Home Blog

ҲАДДИ ЧОРУМИ САРНАВИШТ: АЗ НАҶОТИ МИЛЛАТ ТО МЕЪМОРИИ ТАФАККУР (ба ифтихори Рӯзи Президент)

0

Дар тақвими миллии Тоҷикистон санаи 16 ноябр — Рӯзи Президент — ҷойгоҳи вижа дорад. Ин рӯз на як санаи маъмулӣ ва на ҷашни фардӣ, балки нуқтаи гардиши куллӣ дар сарнавишти як миллат ва оғози интихоби огоҳонаи таърихист, ки поя дар Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии кишвар дар Қасри Арбоб ва савганди таърихии соли 1994 дорад. Вале аҳамияти воқеии ин марҳила замоне бо тамоми шукӯҳ зоҳир мегардад, ки мо онро на аз даричаи гузоришҳои хушки расмӣ, балки дар партави фалсафаи ҳазорсолаи ҳастии тоҷикон бингарем.

Таърихи мардуми мо на маҷмӯи содалавҳонаи солномаҳо, балки пайдарпайии фоҷиаҳои сангин ва эҳёҳои ҳайратангез аст. Ҳар боре ки дунёи куҳан фурӯ мерехт, ин қавм аз умқи шикасту парокандагӣ нерӯи тоза гирифта, ҳувияти худро аз нав месохт. Эҳёи нахустин давлати бузурги Сомониёнро ба вуҷуд овард, ки дар он шамшери Исмоили Сомонӣ ва шеъру ҳикмати устод Рӯдакӣ қолаби тамаддуни ҷадидро рехтанд. Эҳёи дувум, пас аз ҳамлаи валангоркунандаи муғулҳо, бо номи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ гиреҳ хӯрд; мутафаккире, ки бо устувории маънавӣ ва қудрати калом сипоҳиёни саҳронишинро водор сохт, то пеши фарҳанги волои китобдорӣ сар фуруд оваранд. Эҳёи сеюм дар давраи фурӯпошии аморати Бухоро ва кашмакашҳои тақсимоти марзии солҳои бистуми асри гузашта ба миён омад, ки устод Садриддин Айнӣ бо таълифи шоҳасари «Намунаи адабиёти тоҷик» шиносномаи таърихии ин халқро аз хатари нестшавӣ наҷот бахшид.

Дар гардиши ин марҳилаҳо ҳамеша як тавозуни шигирф вуҷуд дошт: ду маротиба фарҳанг эҳё гардид ва ду маротиба — худи давлатдорӣ.

Дар поёни асри бистум ин тавозуни таърихӣ ба сангинтарин имтиҳони худ рӯ ба рӯ шуд. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, баҳсҳои карахти ҳуҷраӣ ва фитнаангезиҳои кӯчагӣ дар як мижа задан ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфтанд. Пайванди миллии ҷомеа гусаст, фалаҷшавии сохторҳои давлатӣ кишварро фаро гирифт ва мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил зери суоли фано ё пойдорӣ монд. Он рӯзҳо собит шуд, ки наҷоти халқ танҳо бо шиорпартоӣ ва баёнияҳои эҳсосӣ имкон надорад, зеро худи матои ҳастии мардум дар оташи кина месӯхт.

Замони эҳёи чорум фаро расид ва ин марҳила роҳбареро тақозо мекард, ки дорои иродаи мустаҳкам, таҷрибаи амалӣ ва ҷасорати шахсӣ бошад, то дар дами фалокат масъулиятро бар дӯш гирад. Ин шахсият ЭМОМАЛӢ РАҲМОН буд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб суханони таърихии ӯ садо доданд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам ё дар ин роҳ ҷони худро нисор мекунам». Ин танҳо як изҳороти сиёсӣ набуд, балки омодагии қотеона ба фидокорие буд, ки вазъияти буҳронӣ талаб мекард. Сафарҳои бидуни муҳофиз ба хатти пеши набард, гуфтушунидҳои мураккаб дар Афғонистони ҷангзада ва дидор бо роҳбарони мухолифин ҷасорати сиёсӣ ва иродаи шикастнопазири ӯро собит сохтанд.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи 27 июни соли 1997 як таҷрибаи нодир дар таърихи навини сиёсӣ гардид, ки дар он ҷасорат ва дурбинии роҳбар бар нафси шахсӣ ва манфиатҳои гурӯҳӣ ғалаба кард. Аммо танҳо хомӯш кардани оташи ҷанг кифоя набуд. Мебоист рӯҳияи шикастаи миллатро эҳё кард ва маҳалгароиро решакан сохт.

Аз ин рӯ, мероси Сомониён ва тамаддуни ориёӣ ба пояи асосии худшиносии миллӣ табдил ёфтанд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, гузоштани муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ ва дастраси ҳар хонавода гардонидани шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» шуури миллиро аз маҳдудаи маҳал фаротар бурданд. Ин ваҳдати маънавӣ бо бунёдкориҳои азим таҳким ёфт: нақбҳои «Анзоб» ва «Шаҳристон» пайванди ҷуғрофии шимолу ҷанубро таъмин намуданд ва нерӯгоҳи азими Роғун ба майдони нангу номуси миллӣ табдил гашт. Бе роҳу рӯшноӣ давлати воҳид вуҷуд дошта наметавонад ва Эҳёи чорум маҳз бо ҳамин созандагӣ пояи моддии худро дарёфт.

Рӯзи Президент ин фақат нишони риояи расмиёт нест. Ин ёддошти таърихӣ аз марҳилаест, ки миллат аз чоҳи нобудӣ наҷот ёфт ва қадами устуворе дар роҳи эҳё гузошта тавонист. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки фарҳанги бузург бе пуштибонӣ ва сипари боэътимоди давлатӣ  пойдор намемонад. Наҷоти давлат тавассути низом ва ба мерос гузоштани давлати соҳибистиқлоли пешрафта ба насли оянда — ин аст рисолати раҳбаре, ки номаш, барҳақ, фасли чоруми эҳёи миллии тоҷиконро кушод.

Вале наҷоти давлатдорӣ ва бунёди зерсохторҳо танҳо марҳилаи аввал — дифоӣ ва ҷисмонии ин Эҳё буд. Қонуни бузурги историософӣ ҳукм мекунад: ҳар эҳёи воқеӣ наметавонад дар ҳифзи соддаи сарҳадҳо маҳдуд монад. Барои он ки ин бинои наҷотёфта пойдор монад, бояд саволи навбатиро матраҳ сохт: ин кохи бунёдгашта бо кадом маънӣ ва мазмун пур мешавад?

Дар ҳамин нуқта мафҳуми «меросбарӣ» ба нерӯи асосии ҳаракатдиҳанда табдил меёбад. Хатари мудҳиштарини таърихи Шарқ ҳамеша шикастани занҷири наслҳо буд, ки бо тағйири роҳбарон ҳама дастовардҳо ба боди фано рафта, ҷомеа боз ба вартаи парокандагӣ сарозер мешуд. Давоми мантиқии Эҳёи чорум маҳз рахна кардани ин тилисми таърихист. Ин на тағйири масир, балки гузариш аз ҷамъоварии сангҳо ба сохтмони маъбади дониш аст; марҳилае, ки иродаи олии сиёсӣ ба тарҳи азими истиқлоли фикрию маънавӣ ва қобилияти дарк табдил ёфтааст.

Таваҷҷуҳи бесобиқае, ки Пешвои миллат ба маориф, мактаб ва илмҳои дақиқ зоҳир мекунад, аз як ҳисоби дақиқи давлатдорӣ сарчашма мегирад. Давлатеро, ки дирӯз бо хуну ҷон аз хандақҳо берун кашида шуд, дар асри бисту як бе сипари мустаҳками тафаккур ҳифз кардан номумкин аст. Имрӯз марзи ҳақиқии кишварҳо на танҳо дар хатти сарҳадӣ, балки дар синфхонаҳои мактаб, озмоишгоҳҳои донишгоҳӣ ва марказҳои зеҳни сунъӣ муайян мегардад.

Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020–2040) ва «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021–2030» дар баробари озмунҳои сартосарии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» падидаҳои тасодуфӣ нестанд. Инҳо нақшаи дифои зеҳнии миллат дар баробари хатари сатҳинигарии ҷаҳони муосиранд. Баргардонидани эҳтироми китоб ва тафаккури мантиқӣ посухи равшан ба онҳоест, ки мехоҳанд ин наслро беҳувият ва пойбанди иттилооти бепоя созанд. Танҳо бо такя ба ҳикмати гузашта ва дониши дақиқи муосир метавон ба арсаи мураккаби технологияҳои пешрафта беҳарос қадам гузошт.

Асли пайвастагӣ дар ҳамин ҷост. Насли ҷавоне, ки дар фазои орому осуда ба воя расида, даҳшати сангару маҳрумиятро надидааст, бояд соҳиби ин рисолат бошад. Вазифаи Эҳёи чорум дар марҳилаи кунунӣ ба онҳо супурдани оташи эҷоду созандагист. Онҳо бояд муҳандисоне бошанд, ки на танҳо агрегатҳои бузургро идора мекунанд, балки олимоне гарданд, ки забону фарҳанги миллиро дар фазои рақамӣ ҳифз намуда, рисолати давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ устувор медоранд.

Тирӯз чархи таърихи тоҷикон боз ба гардиш даромад ва ҳалқаи ҳазорсоларо ба ҳам пайваст. Ин раванд, ки замоне бо шукӯҳи идрок дар давраи Сомониён оғоз ёфта, аз монеаҳои теғу калом гузашт, имрӯз ба камолоти худ наздик мешавад: низоми мустаҳками давлатдорие, ки дар оташи солҳои 90-ум бо иродаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рехта шуд, имрӯз бо илму дониш ва ақли созанда пур мегардад. Ин раванд оғози марҳилаи нав нест, балки анҷоми содиқонаи як аҳди таърихист: наҷот додани миллат аз вартаи фано ва расонидани он ба қуллаи баланди эътимод ва қудрати фикрӣ.

