НБО «Роғун» — унсури калидии таъмини суботи геополитикӣ ва амният дар Осиёи Марказӣ

0
124

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ба рушди энергетика, пеш аз ҳама, гидроэнергетика таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Бе таъмини истиқлоли энергетикӣ фароҳам овардани шароит барои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, расидан  ба чор ҳадафи стратегии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ғайриимкон аст, иброз доштааст доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров.

 Дар зимн матни пурраи андешаҳои коршинос мавриди таваҷҷуҳи хонандагон қарор мегирад. 

— Низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ феълан дар ҳолати буҳрони шадид қарор дорад. Абарқудратҳои замон баҳри ҳифзи  манфиатҳои  ғаразноки миллии худ вазъиятро дар фазои геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳон тезутунд намуда истодаанд. Муборизаи онҳо барои дастрасӣ ва назорат ба сарчашмаҳои энергетика, ки дар қитъаҳои гуногуни сайёра  ҷойгир мебошанд, идома ёфта истодаанд. Имрӯз мо шоҳиди он шуда истодаем, ки энергетика беш аз пеш ба яке аз унсурҳои асосии геополитика табдил ёфта, хусусият ва шаклгирии муносибатҳои байналмилалиро муайян менамояд. Мавҷудияти маҳдуди захираҳои энергетикӣ, инфрасохтор ва технологияҳои навтарин дар ин соҳа хатарҳои ҷиддиро барои устувории иқтисодӣ ва амнияти миллии бисёр давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бор меоварад. Раванди мазкур ду паҳлу дорад, яъне аз як тараф энергетика ҳамчун абзори геополитика истифода мешавад ва аз ҷониби  дигар, манфиатҳои сиёсӣ ба рушди энергетика ҳарчи бештар таъсир мерасонанд.

Равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки бо тағйироти инқилобии технологияҳо алоқаманд мебошанд, бо афзоиши босуръати истеъмоли энергия, баробаршавии сатҳи истеъмоли захираҳои энергетикӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва пешрафта иртиботи қавӣ доранд. Мувофиқи он масоили қонеъ гардондани талаботи рӯзафзуни инсоният ба неруи энергетикӣ тезутунд мегардад.

Соҳаи энергетика имрӯз бунёди тамаддуни муосири инсоният ё худ “тамаддуни энергетикӣ” буда, ба масир ва суръати тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ, амнияти халқу давлатҳо, инчунин муносибатҳои байналхалқӣ таъсир мерасонад. Таъминот бо озуқаворӣ, бо сару либос, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва дар онҳо муҳайё намудани шароити мусоиди зиндагӣ, интиқоли молу маҳсулот ва сафарҳои одамон, алоқа ва мубодилаи ахбор-ҳамаи ин соҳаҳои фаъолияти инсон ниёз ба энергия ё худ неруи барқиро  дорад. Хусусан, истифодаи гидроэнергетика боиси хеле кам шудани истифодаи ангишт, нефт ва чӯбу тахта ва чун натиҷа ба миқёси калон  коҳиш ёфтани  партовҳои моддаҳои зарарнок ба атмосфера мегардад.

Таҳлили равандҳои кунунӣ баръало нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии бозингарони асосии ҷаҳон ба масоили амнияти энергетикӣ зич алоқаманд буда, дар он рақобат барои назорат бар ҳудудҳои дорои захираҳои табиӣ, инфрасохтори транзитӣ ва ғайра мавҷуд аст. Афзоиши аҳамияти захираҳои энергетикӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ бархурди ҳам пинҳонӣ ва ҳам ошкорои низомию сиёсиро байни қудратҳои пешбар баҳри назорат бар соҳаи тавлиди неруи энерегитикӣ ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, дар айни замон  таъсири бузурги  соҳаи энергетика на танҳо ба муносибатҳои байналмилалӣ, балки ба геополитика  мушоҳида мегардад. Он инчунин сабаби шиддатёбии ҷиддии сиёсӣ дар минтақаҳои гуногун ва низоъҳои байнидавлатӣ мегардад.

