Home Blog Page 16

НА ҶОН ГУФТАМ, НА ТАН ГУФТАМ. ВАТАН ГУФТАМ! (Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ)

0

«Тамоми афроди ҷомеа – аз хурд то бузург бояд ба қадри аҳаммияти ҳаётии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва ин неъмати бебаҳоро баробари дастоварди бузургтарини таърихи навини кишвари азизамон, яъне истиқлолу озодӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоянд».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳанӯз 23 сол қабл – 26 июни соли 2000 зимни ироаи нахустин паёми табрикӣ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд: “Имрӯз мехоҳам як хақиқати воқеиро, ки қаблан ҳам гуфта будам, бори дигар таъкид намоям. Ҳақиқат ин аст: омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии азалии ин мардум вобаста аст”.

Набояд фаромӯш кунем, ки сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ хизмати бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон ва Пешвои миллат аст. Дар марҳилаи муосир, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи худ қарор додааст, мо тамоми дастовардҳоямонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста медонем, зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан суботу оромӣ мебошад. Сулҳу суботи ҷомеа мисоли гавҳараки чашм неъмати азиз аст. Ҷашни ваҳдати миллӣ як тантанаи оддӣ ва лофи баланди ватандорӣ нест. Ин ҷашни кор ва фаъолияти шоиста аст, ки тавассути талоши ибратомӯзи худ манфиатҳои миллат ва давлатро дар арсаи байналхалқӣ ва муборизаҳои иттилоотӣ ҳимоя карда тавонем.

Роҳи тайкардаи мардуми тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҳамвору бемониа набуд. Даҳҳою садҳо нохалафону кӯрдилон намехостанд ва имрӯз ҳам намехоҳанд, ки Тоҷикистон баланд садо диҳад. Роҳбари давлат тӯли солҳои Истиқлол ҷон дар каф сӯйи қуллаи мурод – таъмини осоиш ва сулҳу салоҳи саросар қадам мезананд.

Дар замони Истиқлол Тоҷикистон ба як мамлакати ободу амн ва пешрафта табдил ёфт. Доир шудани ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳамоишу конфронсҳои минтақавӣ дар мамлакати мо ба ҳукми анъана даромада, кафили сатҳи шоиста ҳастанд.

Албатта, бояд холисона иқрор шавем – ҳанӯз камбудиҳои зиёд мавҷуданд, ки ҳалли зудтари онҳо ба манфиати ҳамаи қишрҳои ҷомеа аст, аммо мо хуб дарк мекунем – рафъи ин масоил кори як рӯзу як сол набуда, заҳмати ҳамешагии на танҳо як шахсият, балки ҷомеаро тақозо мекунад. Мушкиле нест, ки осон нашавад. Технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ, на танҳо усулҳои дарҷ ва пахши иттилоотро тағйир дод, балки вазифа, қонуният, тип, фарогирӣ ва принсипҳои журналистикаро дигаргун сохт. Равишу қолабҳои анъанавӣ, ки дар чорчӯбаи муайян дарк карда мешуданд, ба қолабҳои наву тағйирёбанда мувофиқ мешаванд.

Дар ин робита, арзёбии дурусти ҳодисаҳои сиёсию амниятии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ва таъсири он ба авзои сиёсию мафкуравии кишвар, ояндабинии илмии воқеоти сиёсию иҷтимоӣ, мушаххас намудани роҳҳо ва воситаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди гуруҳҳои мухолиф, ифротгароии динӣ ва хурофотпарастӣ дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирӣ аз ҳуҷумҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳанги бегона дар сатҳи расонаҳо, пешниҳоди назари алтернативӣ дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ аз ҳисоби ғолибони афкор ва тарбия намудани ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус ва дорои дидгоҳи миллӣ тариқи барномаҳои расонаию иттилоотӣ ҳадафи умдаи на танҳо Ҳукумати мамлакат, балки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.

Дар шароити муосири мураккаби авзои геополитикии ҷаҳон ва махсусан минтақа барои таҳкими истиқлоли давлатӣ эътибори ҷиддӣ додан ба масъалаҳои тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва фазои устувори сиёсӣ дар мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таъмини рушди устувори иқтисод, истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул хеле муҳим арзёбӣ мегарданд.

Ташкили давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо назардошти суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву иҷтимоӣ роҳест, ки онро мардуми тоҷик баъди чашидани меваи талхи ҷанги шаҳрвандӣ интихоб намудааст ва мо бо ҳамин роҳ устуворона пеш меравем.

Сулҳ аз ҷумлаи арзишҳои бебаҳоест, ки башарият дар тӯли таърихи дурударози худ эҷод кардааст ва ҷавҳари онро заковати мардуме ташкил мекунад, ки соҳиби хирад ва фарҳанги қадимаву инсондӯстона аст.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҳақиқат, омӯзанда аст. Муваффақияти бузургтарини мо ҳам ин аст, ки ваҳдати миллӣ ва якпорчагии қаламрави Тоҷикистонро ҳифз карда тавонистем. Ба қавли шоир Рустам Ваҳҳоб,

На сар гуфтам, на по гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,

Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.

Пешвои мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон бар хилофи ҳамаи нотавонбинҳои дохилию хориҷӣ, ки ба ояндаи давлати мо хушбин набуданду нестанд, ҷасурона зимоми давлатдориро дар даст дошта, моро ба ояндаи дурахшон мебаранд. Нахустин сухане, ки Пешвои муаззами миллат аз минбари баланди Иҷлосияи таърихӣ XVI Шурои Олӣ гуфтанд, «ман ба Шумо сулҳ меорам» буд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Рӯзи ваҳдат дар байни ҷашнҳои миллии мо мақоми хоса дорад, зеро мо ба ин рӯзи пурсаодат бар ивази ҳазорон ҷони қурбоншуда, заҳмату машаққат ва сабру таҳаммули зиёд расидаем. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ба имзо расидани ин санади воқеан тақдирсоз яке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватан!