Ҷамшед  Саъдуллоев,

Сангин Гулов,

устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

(Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”, 11 ноябри соли 2026)

35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН

0

Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад

ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷаҳон ҳудуди 3-4 ҳазор халқияту миллатҳо мавҷуд буда, хушбахттаринашон онҳое ҳастанд, ки ватану марзу буму истиқлол (беш аз 190 кишвар) доранд. Садҳо сол боз ҳазорҳо  халқияту қавму миллатҳо дар ҳасрати ба даст овардани озодиву истиқлол ҳастанд, ки мутаассифона, ин неъмат барояшон даст намедиҳад.

Истиқлолият дар ҳақиқат ганҷу сарвати бебаҳо аст, аммо мерос намебошад. Агар чунин намебуд, миллати тоҷик баъди Исмоили Сомонӣ дар масири қарнҳои зиёд бо ҳама ғановату сарвати худ пойбарҷо боқӣ мемонд. Яъне истиқлолият масъулият аст ва ғафлатро намепарастад.

Албатта, миллати куҳанбунёди мо бо ҳама асолат, қатъи назар аз ноадолатиҳои таърих тавонист мавҷудияти худро нигоҳ дорад. Ба «ҳафт иқлим» салтанат дошт ва ғосибон гумон мекарданд, ки бо тасарруфи марзу бум ҳастии моро маҳв месозанд. Аммо мо боқӣ мондему  забону фарҳанги аҷдодии мо то ҳанӯз сарҳаду марзи моро муайян сохта метавонанд.

ТАФСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Истиқлолият имкон дод, ки миллати тоҷик аз бандҳои асорат раҳо ёфта, шаҳди озодиро чашад. Миллати тоҷик аз миён нарафта буд ва танҳо баъди ҳазор сол аз нав ба тамоми маънӣ аз ҳастии худ дарак дод ва инак 35-умин баҳори тавлиди дубораи худро таҷлил менамояд.

Тоҷик миллати куҳанбунёди ҷаҳон аст ва 9 сентябр рӯзи истиқлолу озодиву камолоти он аст. Ин сана дар баробари 35 соли муборак таърихи чандҳазорсолаи моро истиқлол бахшид ва ҳама арзишҳои гумшударо баргардонид.

Истиқлолият сиёсати дохилии моро шаклу доираи вусъатдор бахшида, татбиқи муваффақонаи он ҳама соҳаҳоро пеш бурд. Сиёсати дохилӣ аз се рукни ба ҳам пайванд иборат аст: сулҳу ваҳдат, иттиҳоду сарҷамъӣ ва дӯстиву рафоқат. Дар сояи ин се рукн садҳо дастоварду пешравию таҳаввулоти дигар қарор мегиранд.

35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аллакай роҳнамоии дилпуронаву қатъӣ барои пойдории минбаъда мебошад. Зеро истиқлолият ин ба сӯйи қуллаи мурод роҳ рафтан ва фатҳ кардани он мебошад.

Қуллаҳои муроду ормонҳо зиёданд ва 35 соли истиқлоли Тоҷикистон барои мо идеалҳои (улгу) давлатсозиву эҳёи дубораи миллатро ба вуҷуд овард. Дар ин радиф озодӣ дар ботин бузургтарин истиқлол аст, ки онро Истиқлолияти Ватани азизамон ҳадя кардаву боз ҳам он олами ботинро рангин месозад.

Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо бо уфуқҳои беҳудуд аз истиқлолият сарчашма мегирад.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ

Аллакай сабти таърихӣ аст, ки остонаи истиқлоли миллати тоҷик ба фоҷиа мубтало буд ва дар маҷмуъ ҳама нобасомониҳои таҳмилшуда бар зидди истиқлолияти мо равона гардида буданд. Яқинан онҳо истиқлолиятро аз миён мебурданд, агар ба майдони давлатдорӣ абармарди ватанпарвар Эмомалӣ Раҳмон намеомад.

Танҳо ҷасорату матонат ва донишу заковати як нафар тавонист ин неъматро барои миллати мо нигоҳ дорад. Бо роҳбарии ин абармард 35 соли соҳибистиқлолӣ ба мо чунин дарсро додааст: танҳо Ватан моро дар пушту паноҳи худ нигаҳ медорад, агар истиқлолу ҳастии онро муҳофизу нигаҳбон бошем.

Агар бо қолаби рамзӣ баён намоем, Истиқлолияти давлатӣ барои мо ҳадафҳои стратегии муҳимо (чор стратегия)-ро муайян сохт ва бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ сарбаланд гардид. Яъне танҳо давлати соҳибистиқлол ҳадафи стратегиро барои худ интихоб менамояд ва ба ин мазмун файзи истиқлолу озодӣ аст, ки миллати тоҷик бениёз гардида, бо соҳибихтиёрӣ тибқи барномаҳои мукаммалу бузург зиндагӣ карданро омӯхт.

 Бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 35 соли истиқлолият алорағми ҳама гумонҳои нотавонбинону ҳасудон миллати тоҷик соҳиби дастовардҳои беназир гардид, ки ҳатто шумори онҳо мушкил аст.

Истиқлолият- ин, пеш аз ҳама, дар фазои сулҳу суботу оромӣ ва амнияту осиштагӣ зистан мебошад. Ин ҳолатро авзои ҷаҳони муосир бештар собит менамояд, ки чи гуна бо ҳасрату ормонҳо даҳҳо давлату кишварҳо дар суроғи сулҳу осоиштагӣ мебошанд. Аммо сулҳу осоиштагӣ падидаи худрӯ намебошад ва ҳатман фарде дар минбари роҳбарӣ онро эҷоду бунёд намуда, кафили суботи ҷомеа мегардад.

Аллакай дар ҷаҳони феълӣ таҷрибаву раванди авзоҳо нишон медиҳанд, ки ҷангу харобӣ овардан хеле амали осон аст. Як лаҳзаву як тасмими манфӣ метавонад, ки ихтилофу даргириҳоро ба вуҷуд оварад, ки баъдан хомӯш кардани алангаи он душвор аст.

 Аҳли башар низ эътироф менамояд ва қаҳрамони асосиву ҳақиқӣ онеро медонад, ки сулҳро барқарор месозад, дар амонӣ зистанро таъмин менамояд ва роҳи ободсозиву бунёдкориро пеш мегирад. Дарвоқеъ, дар кишваре, ки оташи ҷангу хунрезӣ аланга дорад, ҳеҷ вақт ободониву созандагӣ ҷо ёфта наметавонад ва истиқоли имрӯзу ояндаи онро зери суол мебарад.

Аз таҷрибаи давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки Истиқлолияти давлатии мо аз худфидоии ин абармард ва сулҳпарварияшон таҳким ёфтааст. Аз аввалин рӯзҳои сари қудрат омаданашон ба тақдири нек бовар доштанд ва доранд. Агар ин матонату ҷасорат ва муҳаббат ба миллат дар ботини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вуҷуд намедошт, истиқлолияти мо ба нобудӣ мерасид.

Дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар таркибу низоми кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то имрӯз ду нуқтаи меҳварӣ вуҷуд дорад, ки Истиқлолияти давлатиро торафт таҳким мебахшанд:

1. Бунёди ваҳдат ва устуворсозии иттиҳоди миллӣ

2. Муколамаҳо ва муносибати гарму судманд дар сиёсатҳои дохиливу хориҷӣ

НЕЪМАТҲОИ 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Истиқлолияти давлатӣ давоми 35 сол барои мо мустақилона зистану андеша карданро ба вуҷуд овард.

Чанд даҳсолаи соҳибистиқлолӣ собит кард, ки тоҷик миллати соҳибтамаддун аст ва дар пояи тамаддуни ғании бостонӣ зиста метавонад.

Истиқлолият на танҳо моро ба ҷаҳон муаррифӣ кард, балки гузаштаҳои моро барои худи мо муаррифӣ кард, ки дар ин масир дар таърих монеаҳои зиёд вуҷуд дошт.

 Истиқлолият адолати таърихиро барқарор кард ва аз қаъри ҳазорсолаҳо миллат фарзандони худро ва фарзандон миллати худро пайдо карданд.

Истиқлолият меҳру муҳаббати ватандӯстиро ба мо ҳадя карда, бароямон якҷоя паҳлуи ҳам зистанро омӯхт. Ангуштҳо ба мушт табдил ёфта, ҳама сангарҳо ба осонӣ пушти сар гаштанд ва мегарданд.

Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил олам эътироф кард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате бо номи Тоҷикистон  ҷойи худро пайдо кард ва Тоҷикистон низ дар радифи бузургтарин абарқудратҳои ҷаҳон дар Созмони Милали Муттаҳид “як овоз”-и худро дорад.

Миллати тоҷик садсолаҳо дар ҳайати империяву салтанатҳои гуногун қарор гирифта, чунин муҳиту фазое вуҷуд дошт, ки гӯё муҷиби ҳастиву зиндагии мо дигарон мебошанд. Инак 35 соли истиқлолият нони бе миннат хӯрданро ба мо сабақ додаву медиҳад. Бо файзи истиқлолият имрӯз Тоҷикистон қудрату имкони ба дигарон кумак расониданро соҳиб гардидааст.

Истиқлолият он неъматест, ки инак 35 сол боз аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид Роҳбари давлати тоҷикон бо забони миллӣ сухан мегӯяд. Неъмати истиқлолият аст, ки аз ҷониби Тоҷикистон барои аҳли башар муҳимтарин ташаббусҳо пешниҳод гардидаву қабул мегарданд.

35 соли соҳибистиқлолӣ собит кард, ки Тоҷикистон давлати  бунёдкору созанда аст. Фақат дар даҳсолаи охир дар кишвари мо ҳудуди 60 ҳазор иншооти хурду бузург ба истифода дода шудаанд, ки ин падида беназир мебошад. Тоҷикистон дар ин роҳ корҳоеро анҷом дод ва медиҳад, ки давлати абарқудрати шуравӣ натавониста буд.

Истиқлолият ватандӯстиро ба расму ойину анъана табдил дод, ки он торафт устувориву бақои давлатро таъмин менамояд. Ба таври рӯзафзун ватандӯстии ҳар фарди тоҷик ба сипари бузурге табдил меёбад. Агар чунин ватандӯстӣ дар гузашта вуҷуд медошт, баъзе омилҳо боиси ҳасрату надоматҳо намегаштанд.

