалаҳои ҳусни баён баррасӣ мегардид. Дар робита ба ин дар маҳфил журналисти муваффақ ва сермаҳсул, корманди телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Умеди Шарифзод иштирок ва суханронӣ намуд. Маҳфилро нахуст профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ Мирзоева Моҳира Мадиброҳимовна ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф нақши устод Баҳриддин Камолиддиновро дар рушди забоншиносии тоҷик, махсусан, услубшиносӣ ва медиалингвистика, тарбияи шогирдон, таъсиси маҳфили “Меҳри сухан” қайд намуд. Сипас, сухан ба журналист Умеди Шарифзод дода шуд. Ӯ дар бобати хизмати профессор Баҳриддин Камолиддинов дар рушди забоншиносии тоҷик, таъмини асолати забони адабии тоҷикӣ, тозаву беолоиш нигоҳ доштани он, ҳамчунин фазилатҳои инсонии он кас суханронӣ намуд. Таваҷҷуҳи иштирокчиёни маҳфилро чӣ тавр ба миён омадани барномаи “Меҳри сухан” (баъдан “Ҳусни баён”), ҷараёни сабти он, мушкилот дар ин самт ба худ ҷалб кард. Умеди Шарифзод ба суолҳо ҷавоб дод ва донишҷӯёнро барои ҳамкорӣ бо телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” даъват намуд. Баъдан профессорони кафедра Мушаррафа Ҷӯраева  ва Меҳроб Ҷумъаев ба сухан баромада,  хотираҳояшонро аз даврони ҳамкорӣ бо устод нақл карданд. “Агар ман забоншинос намешудам, боғбони хуб мешудам” ба ёд оварданд суханҳои устодро М. Ҷӯраева. М.Ҷумъаев зикр карданд, ки агар умр ба устод вафо мекард, хотираҳои он касро дар як китоб ҷамъ меовардем”.

“Устод Баҳриддин Камолиддинов, воқеан, боғбони хуби боғи умр ва гулшани маърифат буданд, ки ҳам фарзандони хуб ва ҳам як идда шогирдонро тарбия карда ба камол расониданд. Чароғи меҳри сухан, ки устоди азиз фурӯзон карданд, ҳаргиз хомӯш нахоҳад шуд. Ёдашон гиромӣ бод”. Бо ин суханҳо муаллима Моҳира  Мирзоева ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид. Маҳфил дар сатҳи олӣ ва басе хотирмон гузашт.