ҲАМИДИЁН И. И.,

номзади илми филология,

дотсенти факултаи журналистикаи ДМТ

РАСМИ “АРӮСИ ТОҶИК” (ё асаре, ки дар музояда 13,8 миллион доллар арзиш пайдо кардааст)

0

Расми “Арӯси тоҷик” (靳尚谊油画 – 塔吉克新娘) ё “Арӯси помирӣ”, ки соли 1983 тасвир шудааст, шоҳасари эътирофшудаи ҷаҳонист, ки шохаи нав дар эҷодиёти рассоми маъруфи чинӣ Тсзин Шан ба ҳисоб меравад.

Маҳз ин расм моҳи ноябри соли 2013 дар музоядаи China Guardian гузошта шуда буд ва чанд маротиба гаронтар аз арзиши тахминияш ба 13,89 миллион доллар (бо назардошти комиссия) фурӯхта шуда буд.

Рассоми маъруф дар баробари «Арӯси тоҷик» чанд расми дигарро дар тасвири симои духтарони эронии шарқӣ бо либосҳои миллӣ ва кулоҳ (рӯймол, сарпӯш) бо нақшҳои хоси мардуми Эрони Шарқӣ кашидааст, ки ин нақшҳо дар либосу кулоҳи мардум ноҳияи Ишкошим, махсусан дар водии Вахон, дар ҳавзаи мухтори чинии тоҷикон ва як қатор ноҳияҳои Покистону Афғонистон бештар маъмуланд.

Дар эчодиёти Тсзин Шан ҳам таъсири «услуби сахт»-и шуравӣ ва ҳам мактаби рассомии Аврупо эҳсос карда мешавад. Рассом ба омӯхтани мероси давраи Эҳё ва классикӣ бисьёр вақт сарф карда, дар айни ҳол дар асарҳои худ нигох доштани руҳияи чиниро зарур медонист.

Тсзин Шан, ки синнаш аз 80 гузаштааст, ба намояндагони барҷастаи насли якуми рассомони Чин тааллуқ дорад. Андешаи ин гурӯҳи рассомон ба андозаи зиёд дар зери таъсири наздиктарин иттифоқчии Чин — Иттиҳоди шуравӣ ташаккул ёфтааст.

(Ин матн аз гурӯҳи “Ганҷи Бадахшон”, аз саҳифаи Илҳом Ошуриён таҳия гардидаст, ки дар таърихи 02.07.2020 нашр гаштааст)

P.S. ЧАНД НУКТА ДАР ҲОШИЯ:

1. Ин расм (ангора) аз фарҳанги қадимиву ҷаҳонии мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад, ки дар як минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон умр ба сар мебаранд;

2. Тимсоли зебоиву гулрӯ будани бонуи кӯҳистонии тоҷик аст;

3. Ҳарчанд муаллиф аз рӯҳияи чинӣ ишора намояд ҳам, аммо дар ин расм он хеле ночиз ба назар мерасад ва аҷиб ҳам он аст, ки бо ин сифат он 13,8 миллион доллар арзиш пайдо кардааст;

4. Ин расм бори дигар ба аксар баҳсҳои тира (қавмият ва миллат) нуқта мегузорад ва шаҳодат медиҳад, ки мо як миллат ҳастем. Бубинед, ки рассоми чинӣ дар асараш (“Арӯси тоҷик” ва “Арӯси помирӣ”) байни мо фарқе намегузорад;

5. Фарҳанги халқи тоҷик ҷаҳонгир аст ва тавассути он халқи тоҷик дар ҳама давраҳо муаррифӣ мегардад. Яъне тули таърих тоҷик ҳамеша бо мардуми зебопарасташ, фарҳангу адабиёти инсондӯстонааш худро нишон додааст. Ин расм бозгӯйи асолату ҳуввияти мардуми мо мебошад;

6. Расмҳо бо пуррагӣ ба фарҳангу анъанаҳои муштараки мардумони як минтақаи калони тоҷикнишин (бо шумули Покистону Афғонистон) ишора доранд;

Таҳияи

Сангин Гулов,

Бахтиёри Қутбиддин.

БИҲИШТ ҶОЕ, КИ ОЗОРАШ НАБОШАД…

0

Ҳар як инсон зодаву парвардаи як Модар-Ватан аст, ки бо меҳру муҳаббат, навозишу ғамхориҳои он ташаккул ёфтааст. Аз ҷумла, мо низ дар як кишвари ободу зебо, озоду дилоро, сарзамине, ки торафт дилкашу диданӣ шуда истодааст, умр ба сар мебарем. Ҳамаи ин созандагиҳо бо мафҳумҳои сулҳ, ваҳдат, ягонагӣ, истиқлолият ва дигар арзишҳои миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Дар шароити кунунӣ, ки вазъи ҷаҳон ноором асту терроризм ва экстремизм барин зуҳуроти номатлуб фазои ҷаҳонро фаро гирифтааст, сулҳу суботи комили мамлакатро эҳтиёту эҳтиром кардан ниҳоят зарур аст. Маҳз ҷиҳати осудагии ҳаёти мардум ва оромии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон ва махсусан, сарвари кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди тамоми соҳаҳои халқ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ин нукта ҳамасола дар Паёми роҳбари кишвар ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад.