ҲИФЗ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар равандҳои муосири сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони муосир андаке ғафлат ва ноогоҳӣ метавонад, ки мавҷудияти ҳар халқу миллатро зери суол қарор диҳад. Мисолҳо зиёданд, ки ғафлату фирефташавӣ дар заминаи сиёсатҳои бегона давлатҳову кишварҳоро ба фоҷиаи “табартақсим” расонида истодааст.

 Бояд донист, ки дар асоси сиёсатҳои геополитикаи муосир ҳар кишвари тавонманд дар навбати аввал манфиатҳои худро пеш гузошта, баъдан зери пардаҳои тира мақсадҳояшро амалӣ менамояд. Барои пойдории истиқлолият чанд ҷиҳати умумӣ барои миллати мо хеле муҳим ба шумор мераванд:

• Дар партави сиёсати ваҳдатгароёнаи Роҳбари давлат боз ҳам муттаҳид гардидан ва ба қадри неъматҳои истиқлолият расидан, ки он ҳама баъди ҳазор сол ба мо даст додааст.

• Ба таври рӯзафзун боз ҳам таҳким бахшидани ваҳдату иттиҳоди миллӣ, ки ҷой надоштани он заъфтарин нуқта барои амалӣ кардани сиёсатҳои ғаразнок ба шумор меравад.

• Баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, садоқату самимияти бештар пайдо кардан ба ватан ва таҳаммулгароиву ҷасорат доштан дар ҳифзи сулҳу амонии сарзамини аҷдодӣ, то ин ки ҳеҷ нотавонбине дар иҷрои мақсади нопок муваффақ нагардад.

• Бо ҳама роҳу усул аз асолати гузаштаи миллӣ воқиф будан ва дар муаррифии он саҳм гузоштан. Зеро он ҳама чун саҳеҳтарин санад аз миллати бостонӣ будани тоҷикон дарак медиҳад.

• Меҳнати софдилонаву пурсадоқат доштан ва ҳамаҷониба саҳм гузоштан дар рушд додани иқтисоди миллӣ, ки рақобатҳову ихтилофҳои минтақаву ҷаҳон торафт низомҳои иқтисодиро шикаста мегардонанд.

• Бо замони муосир ҳамқадам будан, ба илму фанҳои замонавӣ рӯ овардан ва рушд додани фарҳангу маърифати миллӣ, ки дар асоси он аз равзанаҳои нав метавон Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

• На танҳо барои имрӯзу фардо, балки барои ояндаҳои дур зистану заҳмат кашидан, то ба наслҳои оянда давлати пешрафтаву миллиро ба мерос гузорем.

Бахтиёр ҲОШИМЗОДА,

декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

доктори илми филология

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПЕШВОИ ВАҲДАТ

0

Ҷомеаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо руҳияи баланду шодмонӣ омодагӣ ба ҷашни тобонтарин дастовард – Истиқлоламон дорем. Дар баробари ин, воқеоти мудҳиши ҷаҳони муосир бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки Истиқлолу Ваҳдатамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ба қадри ин неъмат бирасем. Ва аз пештара ҳам бештар дар атрофи Пешвои миллат ба хотири наслҳои оянда муттаҳид бошем, ба хотири сарнавишти давлатамон аз баҳри ҳамагуна манфиатталошиҳо гузарем. Вазифаи ягонаи мо дар ин шароит танҳо муттаҳидист. Ҳеч касе ба ҷуз худи мо дар фикри мову Тоҷикистони мо нест.

Дар таърихи ҳар як миллат дар давраи муайяни сарнавиштсоз шахсиятҳое ба арса меоянд, ки масъулияти пойдориву ояндаи миллату давлати худро ба дӯш мегиранд ва муваффақ ҳам мешаванд. Ва дар таърихи навини миллати куҳанбунёди тоҷик дар рӯзгори соҳибистиқлолӣ ҳамин рисолат бар уҳдаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод. Ва ин шахсияти фавқуллода бо як нерую ҷасорати фавқуллода, ҷаҳонбинию маърифати ояндабинона масъулияти таърихии хешро дурусту воқеӣ дарк карда, барои аз парокандашавӣ наҷот додани миллат ва давлат, аз даст надодани истиқлол ва таъмини якпорчагии ватану миллат тавассути азхудгузаштанҳо корнамоиҳо кард, ки дар таърихи миллату давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардиданд. Шояд мо ҳанӯз қадри ин корнамоиҳоро надонем, аммо гузашти замону наслҳои оянда ҳатман ба қадри ин қаҳрамониҳо мерасанд. Мерасанд, вақте аҳли ҷомеа дарк мекунад, ки бо кадом мушкилот ин шахсият тавонистааст аз ин ҳама фоҷиаву гирдобҳо миллату давлатро наҷот додааст. Аслан ман ба он андеша чандон мувофиқ нестам, ки ваҳдати мо аз соли 1997 сарчашма мегирад. Ваҳдати миллии мо амалан аз нахустин суханронии Сарвари давлат дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарчашма мегирад. Ҳамин суханронии ғайримуқаррарӣ, самимӣ, бидуни риё ба мардуми Тоҷикистон умед бахшид, аҳли ҷомеаро ба ояндаи нек дилгарму роҳнамо гардид. Аз ин хотир вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро наҷотбахши миллату давлат мегӯем, ҳамчунин дар зеҳнамон ҳамин рисолати ваҳдатофару ваҳдатовари Пешвои миллат пеши назар меояд. Фикр мекунам, ки он замон дар дар зеҳни Роҳбари навинтихоби Давлат ин байти Мавлонои бузург чарх мезад:

Давлат њама з-иттифоќ хезад,

Бедавлатї аз нифоќ хезад.

Шахсиятҳое ваҳдатофару ваҳдатовар мегарданд, ки эҳтироми халқи хеш ва халқҳои дигарро дар заминаи арзишҳои эътирофкардаи башарият ба ҷо меоранд. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ҳамин нуктаро дуруст дарк кардаву ба ҷо оварда тавонистанд. Агар ба роҳи ваҳдатофарии Пешвои миллат нигарем, мебинем, ки он шебу фарози зиёде доштааст. Аммо дурбинии сиёсӣ, матонату ҷасорати шахсӣ ва масъулиятшиносии муҳтарам Эмомали Раҳмон ин роҳро тахту ҳамвор кардаву ҷомеаву давлатро дар убаҳри пурталотуми ҷаҳони муосир идора кард.

Яке аз омилҳои муҳими давлатдорї ва асоси таъмини сулњу субот вањдати миллї ба њисоб меравад. Таърихи давлатдории аксари кишварњои олам шањодат медињад, ки дар раванди ташаккули давлат, дарёфти истиќлолияти сиёсию давлатї ва пойдории њуввияти миллї наќш ва љойгоњи вањдати миллї хеле муҳим аст. Набудани ваҳдат боиси аз байн рафтани қариб 100 тамаддун гардидааст. Вањдати миллӣ як ибораи одї ё як истилоҳи хушки нугизабонї нест. Балки фаротар аз он аст. Вањдат вожаест басо хушнавою хушсадо, ки шуниданаш ба дили мо фараҳ мебахшад. Ҳеҷ вожае дар рӯзгори мо ба ҳадди ваҳдати миллӣ серистеъмол нест. Ҳарчанд чанд соле пеш аз истиқлол истифодаи ин истилоҳ дар матбуоти даврӣ боиси баҳсу мубоҳисаҳои зиёд гардида буд.

Ваҳдати миллии мо як падидаю ҳодиса нест, балки равандест ҳамеша дар рушду такомул. Ба ваҳдати миллӣ қариб аз зовияи ҳама илмҳои ҷомеашиносӣ: таърих, фалсафа, сиёсатшиносї, фарњангшиносї, таърих, ҳуқуқшиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ баҳо додан мумкин аст. Аз ҳамин боис аст, ки аз ҷониби муҳаққиқон самту паҳлуҳои гуногуни ин мавзуъ таҳқиқу баррасӣ гардидаву мегардад.

Ваҳдати миллии мо комилан натиҷаи талошу ҷонбозиҳо ва сиёсати Пешвои миллат аст. Ваҳдати миллии мо ваҳдати тарафҳое нест, ваҳдати миллии мо ин ваҳдати ҷомеа, ваҳдати мардум бо ҳукумат, ваҳдати ҳама қишрҳову халқҳои Тоҷикистон дар зери сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат аст. Ваҳдати миллӣ ин худшиносию худогоҳии миллӣ, дарки манфиатҳои умумимиллӣ барои истиқлоли давлатист. Академик Кароматулло Олимов дар ин замина қайд кардааст: «Дар њаќиќат њам, истиќлолияти давлатї ва худшиносии миллї, ба дарки амиќи манфиатњои умумимиллї ва шинохти масъулияти таърихии афроди љомеа пойдор нахоњад монд. Дар айни замон худогоњї ва худшиносии миллї ба вањдати миллї мусоидат менамояд».

Бидуни вањдати миллӣ ва робитаи он ба страгегияи миллї ягон давлат наметавонад, ки мақсадҳои рушди устувор ва дорои аҳамияти бузургро барои миллат татбиқ намояд. Аз ин хотир, вақте Пешвои миллат мегӯем, Ваҳдату Давлату Истиқлол пеши назар меояд, вақте Пешвои миллат мегӯем, Сулҳу суботу ободкориҳо пеши назар меояд. Аввалин сухани Роҳбари Давлат аз сулҳу ваҳдат буд. Сулҳу ваҳдат моро бо ҳам овард. Ин ҳама бунёдкориҳо: нақбу роҳҳо, неругоҳҳо, иншоотҳои азими саноатию истеҳсолӣ меваи сулҳу ваҳдат аст. Дуои модару модарон дар ҳаққи Пешвои миллат мустаҷоб гардид, Тоҷикистон гулистону бӯстон гашту ваҳдати миллӣ таъмин гашт. Бо ҳама хубиҳояш Давлати Шуравӣ натавонист моро аз бунбасти коммуникатсионӣ барорад, мо наметавонистем ба минтақаҳои кишвар сафари бехатар дошта бошем. Роҳу нақбҳои бунёдшуда як омили ваҳдати миллӣ гаштанд. Дар ҷаҳои кам роҳбароне ҳастанд, ки мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби эҳтирому эътимоди мардуми кишварашон шуда бошанд.