Ин падидаҳои буҳронӣ ба бахши энергетика, хусусан  ба гидроэнергетика дар ҷаҳон низ таъсир расониданд. Бо такя ба гуфтаҳои боло таъкид бояд намуд, ки дар  минтақаи Осиёи Марказӣ дар дурнамои  наздик пайдоиши мушкилоти ҷиддии инфрасохторӣ низ бо захираҳои гидроэнегетикӣ ​​ва обтаъминкунӣ алоқаманд аст.

Агар солҳои пешин захираҳои об дар минтақа эҳтиёҷоти иқтисод ва кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказиро пурра қонеъ менамуд, пас имрӯз вазъият куллан дигар аст. Шумораи аҳолии давлатҳои минтақа ба таври назаррас зиёд шуда истода, мутаносибан ҳаҷми истеъмоли об низ зиёд шудааст. Дар айни замон дар минтақа давраи камобӣ ҷараён дорад, ки тибқи баъзе ҳисобҳо, ҳадди ақалл то соли 2030 идома хоҳад ёфт.

Аз ин рӯ,  истифодаи оқилонаи захираҳои об барои кишоварзӣ ва тавлиди неруи барқ ​​барои рушди устувори тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ ниҳоят муҳим аст. Об манбаи стратегӣ аст, ки барои ҳаёт ва иқтисодиёт зарур мебошад. Норасоии рӯзафзуни захираҳои об ба инсоният на танҳо дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон, балки дар миқёси ҷаҳонӣ таҳдид менамояд. Аҳолии ҷаҳон  тибқи омори СММ тақрибан 86 миллион  нафар дар як сол афзуда истодааст. Вобаста ба он афзоиши солонаи талабот ба оби тоза дар ҳаҷми 64 миллион метри мукааб ба назар мерасад. Аммо дар ҳолате, ки аҳолии ҷаҳон се баробар зиёд шудааст, истифодаи оби тоза 17 баробар афзудааст.

Дар шароити муосир чоряки аҳолии ҷаҳон ба норасоии об рӯ ба рӯ буда, беш аз 1 миллиард нафар дар сайёра ба оби тоза дастрасӣ надоранд ва тибқи пешгӯиҳо, то соли 2025 ҳамин миқдор одамон дар шароити «гуруснагии мутлақи об» зиндагӣ хоҳанд намуд. Афзоиши босуръати истифодаи захираҳои об боиси паст шудани сатҳи амнияти озуқаворӣ мегардад. Мувофиқи маълумоти Шурои ҷаҳонии об (WBC), то соли 2050 тақрибан 2/3 (аз се ду ҳиссаи) аҳолии ҷаҳон бо мушкили нарасидани захираҳои оби ширин рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ҳамин тариқ, об ба муҳимтарин омили геополитикаи муосир  табдил ёфтааст.

Бо назардошти  воқеияти дар боло баёнгардида, нақши геополитикӣ ва геостратегии Тоҷикистон ҳамчун соҳиби захираҳои бузурги об дар Авруосиё рӯз бар рӯз афзуда истодааст. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ба рушди энергетика, пеш аз ҳама, гидроэнергетика таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад, зеро бе таъмини истиқлоли энергетикӣ фароҳам овардани шароит барои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, расидан  ба чор ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ғайриимкон аст. Шароити объективӣ барои пешбурди ин сиёсат аз он иборат аст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ (ҷойи 8-ум дар ҷаҳон ва 1-ум дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ) мебошад ва қисми асосии захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ  дар  Ватани тоҷикон ташаккул меёбад.

Мавҷудияти захираҳои бузурги обӣ дар  ин ё он давлат  ҳамеша яке аз омилҳои мусоиди геополитикӣ маҳсуб мешуд. Аҳамияти нақши онҳо дар рушди ҳар давлат на танҳо бо дарки афзалияти иқтисодӣ дар натиҷаи имкони дастрасӣ ба баҳрҳо ва уқёнусҳо, мавҷудияти дарёҳо ва кӯлҳои пуроб, балки бо мавҷудияти манбаи об барои тавлиди тамаддуни башар муайян мегашт. Бидуни об на саноатикунонӣ ва на дар миқёси калон тараққӣ додани кишоварзӣ имконпазир буд. Дар ин самт танҳо давлатҳои дорои захираҳои об ба комёбиҳо дастрас шуданд.