Мувофиқи Кодекси ҷиноятӣ, хиёнат ба Ватан, ба халқи худ гуноҳи вазнин ва нобахшиданист. Давлат низ ба ин гуна шахсони хиёнаткору ҷиноятпеша чораҳои қатъӣ меандешад.

Дар урфият мегӯянд: “Чоҳканро чоҳ дар пеш аст”. Таърих борҳо гувоҳи он шудааст, ки амалҳои ҷинояткоронаи хоинони ватан беҷавоб намондааст. Онҳое, ки оромии кишвари моро вайрон карда, осудагии мардумро рабуданӣ шуданд, бо як марги бешарафона ба мисли сагон ҷон доданд, зеро онҳо вазъи кишварро ноором карда, боиси марги одамони бегуноҳ, халалдор шудани оромию осоиштагии мардуми Тоҷикистон гардиданд.

Манъ намудани фаъолият ва террористӣ эълон гардидани ҳизбҳое, ки манфиатҳои шахсии худро аз ободиву оромии кишвар боло медонистанд, мардуми дар ҷаҳолатмондаро аз пайи худ мебурданд, амри саривақтӣ буд. Дар моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун намудани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамояд, манъ аст”.

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон бо нияти ғасби давлат ба ягон кишваре ҳуҷум накардаанд, хуни мардуми ғайрро нарезондаанд. Онҳо танҳо муқобили зулму истибдод, баҳри озодиву истиқлоли худ мубориза бурдаанд. Мо – тоҷикон, қаҳрамониҳои фарзандони муборизу диловари худ – Шерак, Спитамен, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Восеъ, 54 нафар Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Имрӯзҳо ин мардуми шарафманд зери роҳбарии Президенти мардумӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиву дастовардҳои беназир ноил гардид. Таҳти роҳбарии сарвари кишвар дар давоми зиёда аз чоряк аср мамлакати мо аз давлати камбизоат ба осудаҳол табдил ёфт, ки онро душманони хориҷиамон дида натавонистанд. Ҷалб гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, тарконидани ҷойҳои обод, қатли ом, хоса вайронкориҳои ин табааи ҷоҳилу бехирад исботи гуфтаҳои болост. Инро ба назар гирифта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишҳояшонро ба он равона намуданд, ки ба ҳар васила ин ҷавононро аз ин роҳ баргардонанд, як қисми онҳоро аз Сурия ба ватан баргардониданд, ба онҳо имкон доданд, то дар зодгоҳи худ озодона зиндагиву кор кунанд. Барои пешгирии зуҳуроти номатлуб ва ҷалби ҷавонон ба онҳо сарвари кишвар имконият фароҳам оварданд, то иқтисодиёти кишвар рушд кунад ва ҳадди имкон мардум бо кор таъмин шавад. Ифтитоҳи корхонаҳои муштарак, рушди соҳибкорӣ дар кишвар, таҳияи барномаҳои рушди иқтисоди миллӣ ва амсоли инҳо амалҳои хайре мебошанд, ки ба афзудани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар самти сиёсати беруна бо кишварҳои ҷаҳон, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва некуаҳволии мардум нигаронида шудаанд. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Точикистонро дар тамоми олам ҳамчун кишвари биҳиштосо ва мардумашро сулҳдӯсту сулҳпарвар ва озодидӯст муаррифӣ намуд. Пас, мардуми шарифи Тоҷикистонро мебояд ин мавқеи худро устувор нигаҳ дорад, баҳри таҳкими сулҳ, дӯстӣ, ягонагӣ, ваҳдат, истиқлол саъй намояд, то терроризму экстремизм барин зуҳуроти номатлуб реша надавонида решакан шавад.

Мирзоева Моҳира Мадиброҳимовна,

 д.и.ф. профессори кафедраи улубшиносӣ ва таҳрири адабӣ

29–УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ МУБОРАК БОШАД!

0

Бахшида ба ин солгард бо ибтикори бахши тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори донишгоҳ бо иштироки устодону шогирдон ва меҳмонон ҷамъомади идона баргузор гардид.

Ҳамоишро ректори донишгоҳ профессор Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуда, нақшу заҳмати сарҳадбононро дар тинҷиву осудагии зиндагии мо муҳим арзёбӣ намуданд.

Бехатарии сарҳад ин пешрафту инкишофи давлат мебошад ва он рисолати ватандории ҳамагон аст. Ҳифзи сарҳад вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд баҳогузорӣ гардида, нақши донишгоҳро дар маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ махсус номиданд.

Дар ҳақиқат боиси ифтихор аст, ки имрӯз даҳҳо нафар хатмкардагони донишгоҳ дар хатҳои сарҳадӣ адои хизмат менамоянд. Ихтиёран ба хидмати ватан рафтани донишҷӯёни донишгоҳ ба як анъана табдил ёфт.

– Имрӯз шароиту имконият дар ҳама қисмҳои низомӣ дар сатҳи баланд қарор дорад ва ҷавонон дилпурона марзу буми худро ҳифз менамоянд, – афзуд ректори донишгоҳ.

Дар ин вохӯрӣ Сафаралӣ Сайфуллоев – генерал – лейтенант, собиқ муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуда, солҳои аввали душвори таъсис додани ин навъи қӯшунҳоро таъкид намуданд.

С.Сайфуллоев аз солҳои душвори остонаи истиқлолият ишора карда, ба заҳматҳои зиёди Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд доданд.