Тоҷикистон ба амнтарин кишварҳо дар ҷаҳони муосир гардидаву роҳбараш дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусҳои башардӯстона эътирофу эътимод ёфт. Магар бе ваҳдати миллӣ ба ин рӯз мерасидем. Магар метавонистем бе таъмини ваҳдати миллӣ ҷашнҳои бузурги умумимиллиро таҷлил намоем. Дар бораи ҷаҳонӣ шудани ҷашни миллии мо – Наврӯз, мизбон будани Душанбе барои чорабиниҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ, ба рӯйхати сарвату арзишҳои маънавию ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кардани мусиқии “Фалак”-у “Шашмақом”, атласу адрас ҳама хуб медонем. Ин чорабиниҳо ваҳдати миллии моро таҳким бахшида нишон доданд, ки Пешвои миллат дар такя ба хиради азалии мардуми фарҳангпарварамон то кадом андоза барои обрӯву нуфузи Тоҷикистон талош доранд. Ба ҳамин хотир корнамоии Пешвои миллат чун пешвои ваҳдат дар осори сиёсӣ, илмӣ, ҳунарӣ, бадеӣ, публитсистӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ таҷассум ёфтааст. Хоса дар адабиёти бадеӣ васфу тасвири корнамоии ваҳдатофарии Пешвои миллат дар осори аксар шоирони муосир дучор меояд, ки нишони эҳтирому эътимоди эҷодкорон мебошад. Устод Бозор Собир мегӯяд:

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби тилло дар тоқи Қасри миллат

Шоири халқии Тоҷикистон Низои Қосим мефармояд:

Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои миллат,

Раҳҷӯи бахти халқи, эй раҳкушои миллат,

Достони Сулҳу Ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,

Аз хишти ҷисму ҷонат, кардӣ бинои миллат.

Оре, мо соҳиби Қасри пуршукӯҳи ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҳастем ва барҳақ, меъмори он Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сангин ГУЛЗОД,

мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ, дотсент

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ МИЛЛАТ

0

Қабули андешаи ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлат ва шиори зиндагӣ барои тоҷикон, бесабаб нест. Зеро бар асари нобасомониҳои солҳои охири асри гузашта кор ба дараҷае расид, ки дар байни мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо амали нангин ва хатарбори бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ доман паҳн намуд, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд. Пас аз имзои ин санади муҳимми таърихӣ дар мамлакати мо марҳалаи нав – марҳалаи сулҳу субот, ба Ватан ва хонаву кошонаи худ баргаштани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин давраи корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз шуд. Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи матини Пешвои миллат мо тавонистем дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем.

Дар ин раванди неку созанда мо, пеш аз ҳама, ба ақлу заковати азалии мардумамон такя кардем. Зеро табиати миллати тоҷик аз сифатҳои дӯстиву рафоқат, ватанпарастиву садоқат ва дӯстдории фарҳангу маърифат сиришта шудааст ва ҳамин фазилатҳои худодод дар он айёми тақдирсоз нақши барҷаста бозиданд. Дар он рӯзҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад. Он замон меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Дар чунин шароит Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи Ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳарчи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад. Маҳз бо чунин нияти нек ва масъулияти ватандорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ҳар як вохӯрии тарафҳои музокироти байни тоҷиконро, ки қариб чор сол идома ёфт, ба хотири пойдории сулҳу субот ва фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми тарафайн сафарбар созанд. Дар ҳамин замина миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳалаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд. Аз баракати сулҳу ваҳдат тоҷикон имкон пайдо карданд, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Имрӯз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки дар кишварамон барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамаи имкониятҳои сиёсиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд.

Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳаммияти ваҳдати миллӣ дар миёни мардум, бахусус наврасону ҷавонон бояд ҳамчун самти муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия қарор гирад. Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ бошад, мардумро муттаҳид сохта, ба сӯи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад. Борҳо Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободонии Ватани азизамон мебошад. Ин шоҳроҳи бунёдӣ, яъне ваҳдат ва худогоҳиву худшиносӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ – истиқлол, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшишу талош варзад. Ваҳдати миллӣ танҳо дар сурате тақвият меёбад, ки таъмингари ин падида – миллат, халқ ва давлати миллӣ муттаҳид, яктану якдил бошанд ва давлат барои амалӣ гардидани ваҳдат аз тамоми имконияту воситаҳо ва роҳу усулҳо мақсаднок истифода намояд. Бешак, барои ҳифзу ҳимояи он бояд тамоми ҷомеа саҳм дошта бошад. Маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сӯи оянда муайян созем. Зеро ба фармудаи ниёгони бузургамон тавоноӣ ва хушбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати он вобаста мебошад. Вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти халқи мо таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол мебошад.

Зарур аст, ки ҳамарӯза барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи кишвар, беҳдошти шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон аз тамоми нерӯву имкониятҳои хеш самарабахш истифода намоем. Яке аз вазифаҳои асосии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма, созмонҳои ғайридавлатӣ, инчунин дигар иттиҳодияҳои иҷтимоӣ таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии мамлакат мебошад. Зеро бидуни ин омилҳо таъмин гардидани фаъолияти густурдаи худи онҳо аз имкон берун аст. Дар шароити кунунии рушди ҷомеа бояд ба назар гирифт, ки ваҳдати миллӣ ҳеҷ гоҳ масъалаи сиёсии танҳо як гурӯҳ ё ҳизб набуда, балки он ифодаи талабот ва ниёзҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, сарфи назар аз эътиқодоти динӣ, мансубияти миллӣ ва ҳизбӣ мебошад. Бо дарназардошти он ки ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад. Вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки дастоварди бузурги миллиамон – ваҳдатро ҳамчун неъмати гаронбаҳо эҳтиёт кунем ва тамоми саъю талоши худро барои таҳкими он сафарбар намоем. Чи хеле, ки Пешвои миллат таъкид менамоянд: “Соҳиби давлати соҳибихтиёр ва соҳибватан будан барои ҳар як шаҳрванди ин сарзамини аҷдодӣ бахти бузург мебошад ва аз ин рӯ, дарки воқеияти раванду рӯйдодҳои ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки дар масъалаи арзёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ҳамеша боэҳтиёт бошем ва дурандешии сиёсӣ зоҳир намоем. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар фарди бонангу номуси миллат бояд зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризоияти миллии мо пояндаву ҷовидон бошад, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зери ин сиёсат муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкории Ватан фаъолона ширкат намояд”.

Ҳамин тавр, ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем.

Ҷамила Раҳмонзода, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ

ТАРАННУМИ ВАҲДАТ ДАР ПУБЛИТСИСТИКА

0

Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони истиқлолият ба шумор меравад. Маҳз ба шарофати сулҳ ва ризоияти миллӣ Тоҷикистон тавонист аз мушкилоти вазнини солҳои аввали истиқлолият раҳо ёфта, ба роҳи рушди устувор қадам гузорад. Ваҳдат на танҳо мафҳуми сиёсӣ, балки арзиши бузурги маънавӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки ҳастии миллат ва пешрафти давлат ба он вобастагии амиқ дорад.

Дар инъикос ва тарғиби ғояҳои ваҳдат нақши публитсистика хеле назаррас аст. Публитсистика ҳамчун яке аз навъҳои фаъолияти эҷодӣ ва иҷтимоию сиёсӣ воқеаҳои муҳимми ҷомеаро инъикос намуда, барои ташаккули афкори ҷамъиятӣ таъсири бузург мерасонад. Аз ин рӯ, мавзуи ваҳдат дар публитсистикаи тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад ва дар мақолаҳо, очеркҳо, мусоҳибаҳо ва дигар жанрҳои публитсистӣ васеъ таҷассум ёфтааст.

Вожаи «ваҳдат» маънои ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва муттаҳидиро дорад. Барои ҳар як миллат ва давлат ваҳдат омили муҳимми субот ва пешрафт мебошад. Таърихи инсоният нишон медиҳад, ки танҳо дар фазои сулҳу оромӣ ҷомеаҳо метавонанд рушд кунад ва ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд. Барои Тоҷикистон ваҳдати миллӣ аҳаммияти сарнавиштсоз дорад, зеро пас аз  истиқлолияти давлатӣ кишвар бо мушкилоти зиёди сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароит зарурати муттаҳид сохтани ҷомеа ва дарёфтани роҳҳои сулҳу субот ба миён омад. Ба шарофати талошҳои фарзандони содиқи миллат ва иродаи мардуми тоҷик сулҳ барқарор гардида, барои таҳкими давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам омад.

Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи асосии рушди Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Он кафили амният, субот, пешрафти иқтисодӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Публитсистика яке аз василаҳои замонавии таъсир ба шуури ҷомеа мебошад. Вазифаи асосии он инъикоси масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ буда, ҳамзамон барои тарбияи шаҳрвандон ва ташаккули ҷаҳонбинӣ мусоидат мекунад.

Дар солҳои истиқлолият мавзуи ваҳдат ба яке аз самтҳои асосии публитсистикаи тоҷик табдил ёфт. Рӯзноманигорон ва публитсистон тавассути асарҳои худ аҳаммиияти сулҳ ва ризоияти миллиро арзёбӣ намуда, мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстӣ даъват менамоянд. Дар ағлаби нигоштаҳои публитсистӣ ба масъалаҳои таҳкими сулҳ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳ шуда, ваҳдат ҳамчун дастоварди бузурги миллат ва шарти асосии рушди кишвар арзёбӣ гардидааст.

Яке аз намунаҳои барҷастаи тараннуми ваҳдат дар публитсистикаи тоҷик суханрониҳо ва матолиби марбут ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошанд. Дар онҳо ваҳдат ҳамчун омили наҷоти давлат ва кафили рушди минбаъдаи ҷомеа арзёбӣ мегардад. Муаллифон бо такя ба воқеаҳои таърихӣ нишон додаанд, ки маҳз муттаҳидии мардум барои барқарор гардидани сулҳ ва субот замина гузошт. Аз ҷумла, дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ» ва «Адабиёт ва санъат» пайваста мақолаҳое ба нашр мерасанд, ки дастовардҳои замони истиқлолро ба мавҷуд будани ваҳдати миллӣ шарҳ медиҳанд. Масалан, дар бисёр мақолаҳо сохтмони роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоӣ ҳамчун самараи сулҳу ваҳдат маънидод мешавад.