Тоҷикистон ҳам дар даврони пеш аз истиқлол ва ҳам давраи баъди соҳибистиқлолӣ манфиатдор буд, ки зарфияти обӣ ва энергетикии мамлакат на танҳо ба фоидаи давлати мо хизмат намояд, балки барои тамоми  ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Вобаста ба ин Тоҷикистон барои сохтмони НБО “Роғун”, ки аслан то давраи соҳибистиқлолии давлати мо лоиҳакашӣ шудааст, ризоият диҳад. Чунонки ба ҳамагон маълум аст, сохтмони НБО “Роғун” ҳанӯз соли 1987 оғоз ёфт. Лоиҳаи  ин неругоҳи барқӣ-обӣ тавре тартиб дода шудааст, ки он на танҳо ба манфиати энергетикии Точикистон, балки  бештар ба қонеъ намудани ниёзҳои кишоварзии мамлакатҳои поёноб ва манфиати иқтисодии ин давлатҳо нигаронида шуда буд. Яъне, НБО “Роғун” аллакай дар оғози лоиҳакашӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва сохтмон ба худ аҳамияти геоиқтисодӣ ва геополитикӣ касб намуда буд.

Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти он ки НБО-и  “Роғун” барои  амният ва суботи  минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти геостратегӣ дорад, ба идомаи сохтмони ин неругоҳ авлавияти стратегӣ медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки дар идомаи сохтмони НБО-и  “Роғун” саҳми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калон аст. Зеро ба кор андохтани агрегати якуми ин иншооти стратегӣ маҳз ба иродаи қавии сиёсии ин абармард ва  андешаҳои пурарзиши Сарвари тоҷикон оид ба аҳамияти НБО-и  “Роғун” ба рушди устувори Тоҷикистон ва минтақа иртиботи бевосита дорад.

Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030,   таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ, сохтмон, азхудкунии захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат барои дигаргунсозии иқтисодии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад. Иқтидори умумии гидроэнергетикии мамлакати мо ба 527 миллиард киловатт-соат дар як сол  баробар аст. Аз ин рӯ НБО-и  “Роғун” дар истифодаи зарфияти  обҳои дохилии Точикистон нақши ҳалкунанда мебозад. Барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст, ки НБО-и “Роғун” пурра  ба фаъолият дарояд ва ба ин васила моро на танҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ наздиктар намояд, балки барои рушди истеҳсолоти миллӣ шароит фароҳам оварад ва инчунин давлати моро ба бузургтарин содироткунандаи неруи барқ ​​ба мамлакатҳои Авруосиё табдил намояд. Сохтмони НБО “Роғун” пурра бо  сиёсати энергетикӣ ва дипломатияи оби Тоҷикистон бар таъмини истиқлоли энергетикӣ ва амнияти ҷумҳурӣ мувофиқат менамояд. Тибқи ин стратегия Тоҷикистон тавассути ҷалби сармояи давлатӣ ва хусусӣ ба афзоиши ҳамгироии системаҳои энергетикӣ бо давлатҳои ҳамсоя дар асоси муносибатҳои бозорӣ мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, бунёди неругоҳҳои бузурги обӣ дар Тоҷикистон бо обанборҳо, ба мисли НБО-и  “Роғун” аз як тараф, маънои афзоиш додани иқтидори воқеии энергетикии минтақаро дорад, ки бо самаранокии баланди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии худ фарқ менамояд, аз ҷониби  дигар, сатҳи танзимро сирф аз нуқтаи назари амният ва ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ нигоҳ дошта, идоракунии захираҳои оби ҳавзаҳои дарёҳоро баланд мебардорад. Дар минтақаи мо сохтмони неругоҳҳои барқӣ-обӣ ва обанборҳои калон, ҳолатҳои камобиро дар давлатҳои поёноб бартараф менамояд.