– Ҳама чиз аз сифр оғоз мегардид ва шароити имрӯза нисбат ба он солҳо қиёснашаванда мебошад, қайд намуд генерал

Полковники Қӯшунҳои сарҳадӣ, дотсенти Мактаби олии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Нигина Муминзода низ дар бораи аҳамияти таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ андешаҳои ҷолибро баён намуданд ва ҳама пешравиҳоро дар ин самт боиси ифтихор донистанд.

Дотсент Файзалӣ Амин низ ҳамчун иштирокчии ҳаводиси Афғонистон дар бораи ватандӯстӣ ва дигар уфуқҳои худшиносӣ фикрҳои худро баён карданд.

Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин подполковник, устоди Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ Садриддин Зоиров, подполковник ва устоди ҳамин донишкада Темирлан Дудиев ва дигар меҳмонон ширкат доштанд.

Вохӯрии мазкур барои аҳли устодону донишҷӯён хеле омӯзандаау ибратбахш буд

Бахтиёри Қутбиддин,

 декани факултети журналистика

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ -ТАҲДИД БА ҲАСТИИ ҲАЁТ

0

Дар ҷаҳони муосир аҳли башар ба проблемаҳои гуногуни глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад, ки барои рафъи ин мушкилӣ бояд тамоми сокинони сайёра саҳми худро гӯзоранд. Яке аз чунин проблемаҳое, ки хатарноктар ба шумор меравад ин ивазшавии иқлим мебошад. Тағйирёбии иқлим метавонад сабабгори марги тамоми мавчудоти зинда дар кураи Замин гардад ва инсоният барои пеши роҳи онро гирифтан оҷиз мебошад. Танҳо метавонад тавассути ақли солим ва андешаи дурбинонаи хеш роҳҳои коҳишёбии ивазшавии иқлимро омӯзад ва дар амал татбиқ намояд. Вобаста ба ин мавзӯъ суҳбате дорем бо пажӯҳишгари журналистикаи экологӣ Ҷамолиддин Яқубов.

– Кадом омилҳо ба ивазшавии иқлим боис мешаванд?

Инсоният дар раванди ивазшавии иқлим қарор дорад. Омилҳои ивазшавии иқлимро ба табиӣ ва  антропогенӣ тақсимбандӣ мекунанд. Омилҳои табиии ивазшавии иқлим ин ба табиат алоқаманд буда, бидуни  таҷҳизотҳои ченкунанда маълум мебошанд, аз ҷумла, баландшавии ҳарорати миёнаи сайёра, ивазшавии ҳарорат дар фаслҳои сол, зимистонҳои нарм ва моҳҳои аз меъёри муқаррарӣ гарми тобистон, обшавии пиряхҳо ва баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ инчунин ба иқлим дигаргуншавии меҳвари Замин, майдони магнитии он, андозаи материкҳо ва уқёнусҳо, аз қаъри замин баромадани вулканҳо ва ғайра. Омилҳои антропогенӣ бошанд ин таъсири инсон ба табиат аст, ки дар натиҷаи  ба атмосфера газҳои гуногун аз ҷониби корхонаҳои кимиёӣ паҳн шудан,  тағйирёбии иқлим ба амал  меояд ва он газҳоро газҳои парникӣ мегӯянд, ки  он газҳо дар атмосфера бухор намешаванд ва доим дар гардиш мебошанд ва боис ба боридани боронҳои ишқорӣ мегарданд.

–  Оё метавонад ивазшавии иқлим ба ҳастии ҳаёт дар кураи замин таҳдид намояд?

Собиқ муншии дабири кулли СММ Пан Ги Мун дар яке аз конфронсҳояш соли 2008 гуфта буд, ки оқибатҳои ивазшавии иқлим аз ҷанг ҳам бадтар аст. Воқеан ҳам аз ҷиҳати хатарнокӣ ивазшавии иқлим аз ҷанг ҳам бадтар мебошад. Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба обшавии пиряхҳо, ки дар натиҷаи он сатҳи оби кӯл дарёҳо баланд шуда обхезӣ ба амал меояд, норасоии оби нӯшокӣ, хушксолӣ ва биёбоншавӣ оварда мерасонад  Ҳамаи ин ҳодисаҳо барои кураи замин хатарнок маҳсуб мешаванд ва метавон гуфт, ки ба ҳастии ҳаёт барои  мавҷудоти зинда таҳдиди калон мебошад.

– Оё дар таърихи инсоният маротибаи аввал аст, ки ин ҳодиса ба назар мерасад ё ивазшавии иқлим тағйирёбии мавсимӣ буда, баъди чанд даҳсола боз барқарор мешавад?

Дар ин бора фарзияҳо гуногун ҳастанд. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ивазшавии иқлим дар гузашта ҳам буд. Ҳоло ки асосан гармшавии иқлим ба назар мерасад, баъзе муҳаққиқон бар он назар мебошанд, ки ин ҳодиса метавонад баръакс шавад, яъне ба сардшавии ҳаво мубаддал шавад ва инҳо танҳо фарзия мебошанд ва лекин ҳаминро мегӯянд, ки ивазшавии иқлим дар гузашта ҳам буд ва боз барқарор гашта буд. Аз ин фарзияҳо бармеояд, ки ивазшавии иқлим ҳодисаи мавсимӣ буда, дубора барқарор гаштанаш аз имкон дур намебошад.

– Чи гунае ки медонем СММ баҳри рафъи ин масъала «Конвенсияи байналмилаии тағйирёбии иқлим»– ро қабул кардааст. Баъди қабули ин конвенсия проблемаи мазкур то чи андоза беҳтар гардид?