Аз мутолиот бармеояд, ки масъалаи Ваҳдат дар ин нашрияҳои даврӣ тобиши гуногун дорад. Дар навбати аввал нигоштаҳоеро метавон ном бурд, ки бевосита ба масъалаи мавриди назар тааллуқ дошта, дар онҳо арзиш ва аҳаммияти ин санаи таърихї бозгў шуда, роҳи тайкардаи раванди сулҳи тољикон нақл ва иқдомҳои сарвари давлат дар роҳи расидан ба ваҳдати миллї  тавсиф карда шудааст. Ин гуна нигоштаҳо аз рўи сабки дорои нигориш хусусияти илмию оммавї ва тавсифї мебошанд. Муаллифон дар баррасии мавзуъ ба сарчашмаҳои таърихї ва фарҳангиву адабї рў оварда, воқеаҳои рухдодаро ба сифати далел қарор медиҳанд, аз дидаву шунидаҳои худ мисолҳо меоранд, фикрашонро бо гуфтаҳои Пешвои миллат – Эмомалї Раҳмон тақвият мебахшанд ва ба ин рисолати ваҳдатофариро ба шакл медароранд.

Нигоштаҳои дигар бевосита ба мавзуи ваҳдат бахшида нашудаанд, аммо бо ин ё он муносибат ба он алоқамандї пайдо кардаанд. Дар онҳо пешравиҳои соҳаҳои ҳаёти иљтимої, муваффақиятҳои ин ё он вилояту навоҳї, дастовардҳои замони Истиқлол ва амсоли ин инъикос шудааст, ки дар маљмуъ ѓояи ваҳдатсозиро талқин мекунанд. Чунончи, дар соли 2025 дар нашрияи “Адабиёт ва санъат” зери гӯшаи “Худшиносӣ” мақолаҳои Кароматулло Олимзода “Нақши худшиносӣ дар бақои давлатдории миллӣ” (27.02, Муҳаммаддовуд Саломиён “Паёми сулҳофарин (2.07), Мансур Суруш “Пуштибони бепаноҳон”(25.07), Раънои Мубориз “Истиқлол иқболи баландест” (27.08), Сироҷиддин Икромӣ “Истиқлолияти давлатӣ ва ҳувияти миллӣ” (3.09) ва ғайра дарҷ гардидааст, ки дар онҳо масъалаи худшиносии миллӣ аз зовияҳои гуногун баррасӣ шудааст. Чунончӣ, агар К. Олимзода ба нақши худшиносӣ дар бақои давлатдории миллӣ бештар эътибор дода бошанд, М. Саломиён фидокориҳо ва ҷаҳду талошҳои Президенти кишварро дар самти сулҳофарӣ ба баррасии публитсистӣ кашида, ҳикмати қавли “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и Сарвари давлатро маънидод кардааст. М. Суруш ба фазилатҳои инсонӣ ва волотарини Пешвои миллат – хайрхоҳиву некандешӣ, дастгирии беғаразонаи ятимону ниёзмандон ва бечорагон таваҷҷуҳ намуда бо зикри сафарҳо, амалҳои саховатмандона, суҳбатҳои самимӣ, муносибати хайрхоҳона, кумакҳои башардӯстона, нақли кампири танҳои рус Галина Викторовна, ки бо дастгирии Пешвои миллат ба кумаки башардӯстона насиб гардидааст, ба нақлаш солорӣ бахшидааст. Р. Мубориз ҳикмати музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо нақли сиёсатҳои даврони пешин – дур кардан аз мутоилаи китобҳои ниёгон, гуноҳ ҳисобидани хатнатуй, манъи наъти Худову Расул, нодида гирифтани Наврӯз, беқадрӣ ба забони тоҷикӣ, мушкилоти роҳ, паст задани либоси миллӣ ва амсоли ин муқоиса намуда, ба ин васила лаззати неъматҳои замони истиқлолро ширинтар гардонид. С. Икромӣ ба мавзуъ аз нигоҳи шинохти ҷомеа ва талошҳои Сарвари давлат муносибат намуда, бо хушнудӣ меафзояд, ки “Дар маркази сиёсати илмӣ ва фарҳангии Сарвари давлат қарор гирифтани худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳадафи ниҳоят муҳим ва зиндагисоз дорад. … Ифтихор аз давлатдорию соҳибистиқлолӣ дар замони муосир масъалаи ҳаётӣ буда, саодати наслҳои имрӯзу оянда ба он сахт вобаста аст”.

Моҳиятан мавзуи  мақолаҳои мавриди таҳлилро эътирофи мактаби сулҳоварии Пешвои миллат ва талқини андешаи муҳим будани худшиносӣ ва дарки масъулияти фардӣ барои ҳифзи оромиву осудагии миллат ва давлат умумият мебахшад.

Агар аз ин назар ба маводди нашрияҳои даврии фавқулзикр наздик шавем, эҳсос мекунем, ки ағлаби онҳо  ѓояи ваҳдатофариро ба контексти мундариљаи худ дохил намудаанд. Воқеан, маҳз ба воситаи ваҳдат татбиқи манфиатҳои умумӣ таъмин гардида, дар љомеа фаъолиятҳои муташаккил ва идорашаванда ба вуҷуд оварда мешавад, ба воситаи ваҳдат оромии љомеа ва ҳаёти ҷамъиятӣ танзим мегардад.
Бидуни шак, ваҳдат асоси сиёсати имрӯзаи љомеаи тољик буда, яке аз воситаҳои татбиқи сиёсати миллӣ маҳсуб меёбад.

Инъикоси масъалаи ваҳдат ва тараннуми он бештар дар қолаби жанрҳои гуногуни публитсистии хабару ҳисобот, мақолаву очерк ва эссе шакл гирифтааст. Агар имконоти жанри мақола барои баррасии омилҳои ваҳдатофар, муқоисаи давраҳои нооромӣ ва талошҳо баҳри  сулҳу ваҳдат, аҳаммияти ягонагии миллат мусоидат карда бошад, тавассути корбурди вежагиҳои жанри очерк  образи ваҳдат ва қаҳрамони ваҳдатофар офарида шудааст. Муаллифон зиндагии осоиштаи мардум, фаъолияти созандаи ҷавонон ва пешрафти кишварро дар пасманзари иқдом ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳат – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо воситаи тасвирҳои воқеӣ бозтоб намудаанд. Ин усули тасвир таъсири тарбиявии зиёд дорад ва  хонандаро ба қадршиносии сулҳу субот ва ҳифзи ваҳдати миллӣ ҳидоят менамояд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар ВАО, хосса  матбуоти даврӣ ба масъалаи ваҳдат ва тараннуми он маъмулан дар арафаи Рўзи ваҳдат  таваљљуҳ мешавад. Албатта, ин амал дуруст ҳам аст, зеро матлаби публитсистї набзи замон буда, вақти муайян, бо ин ё он сабаби иҷтимоӣ буруз меёбад. Аммо, дар кишвари соҳибистиқлоли мо Ваҳдат танҳо љашни таърихї нест, балки он ѓояи меҳварии љомеа низ ҳаст. Тавассути он сиёсати сулҳпарварона ва бунёдкоронаи ҳукумати кишвар татбиқ мегардад, сабақҳои сулофарии Пешвои муаззами миллат ба мардум, ба хусус насли ҷавон интиқол меёбад,  моҳияти он хуб ва амиқ дарк карда мешавад, муттаҳидӣ ва раванди созандагиҳо қувваи дучанд мегирад. Ба ин манзур, дар ВАО, хосса матбуоти даврї, ҳамчунин фазои маҷозӣ тараннуми ваҳдат ва ваҳдатофарї бояд вусъат пайдо кунад ва матолиби публитсистӣ аз нашрияву китобҳо ба саҳнаву филмҳо, шабакаву сомонаҳои интернет кӯчад.

Ҳамин тавр, сулҳу ваҳдат дар публитсистикаи тоҷик яке аз мавзуъҳои муҳим ва мубрам маҳсуб меёбад. Публитсистон бо нигоштаҳои худ аҳаммияти сулҳу субот, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тарғиб намуда, барои таҳкими афкори ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги халқи тоҷик, кафили рушд ва пешрафти давлат мебошад. Ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, публитсистика ҳамчун минбари муҳимми афкори ҷамъиятӣ бояд минбаъд низ дар тарғиби ғояҳои ваҳдат, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ нақши муассир дошта бошад.

Мурод Муродӣ, профессори ДМТ

МАРҲИЛАҲОИ ТАҲАВВУЛ ВА РУШДИ МАТБУОТИ ДАВРӢ

0

Муаллифони китоби «Таърихи журналистикаи тоҷик» низоми воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистонро аз нигоҳи тааллуқоти молӣ ва сиёсӣ ба расмӣ, ҷамъиятӣ, ҳизбӣ, шахсӣ ҷудо карда, қайд намудаанд, ки «Ҳар кадоми он хислати ба худ хос дорад ва ҳеҷ кадоме аз онҳо ба ҳамдигар тобеъ нест. Танҳо воситаҳои ахбори ҷамъиятӣ дар ҳамкории мақомоти давлатӣ ва шахсӣ таъсис ёфта метавонанд» [9, c. 278].

Таҳлилҳои коршиносона нишон медиҳанд, ки дар таърихи беш аз як асраи журналистикаи тоҷик чунин низом танҳо дар замони истиқлол ба вуҷуд омад, ки нишони демократия ва гуногунфикриву гуногунандешии баёни ақида аст. Дар давраҳои қаблӣ чунин низом вуҷуд надошт, балки барои давраи тошуравӣ аломати шахсию хусусӣ ва дар замони шуравӣ хусусияти ҳизбӣ асосан хос буд.