Таъкид бояд намуд, ки баъди ба анҷом расидани сохтмони НБО-и  “Роғун” он соҳиби обанбори бузург хоҳад гашт. Ин манбаи об на танҳо барои корҳои ирригатсионӣ дар Тоҷикистон, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, яъне барои рушди кишоварзӣ дар минтақа истифода бурда хоҳад шуд. Бояд дар хотир дошта бошем, ки  кишоварзӣ соҳаи обталаб мебошад ва омили калидӣ дар таъмини амнияти озуқавории кулли давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини амнияти озуқаворӣ дар сар то сари дунёи муосир ба мубрамтарин масоили ҳифзи амнияти миллии давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст.

Ба ақидаи коршиносони Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, дар айни замон аз қариб 8 миллиард нафар одамон дар сайёра 3 миллиард нафарашон бо ғизои солим, ки аз ҷониби диетологҳо тавсия дода мешаванд, таъмин намебошанд. Яъне, амнияти озуқавории онҳо  дар зери хатар аст.

Ёдовар мешавем, ки барои парвариши зироат дар тамоми ҷаҳон обёрӣ фаъолона истифода мешавад. Дар зарфи 50 соли охир майдони замини обӣ аз 90 ба 270 миллион гектар, яъне  се баробар зиёд шуд. Дар асоси баҳои мутахассисон, дар даҳсолаи наздик афзоиши заминҳои обӣ суст шуда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии захираҳои обро ҷустуҷӯ кардан зарур меояд.

Албатта, бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи мо давлатҳои болооб ба рушди гидроэнергетика таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва кишварҳои  поёноб бештар ба рушди кишоварзӣ аҳамият медиҳанд. Дар натиҷа, мувофиқи омори СММ, ба далели номувофиқ будани тасмимҳо дар заминаи ҳамоҳангсозии мушкилоти об Осиёи Марказӣ ҳамасола  1 миллиарду 750 миллион доллар аз даст медиҳад. Истифодаи мутақобилан судманди захираҳои обу энергетикии давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла рушди робитаҳои инфрасохторӣ дар сурати мавҷуд будани стратегияи мувофиқашудаи об ва энергетика имконпазир аст. Дар баробари ин, бояд механизми нави иктисодии якҷоя истифода бурдани захираҳои обу энергетикӣ кор карда баромада шавад.

Неруи барқ, пеш аз ҳама, мутаҳаррики тараққиёти иктисодиёти давлат аст. Мавҷудияти захираҳои барқ ​​ва гидроэнергетикӣ дар дилхоҳ кишвар нишондиҳандаи сифати зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳамин тариқ,  ба истифода додани НБО-и  “Роғун” дар  дурнамои  наздик  ба манфиати кулли Авруосиё хизмат намуда, ба яке аз унсурҳои муҳими таъмини амнияту суботи минтақаи мо мубаддал мегардад. Эъмори иқтисоди инноватсионӣ, рушди соҳибкорӣ, рақамисозии иқтисод дар Тоҷикистон бевосита ба  истифодаи зарфияти гидроэнергетикии давлатамон марбут аст.

Албатта, барои бунёди саноати рақобатпазир дар иқтисоди ҷаҳонӣ  Тоҷикистонро зарур аст, ки ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ,  аҳамияти хосса диҳад. Тоҷикистон солҳои наздик метавонад ба яке аз мамлакатҳои пешсаф дар минтақа дар истеҳсоли неруи барқ ё худ  энергияи “сабз” табдил ёбад. Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба миллати тоҷик аз  23.12.2022 иброз намуда буданд: “98%-и неруи барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли энергияи «сабз» мамлакати мо дар миқёси ҷаҳонӣ ҷойи 6-умро ишғол менамояд”.

Дар ояндаи наздик истеҳсолу  истифодаи энергияи “сабз” дар  мамлакат имкон хоҳад дод, ки аксарияти аҳолӣ ба истифодаи воситаҳои нақлиёти барқӣ гузаранд  ва бо ин тартиб талаботи ҷумҳурӣ аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода шавад. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон ба назари мо метавонад солҳои наздик инчунин ба истеҳсолкунандаи автомобилҳои барқӣ дар миқёси минтақа мубаддал гардад.

Рустам ҲАЙДАРОВ,
доктори илмҳои фалсафа

Бознашр аз https://khovar.tj