Ҳар сол дар робита ба ин масъала конфронси байналмилалӣ бо иштироки   намояндагони аксари давлатҳои ҷаҳон баргузор мегардад. Албатта ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаҳои иқлимиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Аз ҳама муҳимтарин созишномае, ки дар робита ба ин масъала қабул кардаанд, ин созишноми Париж дар соли 2015 мебошад, ки давлатҳои зиёд ин созишномаро ҷонибдорӣ намуда, корҳои марбут ба ҳалли ин проблемаро анҷом дода истодаанд.

– Журналистон, ки проблемаҳои иқлимиро инъикос менамоянд, то чӣ андоза дар баррасии ин масъала муваффақ шудаанд?

Бидуни фаъолияти журналистон наметавон ягон масъаларо ҳал намуд. Журналистон он қишри ҷомеа ҳастанд, ки ба омма хабар ва маълумотҳои лозимиро дар ин ё он мавзӯъ мерасонанд, нақши онҳо дар инъикоси проблемаи ивазшавии иқлим назаррас аст, аммо ҳанӯз масъалаҳои ҷиддӣ зиёданд, ки барои расондан ба омма пеш аз ҳама журналистонро омода кардан лозим аст, яъне семинарҳои омӯзишӣ бо коршиносони ватаниву хориҷӣ гузарондан лозим аст, то моҳияти тағйирёбии иқлим, чораҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани оқибатҳои харобиовари тағйирёбии иқлим ба аудитория дуруст расонда шавад.

– Ташаккури зиёд барои сӯҳбат!

Мусоҳиб: донишҷӯи

курси 3-юм Султон Каримов

ГЛОБАЛИЗАТСИЯ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

0

 Имрӯзҳо дар ҷаҳон раванду ҷараёнҳое амал мекунанд, ки фарҳангҳоро ба ҳам мепайванданд, ва глобализатсия яке аз он равандҳое мебошад, ки ҷаҳон бештар зери таъсири он мондааст.

Глобализатсия равандест, ки ҳамеша бо зиндагии мардум алоқаманд буда, бо он дар гардиш аст. Дар асри XXI ҷаҳон бештар зери таъсироти ин раванд монд. Маънои глобализатсия бошад ин – босуръат паҳн гаштани фарҳангу маданиятҳои пешқадам, махсусан дар истеҳсолоти технологияи муосир мебошад. Марҳилаи глобализатсия соҳаҳои иқтисодиро афзуда, дар ин давра давлатҳои пешсаф рӯ ба саноатикунонӣ овардаанд. Ҳоло бошад қариб 60% -и гардиши молҳои ҷаҳонӣ ба давлатҳои пешрафта дар соҳаи саноат рост меояд, ки дар онҳо ҳамагӣ 20%-и аҳолии курраи замин зиндагӣ мекунанд. Дастовардҳои охири солҳои 70-уми асри ХХ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсия ба рушди ҷаҳонишавӣ такони наве доданд. Агар глобализатсияро ҳамчун тарғиботи фарҳанги як халқ бар дигарон фаҳмем дар журналистика низ онро чун тарғиби усулу равишҳои хабарпаҳнкунии як гурӯҳ бар гурӯҳи дигаре фаҳмидан мумкин аст. Айни ҳол мувофиқи нишондодҳо бештар усулҳои журналистикаи ғарб тарғиб шуда истодаанд. ВАО-и тоҷик низ дар ин радиф истисно нест. Марҳилаҳои ташаккули журналистикаи тоҷикро мо метавонем аз китоби “Таърихи журналистикаи тоҷик”, ки ба қалами профессор Иброҳим Усмонов ва Давлат Давронов, устодони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тааллуқ доранд, дарёбем. Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ хеле таҳаввулоту дигаргуниҳои муҳимро дар ВАО- и тоҷик дидан мумкин аст. Барои мисол аз аввалин газетаву радио сар карда, то ҳамаи васоити замонавӣ. Пайдоиши ВАО, ки аввал танҳо газетаву журналҳоро дар бар мегирифт рафта – рафта радио пайдо шуд, сипас, телевизион ва билохира пайдоиши интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ такони дигаре буд дар ин соҳа. Бо пайдоиши интернет имконоти дастрасии саривақтӣ ба хабар пайдо шуд. Айни замон ҳама метавонанд дар дилхоҳ замон ё макон тавассути интернет маводи лозимаи худро дар форматхои гуногун дастарс кунанд. Ин ҳам натиҷаҳои ҷаҳонишавист, чун интернет ва шабакакҳои иҷтимоиро нафарони алоҳида кашф карданд ва онро дар саросарӣ дунё истифода мебаранд. Дар ҳоле, ки техникаву технология босуръати кайҳонӣ рушд дорад, ва ҳамагон пайваста дар ҷустуҷӯи навгониҳои дигаранд мо ҷавононро месазад, ки дар баробари ин ҳама навгониҳо фарҳангу таърихи хешро пос дорему нисбати онҳо арҷ гузорем то ба наслҳои баъдина расад.

Умеда Иноятова,

донишҷӯи соли сеюм

ЗӮРИ МУШТ ДАР ВАҲДАТИ ПАНҶ АНГУШТ

0

Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

Аз соли 1998 дар кишвари мо 23 май ба сифати “Рӯзи ҷавонон” таҷлил мегардад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” дар таҳрири нав 23 декабри соли 2021, №1830 ба тасвиб расида, аз 5 боб ва 33 модда иборат аст ва асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ташаккулу камолоти ҷавононро бо мақсади амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ карда, истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳоро ба манфиати ҷомеа муайян менамояд.