 Ташаккули чунин низом, ки мароҳили ҷудогонаро фаро мегирад ба шаклгирии журналистикаи нав мусоидат намуда бошад ҳам заминаҳои он ҳануз пеш аз соҳибистиқлолии кишвар ба вуҷуд омадааст. Аниқтараш, ташаккули журналистикаи нав аз давраи бозсозӣ маншаъ мегирад. Дар ин давра бо таъсири насими бозсозӣ, аз як сӯ, мундариҷаи аксарияти нашрияҳои даврӣ гуногун, пурмазмун ва ҷолиб гардид, мавзуъҳои худшиносиву ҳувияти миллӣ афзалият пайдо карда ошкоргуиву озодбаёнӣ анъана шуд, аз сӯйи дигар, тадриҷан нашрияҳои нав таъсис ёфта, дар фазои матбуоти даврӣ гуногунрангии фикру ақидаҳо роҳ ёфт ва мавқеъ пайдо кард. Ин раванд низоми воситаҳои ахбори оммаи шуравиро, ки аслан ҳизбӣ буд, аз байн бурд ва ба марҳалаи нави инкишофи журналистикаи тоҷик замина гузошт,  мустақилияти фикриву ғоявиро ба вуҷуд овард. Ба қавли муҳаққиқ Қ. Шарифзода «як хусусияти хоси ВАО-и Тоҷикистон он аст, ки аз кишвар дида пештар мустақилият касб намуд» [Шарифзода Қ. Мушкилоти озодии сухан. – Душанбе, 2009. –с. 54].  Ин даъво бар он асос меёбад, ки ба шарофати Бозсозии Горбачёвӣ қонуни ИҶШС «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» қабул гардид. Қабули қонуни матбуот имкон фароҳам овард, ки дар тули ҳамагӣ як сол дар Тоҷикистон нашрияҳои гуногунмавқеъ мисли «Паёми Душанбе» – нашрияи ҷамъиятию сиёсии пойтахт (январи соли 1990), «Растохез»-и Созмони мардумии «Растохез» (30 майи соли 1990), «Адолат»-(20 сентябри соли 1990), «Дунё»-(1 майи соли 1991), «Чароѓи рӯз»-(12 июни соли 1991) таъсис ёфта, ба фаъолият пардохтанд. Ба ин вазифаҳо сиёсат, иттилоот, саргармкунӣ, тиҷорат ва амсоли ин дохил мешаванд. Чунончи професор И. Усмонов зикр мекунад: «Марҳилаҳои ташаккули журналистикаи нав бо он вазифаҳое иртибот мегирифт, ки барои таѓйир ва пешрафти ҷомеа лозим буданд» [Вазифаи аслии журналистика дар ҷомеа // Актуальные проблемы журналистики, №2. – Душанбе. – 2007. – С.15]. Ҳарчанд на ҳамаи нашрияҳои зикршуда озодиҳои фароҳамшударо ба манфиати фарҳангу тамадуни миллӣ, озодию истиқлол ва ҳамгироию якпорчагии кишвар истифода намудаанд, аммо ҳамчун нахустин нашрияҳои ғайриҳизбӣ ё худ ҳайридавлатӣ рӯи чоп омаданд. Матбуоти даврӣ вазифаҳои худро дар замони истиқлол ба талаботи руҳи сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа мувофиқ кунонидааст.

Ба ин манзур, агар дар матбуоти даврии солҳои 1991-1992  талошҳои дастрасӣ ба ҳокимият, бархурди манфиатҳои шахсӣ ва маҳаллӣ афзалият дошт, дар матбуоти солҳои 1993-1997, бо таъсири муборизаҳои дохилӣ,  нашрияҳо аз рӯи ҳадаф ба ду тип ҷудо шуданд, ки яке барои ваҳдатофарӣ талош мекарду дигаре кӯшиши ҷудоихоҳӣ менамуд. Тадриҷан дар матбуоти даврии ин солҳо, хусусан нашрияҳои расмӣ, вазифаи сулҳоварӣ бартарӣ пайдо карда, масъалаҳои сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ мавзуи асосӣ гардид. Агар ба ақидаи баъзе сиёсатшиносон, ки «матбуоти айёми бозсозиро шурандозанда ва алангадиҳандаи ҷанги шаҳрвандӣ» меҳисобанд, мутмаин шавем, пас метавонем гуфт, ки матбуоти солҳои аввали истиқлол дар барқарории сулҳу баҳамоии мардум нақши муҳим гузоштааст. Дар ин солҳо мазмуну мундариҷаи нашрияҳои умумиҷумҳуриявӣ ба хусус «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон» нисбатан беҳтар гардида, нашрияҳои хусусӣ ва соҳавӣ ба мисли «Адабиёт ва санъат», «Тоҷикистон», «Чархи гардун» ва ғ. имконияти чопи мунтазам пайдо карданд.

Бо шарофати ташаккули озодии сухан дар солҳои 1991-1993 нашрияҳои зиёде  аз қабили «Ҷоми Ҷам» – Бурҳон Сафарӣ, «Ҳафтганҷ» – Ширкати «Хизмат», «Сухан» – Иттифоқи журналистон», «Сомон» – Бунёди забони тоҷикӣ», «Тоҷикистон» – Ҷамъияти дифои ҳуқуқи истеъмолгарон, маҷаллаҳои хусусии «Мардумгиёҳ»-и Равшани Раҳмонӣ, «Дарё»-и Саодат Сафарова ва ѓайра рӯий чоп омаданд, ки аз ҷиҳати таъйинот ва хусусият гуногун буданд. Баръакси ин дар солҳои 1993-1995 бо иллати ҷанги шаҳрвандӣ баъзе нашрияҳои даврӣ аз чоп монданд, теъдоди ками нашрияҳо ба тарзи номуназзам интишор мешуданд. Дар ин марҳала бо дастгирии ҳукумати кишвар ва иқдомҳои хайрхоҳонаи  Сарвари давлат муҳтарам Э. Раҳмон танҳо нашрияҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» ҳафтае ду маротиба чоп мегардиданд. Аммо бо иллати халалдор гардидани усули кори почта ин нашрияҳои даврӣ низ саривақт дастраси муштариёнашон намешуданд.

Солҳои 1995-1997-ро аксари муҳаққиқон марҳалаи ба рушд рӯ овардани ВАО, хосса матбуоти даврӣ номидаанд. Дар ин солҳо нашрияҳои даврии мустақили иҷтимоию сиёсӣ чун «Истиқлол» – Бунёди ҷамъиятии «Оли Сомон» ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Воҳидов, «Бизнес и политика» – Оҷонсии мустақили навгониҳои Тоҷикистон, «Чархи гардун», «Дайджест пресс» – Акбаралӣ Сатторов ба майдони матбуоти даврӣ ворид гардиданд. Ҳарчанд дар саҳифаҳои ин қабил нашрияҳо маводи таърифиву тавсифӣ, қисабофиҳо, аксҳои ба ахлоқи миллӣ чандон номувофиқ, матолиби ҳангомасоз ба чашм мерасид, аммо метавон гуфт, ки онҳо дар таъмини иттилоотии ҷомеа, ҷалби мардум ба рӯзномахонӣ ва бедории афкори омма таъсир доштанд.

Баъд аз «Созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ» (1997) давраи нави ВАО оѓоз шуд, ки ба таъбири коршиносон «он демократияи бештар дошт». Ба ин санади ҳамдигарбахшӣ ва Протоколи сиёсӣ барин ҳуҷҷатҳои сулҳ мусоидат намуданд. Соли 1999 барои воситаҳои ахбори омма шароити мусоиди фаъолият ба амал омад. Моҳи августи ҳамон сол Суди Олӣ ҳукми худро дар бораи боздоштани фаъолияти матбуоти оппозитсионӣ (1993) бекор кард.

 Дар ин давра нашрияҳои зиёде амсоли «Ҷунбиш» – Нашрияи ҳаракати миллии Тоҷикистон (1.08.1997), «3+1» – Нашрияи Ассотсиатсияи журналистони Тоҷикистон  «Ҳамкории иҷтимоӣ» (5.08.1999), «Ваҳдат» – Нашрияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ (28.08.1999), «Ҳилола» – Нашрияи Ташкилоти ҷамъиятии Ҳилола (6.10.2000), «Гулбонг» – Нашрияи хусусии Р. Давлатова (13.08.1997), «Крим-инфо» – С. Ҳомидов, «Замондош» -Ҳ. Ҷӯраев (7.10.1999), маҷаллаи «Гули мурод» – Пайванд Гулмуродзода (майи 1997), ҳафтаномаи «Алиф» – Назри Яздон,  ва ѓайра интишор гардиданд, ки ба рушди матбуоти даврӣ мусоидат намуданд. Ҳамзамон дар ин марҳала нақши ВАО, хосса матбуоти ҳукуматӣ бориз гардида, нашрияҳои дар марҳилаҳои пешин қатъ гардида, аз нав ба фаъолият шуруъ карданд, ки ҳафтаномаҳо «Тоҷикистон» (1.01.1997) ва «Ҷавонони Тоҷикистон» (январи соли 1999) намунае аз онҳост.

Марҳалаи дигари инкишофи матбуоти тоҷик аз соли 2000 шуруъ гардид, ки то соли 2006-ро фаро мегирад. Дар ин марҳила на танҳо матбуоти даврӣ, балки воситаҳои электронии ахбори омма низ рушд карда, радио ва телевизионҳои мустақил ба вуҷуд омаданд. Дар баробари нашрияҳои расмиву ҳукуматӣ матбуоти даврии хусусиву тиҷоратӣ зиёд гардид; бозори иттилоот ба вуҷуд омад; воситаҳои ахбори омма бо техника ва технологияи инноватсионӣ тадриҷан таъмин гардиданд; сифати нашрияҳои даврӣ беҳтар шуд; дар фазои иттилоотӣ рақобати касбӣ ба вуҷуд омад, ки зери «фишори» он баъзе нашрияҳо майдони матбуотро тарк карданд ва баъзе нашрияҳо худро бозсозӣ намуданд. Дар ин марҳала низ нашрияҳои зиёде рӯйи чоп омада, дар муддати кӯтоҳ дар муҳити иттилоотии кишвар мавқеъ пайдо карданд. Аз ҷумла нашрияҳои «Азия пилюс» – Агентии иттилоотии «Азия плюс» (21.01.2000), «Оила» – Ш. Ҳамдамов (1.01.2000), «Рекламная газета» – ООО «Оила» (27.03.2001), «Неруи сухан» –М. Боқизода (30.01.2000), «Рӯзи нав» – Р. Мираимов (6. 08. 2003), «Зиндагӣ» – Қ. Хуҷамов (8.09.2004), «Миллат» – А. Умарова (1.09.205), «Вароруд» – ООО ИАА «Вароруд» (1.01.2002), Факты и коментарии» – НПО «Кӯҳи нор» (27.04.2006)  ва ѓ. Дар умум то 1-уми августи соли 2006 дар Тоҷикистон 240 воситаи ахбори оммаи чопӣ, 5 агентии иттилоотӣ ва 89 матбаа ба қайд гирифта шуда буд.

Дар охири соли 2006 зуҳури нашрияҳои нав идома ёфт. Аз ҷумла нашрияҳои «События» – С. Сиддиқов (сентябри соли 2006), «Вақт» – М.Абдураҳмонова, К.Саид, «Нигоҳ» – Бунёди ҷумҳуриявии «Индем» (Информатика барои демократия ва рушди миллӣ) (декабри соли 2006), «Фараж» – ҶДММ «А. Медиа (декабри соли 2006, аз сентябри соли 2007 Маркази тадқиқоти журналистӣ) рӯйи чоп омаданд. Ин нашрияҳо дар муддати кӯтоҳ дар низоми матбуоти даврӣ ва фазои иттилоотии кишвар мавқеи намоён пайдо карданд. 

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар имкон ба вуҷуд омад, ки системаи матбуоти ҳизбӣ ба вуҷуд ояд. 20-уми сентябри соли 1990 «Адолат» – нашрияи ҳизби Демократии Тоҷикистон, 28 феврали соли 1992 «Нидои ранҷбар» – органи чопии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, аз 12 марти соли 1992 «Наҷот»-и Ҳизби наҳзати ислом  (бо сабаби нашри афкори дорои хусусияти экстримистию террористӣ бо Қарори Суди Олӣ аз 29 сентябри соли 2015 фаъолияташ манъ шудааст) августи соли 1996  «Иттиҳод» – органи чопии ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, 7 сентябри соли 1996 «Минбари халқ» – нашрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соли 2006 «Меҳргон» – органи чопии Ҳизби аграрии Тоҷикистон интишор гардиданд. Аммо ба истиснои «Минбари халқ» нашрияҳои дигари ҳизбӣ дар низоми матбуоти тоҷик мавқеи мунтазам пайдо накарданд. Дар заминаи нашрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» тадриҷан нашрияҳои зиёде аз тарафи кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ин ҳизб, амсоли «Мароми пойтахт» (Душанбе), «Сухани халқ» (Хуҷанд) «Ҳамрози халқ» (Кумитаи иҷроияи ҳизбии Хатлон) таъсис ёфта, низоми матбуоти даврии ҳизбиро ба шакл дароварданд.

Мавриди зикр аст, ки нашрияи «Минбари халқ» новобаста аз ҳизбияти худ дар фазои иттилоотии кишвар мавқеъ ва нақши намоён дорад. Дар он на танҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҲХДТ балки масъалаҳои муҳимми ҳаёти дохил ва хориҷи  кишвар инъикос ва баррасӣ мегардад. Як вижагии хоси ин нашрия он аст, ки худро сарпарасти маънавии НБО-и “Роғун” эълон карда, раванди корзори ин неругоҳи азими барқи обиро пайваста мунъакис мекунад. Маводи нашрия аз нигоҳи моҳият муҳим ва рӯзмарра буда, аз назари касбӣ бештар ҷанбаи таҳқиқиву таҳлилӣ дорад. Дар чунин оҳанг ва дараҷа пайдо кардани маводи нашрия на танҳо рӯзноманигорони худӣ, балки аъзои ҳизб – кормандони касбу кори гуногун  низ саҳм гирифтаву мегиранд.

Ниҳоят таъсис ёфтани рӯзномаи «Имрӯз-NEWS», ки нашрияи хусусии ҶДММ «Имрӯз-NEWS» мебошад (22 феврали соли 2013), фазои иттилоотии кишвар, ба хусус муҳити матбуоти даврии моро тағйир дод. То нашри «Имрӯз-NEWS», дар кишвари мо ягон нашрия ҳаррӯза ба табъ намерасид. Мо ҳафтаномаҳо, моҳномаҳо, фаслномаҳо, солномаҳо ва гоҳномаҳо доштем, аммо рӯзнома надоштем. Нашрияҳои расмии кишвар дар сурати зиёд шудани маводи расмӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки нашри онҳо ҳатмӣ аст, дар ҳафта ду ва гоҳе се шумора нашр мекарданд. Бо истифода аз имконоти қонунгузории кишвари соҳибистиқлоламон «Имрӯз-NEWS» ин низомро тағйир дод. Зеро ин нашрия ба маънои комилаш рӯзнома буда, ҳар рӯз ба табъ мерасид. Ин падида, боис гардид, ки нашри ҳаррӯзаи нашрияҳои даврӣ дар Тоҷикистон зиёд шаванд. Аз ҷумла, рӯзномаи расмии кишвар – «Ҷумҳурият» низ фаъолияти худро рӯзмара намуд. Ин дигаргуниро низ як падидаи муҳим дар даврони истиқлоли кишварамон метавон маънидод кард.

Истиқлолияти сиёсӣ бо фароҳам намудани заминаҳои қонунӣ матбуоти даврии моро вусъат бахшид ва имкониятро барои ташаккул ва такомули нашрияҳои хос: занону бонувон, ҷавонон ва кӯдакону наврасон тақвият дод. Ба вежа, нашрияҳои кӯдакону наврасон, ки дар замони шуравӣ танҳо ду нашрия («Пионери Тоҷикистон» ва «Машъал») доштем, дар замони истиқлоли кишвар ин бахши матбуоти миллии тоҷик ба таври шоиста рушд ёфт. Ҳарчанд, дар замони носуботиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилӣ нашрияи кӯдакону наврасон – «Машъал» фаъолияти мунтазам надошт, хушбахтона бо фароҳам шудани сулҳу ҳамгироӣ ва талқинҳои Сарвари давлат дар самти тарбияи наврасон дар Тоҷикистон матбуоти кӯдакона такомули чашмгир ёфт.

То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 20 нашрия барои кӯдакону наврасон рӯи чоп омада, ки «Анбоз», «Анвори дониш», «Анӯшервон», «Афсонаҳо», «Ахтарон», «Боғи дониш», «Ворисони Сомониён», «Гулшан», «Гул-гул», «Гулистон», «Зангула», «Муғча», «Пешоҳанг», «Пайрав», «Рангинкамон», «Садои кӯдакон», «Салом, оянда!», «Сомониён», «Чашма», «Аладин»,«Лочин», «Бойчечак», «Устоз» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аз ин теъдод нашрияҳо 90 дар садашон ба шакли хусусӣ ва ҷамъиятӣ нашр шуда, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ ва англисӣ барои наврасони кишвар мавод ба табъ мерасонанд.

То имрӯз бо таъсири фазои маҷозӣ ва мушкилоти молиявӣ беш аз 10 нашрия барои кӯдакону наврасон аз фаъолият боз мондаанд, вале чун «Пайрав», «Салом, оянда!», «Сомониён», «Чашма», «Анбоз», «Лочин» аз ҷумлаи он нашрияҳое мебошанд, ки ба таври мунтазам нашр шуда, бо муҳтавои адабӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, бозиҳои шавқовару гуногуни зеҳнӣ, дарсҳои забономӯзӣ дастраси кӯдакону наврасон мегарданд. Ин нашрияҳо бо чопи маводи ҷолибу кӯтоҳи гуногунмавзуъ ва эҷодиёти худи наврасон дар баробари кор бо кӯдакон як фазои муосиди матбуоти кӯдаконаро дар кишвар такомул додаанд. Яъне, истиқлолият барои наврасони мо дунёи зебои маънавиро боз намуда, кишвари соҳибистиқлол Тоҷикистон аз тариқи ин нашрияҳо барои тарбияи ахлоқӣ, зебопарастӣ, инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, таҳкими ифтихороти милливу фарҳангии наврасону кӯдакони худ саъй мекунад.

Дар замони соҳибистиқлолиии кишвар имконият барои огоҳии насли ҷавони мамлакат аз набзи замон: вазъияти сиёсию иқтисодии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, равандҳои тамоюли фарҳангию иҷтимоии аҳолӣ, падидаҳои ҷаҳонишавӣ ва геополитикӣ густариш пайдо кард. Ҳукумати мамлакат барои тарбияи як насле, ки гузариш аз як сохт ба сохти нави давлатдориро дарк кунад ва раванди сулҳу ваҳдатро ба шакли масъулона қабул созад, корҳои тарғиботиро равнақ бахшид. Ба вежа дар ин самт нақши матбуоти даврӣ хеле бориз буд.

Агар дар замони шуравӣ матбуоти даврии барои ҷавон махсусгардонидашуда ҳамагӣ ду номгӯ: «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Комсомолетс Таджикистана» буд, дар замони истиқлол шумораи чунин нашриящои даври ба беш аз 10 расидааст. Аз ҷумла, «Ҷавонони Тоҷикистон», «Олами ҷавонон», «Ҳамрози ҷавонон», «Паргор», «Навоварони ҷавон», «Ворисони Суғд», «Ҳуқуқшиноси ҷавон», «Ворисони Тоҷикистон», «Омӯзгори ҷавон», «Студент TJ» ва ғайра.

Аз ин миён фаъолтарин нашрияе, ки аз лиҳози фарогирии комили манотиқи кишвар, нашри мунтазам, баррасию таҳлили масоили марбут ба ҳаёти ҷавонон, инъикоси сиёсати давлатии ҷавонон ва фарҳангу адабу варзиш пешгом аст, «Ҷавонони Тоҷикистон» мебошад. Нашрияҳои дигари ҷавонон, чандон фарогирии комил надошта бошанд ҳам, барои соҳаҳои мушаххаси фаъолияти ҷавонон пешбинӣ шуда, масъулияти худро барои таъмини насли ҷавон бо маводи мутолеа хидмат мекунанд.

Матбуоти ҷавонон мушкилоти худро низ дорад, аз ҷумла дар раванди бархӯрди низоми нав – электронӣ ва анъанавии кори матбуот на ҳама худро мутобиқ карда тавонистан ва аксари нашрияҳои ҷавонон аз чоп мондаанд. Новобаста аз ин, ин типпи матбуоти даврӣ, насли ҷавонро бо хабарҳои наву муҳим таъмин карда, онҳоро ба мутолеаи фарогир, соҳаҳои нави дониш, вазъи илму фарҳанги ҷаҳон, риштаҳои гуногуни варзиш ва навоварии ҳаёти ҷавонон завқманд менамояд. Инчунин, бо нашри мақолаҳо ҷавонони кишварро аз падидаҳои номатлуб, хатарҳои мавҷуда дар ҳаёт ва бозиҳои пасипардагии абарқудратҳо доир ба масоили сиёсию минтақавии ҷаҳон огоҳ менамоянд.