Арҷгузорӣ ва таваҷҷуҳ ба ҷавонон танҳо хоси як рӯз набуда, дар сиёсати ҷавонпарварона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ ва барҷаста дорад.

Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатҳои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон ба ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст. Зарур аст, ки заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, ҳарбии мудофиавӣ, идеологӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон такмил дода шуда, ҷиҳати рушди фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.

Дар баромадҳои пурмуҳтавои Роҳбари давлат дуруст қайд мешавад, ки ба ҷавонон дар баробари эҳсоси худшиносии милливу ғурури ватандорӣ омӯхтани таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ, арзишҳои башарию эҳтироми фарҳангми миллӣ дар шароити кунунии ҷаҳони зудтағйирёбанда шарт ва зарур аст.

Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ва шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ собит месозанд, ки аз неруи ҷавонон имрӯз неруҳои мухталиф мехоҳанд ва манфиати худ истифода намоянд.

Ба ниёзҳои муосири ҷавонон мутобиқ шудани сиёсати ҷории Ҳуқумати мамлакат раванди мудовим ва муттасил мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар ин самт вобаста ба раванду тамоюл ва падидаҳои гуногун тағйир ёфта, мукаммал гардидааст. Пажуҳишҳое, ки нисбат ба ҳаёти ҷавонон дар кишвар дар партави тасмимҳои Ҳукумати кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ сурат гирифтаанд, нишон медиҳанд, ки давлат ба сифати дастгоҳи идоракунанда талош дорад вобаста ба талаботҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии насли ҷавон ташаббусҳои марбутаро амалӣ созад. Дар меҳвари муҳтавои кулли ташаббусу тасмимҳои сиёсати давлатии ҷавонон – чи дар тартибу муқаррар кардани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва чи чорабиниҳои амалӣ лозим аст, ки манфиатҳои миллӣ дар фаъолияти ҷавонон ҳифз ва гиромӣ дошта шаванд. Ин нукта дар тамоми таҳқиқоти илмию публитсистӣ ишора шуда, чун хулосаи бебаҳс қабул гардидааст.

Ҷавонони Тоҷикистони имрӯз моҳияти Истиқлоли давлатиро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром мегузоранд ва аз он ифтихор мекунанд. Дар ин сурат мо аз амнияти давлату миллат ва рушду ободии Ватани азизи худ дар оянда хотирҷамъ буда метавонем. Тарбия намудани эҳсоси ватандӯстӣ дар ҷавонон ва омодабошӣ барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми кишвар аз авлавиятҳои маҳсуб меёбад, ки механизмҳои он дар шароити феълӣ бояд ҳатман бознигарӣ гардад. Ҷавонон барои дифои ҳар ваҷаб хоки сарзамини аҷдодӣ ва ба ин васила, мусоидат дар таъмини амнияти сокинони мамлакат чун имрӯзу ҳамеша омода бошанд.

Ҷавонон дар дурнамои сиёсати давлатдории хеш беҳтарин арзишҳои тамаддуни башариро пазируфта, парастиши ноогоҳона ва тақлидкоронаи фарҳанги барои миллати мо бегона, зӯроварӣ, фаҳшу таҳқир, хусусан унсурҳои ноҷои паст задани шарафи инсон, коҳидани ахлоқи ҳамидаву ҷаҳони поки маънавиро қабул надоранд. Корбарии бештар дар ин самт муҳим ва муассир мебошад. Барои ин шинохтан аз мероси гузаштаи маънавӣ ва шахсиятҳои барӯманди илмӣ, динӣ, адабӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии халқи хеш аз манфиат холӣ нест, аммо муҷаҳҳаз шудан бо донишҳои замонавӣ низ нақши бағоят бузург дорад.

Пешвои муаззами миллат дуруст мегӯянд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии амалҳои ношоиста ва қонуншиканиҳо, инчунин аз ҷониби ҷавонон ба таври зарурӣ ҳифз гардидани ҳуқуқҳои конститутсиониашон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо мебошад.

Дар шароити муосири Тоҷикистон бе тарбияи насли ҷавони дорои ахлоқи ҳамида, донишҳои касбии замонавӣ ва забондон эъмори ҷомеаи мутамаддин ва давлати пешрафта умуман имконнопазир аст. Тавре медонем, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар шаҳрванд озодии дин ва виҷдонро кафолат медиҳад. Дар баробари ин, давлат ва ҳукумати Тоҷикистон омӯзиши илмҳои диниву мазҳабиро инкор накарда, тибқи ниёзи ҷомеа ва ба тариқи расмӣ танзиму ташкил кардани онро аз вазифаҳои муҳими хеш медонад.

Дар доираи фаъолияти худ ва татбиқи сиёсати идеологӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва зисту зиндагонии ҷавонон, паст намудани сатҳи бекорӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни онҳо ва вайроншавии оилаҳои ҷавон мо бояд тадбирҳои мушаххасро рӯйи кор оварда, бо ҷалби мустақими буҷети давлатӣ ва маблағгузориҳои ғайрибуҷетӣ барои ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам меорем.

Зарур аст, ки заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, ҳарбии мудофиавӣ, идеологӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон такмил дода шуда, ҷиҳати рушди фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон заминаҳои боз ҳам мусоид фароҳам оварда шаванд.

Мо бояд кӯшиш намоем, ки ҷавононро ҳамчун нерӯи воқеии роҳбарикунанда муаррифӣ намуда, саҳми назарраси онҳоро дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин намоем. Ҷоннок намудани фаъолияти созмонҳои кор бо ҷавонон дар шароити мураккаби муосир, густариш бахшидани принсипи “аз ҳамсол ба ҳамсол”, вокуниши саривақтӣ ба маводи муғризона дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, таъмини иҷтимоии ҷавонон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, мусоидат дар иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа вазифаи ҳамаи мо мебошад.

Аз контексти сиёсати давлатии ҷавонон бармеояд, ки мавқеи давлат ба ҳаёти ҷавонон ва неруи ҷисмониву ақлонии онҳо дар асоси принсипҳои волои башарӣ ва шаҳрвандӣ муайян шудааст. Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар заминаи сиёсати ҷавонон далели онанд, ки сиёсати давлатӣ дар ин соҳа муваффақ аст.

Рӯзи ҷавонон муборак, ҷавонони хушбахти даврон! Зӯри мушт дар ваҳдати панҷ ангушт!

Ҳамидиён И. И.,

дотсенти кафедраи

телевизион ва радиошунавонӣ

АЛАЙҲИ КОРРУПСИЯ МУБОРИЗА БОЯД БУРД!

0

Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддиест, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Амалҳои коррупсионӣ қариб дар ҳама давлатҳои ҷаҳон ба чашм мерасанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин рӯйхат истисно нест. Мувофиқи ҳисоботи нашрнамудаи созмони – Transparency International оид ба дараҷаи коррупсия, Тоҷикистон дар миёни 180 давлати дунё, мақоми 164-умро ишғол кард, ки ин дар навбати худ, кишвари моро ҳамчун яке аз давлатҳои дараҷаи коррупсияаш бениҳоят баланд эътироф намуд. Новобаста аз чораҷӯиҳои мамлакат алайҳи коррупсия ин амал, то алҳол бараъло мушоҳида мешавад.

Коррупсия дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ба назар мерасад. Онро метавон яке аз факторҳои асосии паст шудани иқтисодиёти кишвар ва коҳишёбии эътимоди шаҳрвандон ба давлат номид. Сабабҳои зоҳиршавии коррупсия гуногунанд. Яке аз сабабҳои асосии зоҳиршавии коррупсия ин паст будани даромаднокӣ дар мамлакат аст, ки барои рушди коррупсия шароити мусоид фароҳам меорад.

Барои мубориза алайҳи коррупсия бояд, сараввал тафаккури ҷомеаро дигар намуд. Ҷомеаи мо чунин мепиндорад, ки коррупсия як амали маъмулӣ буда, аксаран беҷазо мемонад. Бо сабаби баланд будани дараҷаи коррупсия дар Тоҷикистон, эътимоди шаҳрвандон ба мамлакат коста аст. Инчунин шаҳрвандон бояд ҳуқуқу озодиҳои худро донанд. Баъзан сабаби сар задани амалҳои коррупсионӣ ин надонистани қонун аз ҷониби шаҳрвандон ва сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ аз ҷониби мансабдорон аст. Дар ҳолати дуруст омӯзонидани қонун ба шаҳрвандон, эҳтимолияти амалҳои коррупсионӣ ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт.    Барои коррупсияро нобуд сохтан бояд ҳамаи сохторҳои давлатӣ, инчунин ҷомеаи шарвандӣ сафарбар карда шаванд. Назорат аз болои фаъолияти ҳама соҳаҳо қатъӣ ба роҳ монда шуда, кӯчактарин амали коррупсионӣ бояд бе муҷозот намонад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд аҳамияти худро дар ташаккули низоме, ки набудани коррупсияро кафолат медиҳад, дарк намуда, пайваста дар мубориза бар зидди коррупсия мавқеъ гирад. Бояд дарк намуд, ки мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон бояд сартосарӣ бошад. Ин раванди дуру дароз буда, иштироки фаъолонаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва мақомотҳои давлатиро тақозо менамояд.

Алиев Бузургмеҳр,

 донишҷӯи соли сеюм

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

0

Масъалае, ки имрӯзҳо тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Вожаи “терроризм” аз забони лотини гирифта шуда, ба маънои тарс, ваҳшат, даҳшатафканӣ, истилоҳи “экстремизм” бошад, ба маънои моҷароҷӯӣ ва ифротгароӣ омадааст. Сабаби асосии пайдоиш ва паҳншавии ин падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонону наврасони мо аз маърифати ҳуқуқии худ бехабаранд. Таълиму тарбияи нокифоя метавонад сабаби асосии ба ин гурӯҳҳо шомил шудани ҷавонону наврасон гардад.

Мақсади асосии гурӯҳҳои тундрав барҳам задани субот ва оромии ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Ба воситаи гумроҳ кардани ҷавонону наврасон ин тоифа бо рақибони сиёсии худ мубориза бурда, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва сарватҳои табиии ин ё он кишвар мубориза мебаранд. Чи хеле ба ҳамагон маълум аст ҷавонон нерӯи созанда буда, ояндаи ҳар як давлату миллат ба ҷавонони соҳибиродаву соҳибмаърифат, зираку эҳтиёткор ва донишманд сахт вобастагӣ дорад. Боиси нигаронист, ки имрӯз сафи ҷавонони ноогоҳу камсавод афзуда истодааст, ки ба ин гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда, бехабар аз мақсадҳои нопоки “хоҷагонашон” ҷони худро зери хатар мегузоранд. Ҳайф бар он нафаре, ки аз ноогоҳиву бемаърифатӣ ба доми фиреби моҷароҷӯён афтода, ашки модареро мерезонад, номи миллатеро доғдор менамояд.

Ба андешаи ман муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб вазифаи танҳо ҳукумат ё шахсиятҳои алоҳида набуда, тамоми қишрҳои ҷомеа бояд муташаккилона барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо мубориза баранд. Пеш аз ҳама лозим аст, ки сатҳи донишҳои сиёсиву динии ҷавонон баланд бардошта шавад, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву гуманизм тарбия ёбанд, фарҳанги дурусти истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО – ро донанд.

Мо ҷавононро лозим аст, ки ба ҷойи даст задан ба ҳар гуна амалҳои нопок ба омӯхтани илм касбу ҳунар ва забономӯзӣ машғул шавем, пайи ободкориву шукуфоии ватани худ бошем, ғурури миллии хешро аз даст надиҳем. Фаромӯш насозем, ки модаре ки Синову Хайём, Ҳофизу Саъдиро ба дунё овардааст ҳеҷ гоҳ террорист тарбия намекунад.

Тилабова Ирода,

донишҷӯи соли сеюм

ИЛМ, ИТЕРНЕТ ВА ҶАВОНОН

0

“Илм ин кори тафаккури монданашавандаи асрҳост”. (Алберт Эйнштейн )

Бо тамоюли ҷаҳонишавӣ илми муосир дорои имкониятҳои беназир мебошад ва пешрафти рӯзмарраи ҳаёти серҷабҳаи инсоният ба он вобастагӣ дорад. Воситаҳои иртиботӣ (коммуникатсионӣ)-ро дар ин раванд метавон дар саргаҳ қарор дод. Вобаста ба ин ҳанӯз дар соли 1904 Николай Тесла пешгӯӣ карда буд,  ки замоне мерасад инсон фикру ақидаҳои хешро ба масофаҳои дур фиристад. Ин пешгӯӣ асос дошт ва акнун бо гузашти 1 аср ин пешгӯӣ имконпазир гашт. Ба воситаи пешрафти илм ва технология имрӯз инсоният дар паҳн кардани ахбор ва дигар матлабҳо ҳеҷ мушкиле надорад. Ин дар ҳолест, ки 50 сол қабл барои ирсолу гирифтани ҷавоби як мактуб ба Русия, ё дигар кишварҳои имрӯзаи ИДМ 15-20 рӯз лозим буд.

Акнун он ҳама гузаштаҳо (дар масъалаи дастрасии матолиб) мисли афсона мебошанду хандаовар ба назар мерасанд. Пешрафти илм ва технология  дар замони муосир такони бузургро ба миён овард ва дар як лаҳза метавон натанҳо як мактуб балки ҷил-ҷилд китобҳоро ба як нуқтаи дури сайёра ирсол кард. Маҳз, ҳамин масъала (пешрафти васоити иртиботӣ) тараққиётии рӯзафзуни тамоми соҳаҳои ҳаётро ба таври назаррас дигар кардааст. Имрӯз васоити электронии алоқаву ахбор боис гардидааст, ки саривақт аз ҳамагуна таҳаввулот огаҳ шавем. Навигариҳои охирини илмӣ дар соҳаҳои гуногун, тиб, технология, шабакаҳои иҷтимоӣ  ва ғайра кору фаъолияти моро боз ҳам осонтар ва қуллайтар кардааст. 

Таъбири Тесла ҳақиқати худро собит кард ва инсон метавонад дар муддати хеле кутоҳ фикру ақидаҳои худро ба масофаи дур расонад. Ҷаҳони имрӯза воқеан ба як деҳаи бузург табдил ёфт ва дар чанд дақиқа метавон ҳама маълумотро дар бораи ин ҷаҳон аз Интернет пайдо кард. Вале ин масъала дар баробари манфиатҳо тарафҳои манфии худро низ дорад. Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз шабакаҳои маъмултарини паҳнамоии иттилоот гардидааст. Дар натиҷа журналистикаи интернетӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ ба вуҷуд омад. Ҷавонон ки қисмати зиёди вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, бояд эҳтиёткор бошанд. Зеро Интернет вақтдузд ва андармонкунанда буда, ба мафкура таъсири зиёди манфӣ мерасонад. Имрӯзҳо аксу наворҳоеро мебинем,  ки ба куллӣ ба истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ таъсир мерасонанд ва завқи ҷавононро мекоҳононанд. Яъне интернет маълумот диҳад ҳам, аммо хеле кам дониш мебахшад. Ҳеҷ вақт на он самареро дода метавонад, ки онро ҷавонон аз мутолиаву омӯзиши мустақилона дар китобхона ҳосил менамоянд.

Тавре маълум аст,  дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст. Чунки ҷавонон дорои афкори тозаю нав ва нерӯи муҳимми пешбарандаи иқтисодиёт буда, барои онҳо донишу касбу ҳунарҳои замонавӣ лозим аст. Танҳо дониш ва ҷаҳонибинии қавии ҷавонон истифодаи дурусту васеи технологияҳои муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Дуруст аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи ин қишри аҳолӣ диққати калон медиҳад. Махсусан, Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини  онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияи муосиру бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус медиҳанд. Тавре ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд: “Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд”. Аз ин ҷиҳат мо ҷавононро лозим аст, ки бо истифода аз ҳама шароит сидқан дар пайи омӯзишу таҳсил қарор дошта бошем. Ҳеҷ гоҳ зидди истифодаи Интернет нестем, аммо “донишҳои интернетӣ” ҳеҷ гоҳ устувор намебошанд. Албатта, агар Интернетро бо мақсади такмили дониш (ба сифати сарчашмаи китобу махзан) истифода бурда тавонем, пас мо муваффақ хоҳем буд.

Рухшона Умарзода,

донишҷӯи соли аввали

факултети журналистика

Хабарҳои пешниҳодшуда