Нашрияҳои барои бонувон ихтисосёфта низ дар даврони истиқлол кори шоиста карданд. Ба хусус дар тарғиби сиёсати давлатии ҳукумат дар самти занон ва оила, ба донишҳои навин фаро гирифтани бонувон, баробарҳуқуқии занону мардон, ба таҳсил фаро гирифтани духтарони деҳот, ба сиёсат ва идоракунии давлат ҷалб кардани бонувон, муаррифии чеҳраҳои фаъоли бонувон дар соҳаҳои истеҳсолот, шохаҳои ҳокимияти қонунбарор, иҷроия, судӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти бонувон дар саҳифаҳои ин типи нашрияҳои даврӣ бозтоби комил ва густурда ёфтааст.

Агар мо дар замони собиқ иттиҳоди шуравӣ барои занону бонувон танҳо маҷаллаи «Фирӯза»-ро нашр мешуд, хушбахтона дар даврони истиқлол матбуоти ба бонувон нигаронидашуда на кам аз 15 нашрия мебошад. Аз ҷумла, нашрияҳои «Зан», «Зан ва Модар», «Зан ва оила», «Зани муосир», «Фирӯза», «Бонувони Тоҷикистон», «Нилуфар», «Ноҳид» ва ғайра. Баъзе аз ин нашрияҳо дар доираи барномаву лоиҳаҳои хусусӣ ва сармоягузориҳои байналмилалӣ ба табъ расидаву фаъолияти дарози доманадор надоштанд, аммо маводи маърифатӣ, ҳуқуқӣ, адабӣ ва фарҳангию сиёсиро барои доираи мушаххаси бонувон нашр кардаанд.

Дар маҷмуъ, матбуоти ба кору рӯзгои бонувон нигаронидашуда дар даврони истиқлол тавонист бо нашри мавзуъҳои муҳим ба ёрдамчии асосии давлат мубаддал шавад ва ҳамзамон низоми матбуоти даврии намуди ҷинсиятиро ташаккул ва такомул бахшад.

Мурод МУРОДӢ,

профессори ДМТ

ОМИЛҲОИ КАСБӢ (ТАҲСИЛОТИ ЖУРНАЛИСТӢ) ДАР РУШДИ РӮЗНОМАНИГОРӢ

0

6.Омилҳои касбӣ (Таҳсилоти журналистӣ) дар рушди рӯзноманигорӣ

Дигар аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии меҳан ташаккули  таҳсилоти рӯзноманигорӣ ё худ ба миён омадани мактабҳои омӯзиши рӯзноманигорӣ мебошад, ки инро низ метавон аз омили таъсиррасон дар рушди воситаҳои ахбори оммаи кишвар маҳсуб донист. Дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон омодагии касбии рӯзноманигорон, асосан дар заминаи факултети филологияи тоҷики УДТ (ҳоло ДМТ), аслан дар равияи филологӣ сурат мегирифт. Соли 1966 дар ин факултет шуъбаи рӯзноманигорӣ таъсис ёфт, аммо он ҳам бо сабаби дар феҳристи ихтисосҳои барои Тоҷикистон иҷозатдодаи Вазорати маълумоти олии ИҶШС мавҷуд набуданаш, соли 1971 баста шуд. Яъне, аз “боло” барои Тоҷикистон будани ихтисоси рӯзноманигориро зарур нашуморида, ин бахши навтаъсис ва ҳамзамон хеле муҳимро баста буданд. Баъдан соли 1987 бо ташаббуси як қатор омӯзгорони ихтисоси журналистика ин бахш барқарор карда гардид.

Соли 1992, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи шуъбаи журналистика ва гурӯҳи ихтисоси тарҷумонии факултети филологияи тоҷик факултети журналистика ва тарҷумонӣ таъсис ёфт ва соли 2007 бо пешниҳоди Вазорати маориф журналистика ном гирифт. Агар соли таъсисёбӣ дар факултет ҳамагӣ 2 кафедра амал мекард, ҳоло бошад дар факултет 5 кафедра амал мекунад, ки аз рӯи 6 ихитисоси муҳим барои ҷомеаи мо мутахассисонро омода мекунад.

Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон танҳо як маркази омодагии касбии рӯзноманигорон амал мекард, имрӯз тарбияи касбии рӯзноманигорони оянда дар ду факултет: факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз рӯйи 6 ихтисос: журналистика, журналистикаи байналхалқӣ, умури нашриёт, иттилоот ва робита, журналист: тарҷумон ва WEB-рӯзноманигорӣ), факултети журналистикаи телевизион ва радиои “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ду кафедра, аз рӯи 6 ихтисос (Журналисти телевизион ва радио; WEB – журналистика; PR – робита бо ҷомеа; Режиссёри телевизион; Телеоператори кино; рӯзноманигор-омӯзгор) ва 8 шуъбаву кафедраҳои донишгоҳи дигари кишварамон: Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон (журналистика ва журналистикаи байналхалқӣ), Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (журналистика, журналист-тарҷумон), Донишгоҳи давлатии Хоруѓ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода ҷараён мегирад. Тули чанд сол дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ва Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг ба номи Буйдоқов П.Ҷ. низ кадрҳои рӯзноманигорӣ омода карда мешуданд.  Албатта, ҳар яки ин факултет ва шуъбаву кафедраҳо барои ВАО кадр тайёр мекунанд ва дар доираи имконияти моддӣ – техникӣ ва илмӣ – методии худ кадрҳои мусаллат бо донишҳои муосир, фарҳангу ахлоқи миллӣ, ҳисси масъулияти миллию ватандорӣ ва ҷаҳонбинии сиёсию байналмилалиро ба ҷомеа эҳдо менамоянд.

Дар сифатнок ва замонавӣ гардидани таҳсилоти журналистӣ, дар баробари ин муассисаҳои маорифи кишвар, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ низ саҳм гузоштаву мегузоранд. Аз ҷумла, соли 2006 Барномаи «Воситаҳои ахбори омма»-и Шуъбаи Тоҷикистонии Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди Мадад дар ҳамдастӣ бо факултети журналистикаи ДМТ ва чор шуъбаи журналистикаи мактабҳои олии Тоҷикистон нахустин мактабҳои тобистонаро боз намуд. Чунончи муҳаққиқи С. Гулов навиштаст: “Дар 20 соли охир (то соли 2013, М.М.) тақрибан соле 10-12 семинару курсҳои омӯзиши доир ба мавзуъ ва самтҳои мушаххас барои журналистони ВАО аз тарафи созмонҳои журналистӣ ва байналхалқии  муқими Тоҷикистон баргузор гардидааст. Дар ин самт созмонҳое мисли Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Шурои ВАО, Хома, Мактаби мустақили Тоҷикистон – асри XXI, Маркази таҳқиқоти журналистӣ, Интернюс, намояндагони Институти ҷанг ва сулҳи Британияи Кабир ва ғайра хеле фаъол будаанд” [Гулов С. Истиқлолият ва журналистикаи тоыик (маымуаи мацолащои илмӣ).– Душанбе: Маориф. 2025. –  С.57-58].

            Мактабҳои тобистона барои ҷорӣ намудани ислоҳот дар соҳаи тадриси журналистика як навъ таконе шуданд. Дар заминаи онҳо дар кафедраҳои тахассусии факултет ва шуъбаҳои журналистикаи донишгоҳҳо таҳияи барномаҳои нав ба роҳ монда шуд. Баъдтар Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои “Рӯзномианигорӣ”, “Рӯзноманигории байналмилалӣ”, “Рӯзноманигор-тарҷумон”, “Иттилоот ва робита”-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва аз ҷониби Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Стандартҳои нав талаб менамояд, ки устоди факултет ва шуъбаҳои журналистикаи мактабҳои олӣ дар баробари донишҳои хубӣ назарӣ пайваста бо ВАО ҳамкорӣ намуда, аз ҳаёти журналистикаи амалӣ ҳамеша бохабар бошад, маҳорати нигорандагиашро сайқал диҳад ва самараашро бо донишҷӯён якҷо бинад.

Соли 2015 дар заминаи Маркази санъатҳои аудиовизуалии телевизион, радио ва кинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи ВАО таъсис дода шуд, ки барои такмили донишу маҳорат ва бозомӯзии журналистону кормандони воситаҳои ахбори омма ихтисос дода шудааст.

Бо қарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2012, №686 “Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаҳои ахбори омма барои солҳои 2013-207” қабулгардид.

Ин ва дигар авомил, аз як тараф, дар замонавӣ ва рангоранг гардидани ҷараёни омодагии касбии рӯзноманигорон, ҳамбастагии назария ва амалия, аз сӯйи дигар, дар таъмини воситаҳои ахбори омма бо рӯзноманигорони касбӣ ва ба ин минвол рушди ВАО, хосса матбуоти даврӣ таъсири мусбат гузошт.

Мавриди зикр аст, ки пешрафти таҳсилоти журналистӣ, аз ҳар ҷиҳат ба савияи илмии омузгорони макотиби олӣ ва кормандони эҷодии ВАО вобаста аст. Дар замони шуравӣ илм дар бораи рӯзноманигорӣ шакл нагирифта буд, зеро дар кишвар на мактаби омузиши журналистӣ буд ва на шурои диссертатсионӣ вуҷуд надошт. Муҳаққиқони ин соҳа, ба истиснои 4-5 нафар, ки дар Маскав дар соҳаи журналистика унвон гирифтаанд, аксар дар соҳаҳои илмҳои филология ва таърих рисолаҳои илмии худро дифоъ мекарданд.

Соли 2004 Шурои диссертатсионии Д737.004.03-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи рисолаҳои номзадиву докториро аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – Журналистика оғоз кард. Ин шуро соли 2006 ба фаъолият шуруъ намуд. Соли 2011 дар Шурои диссертатсионии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон низ ихтисоси журналистика ифтитоҳ гардид.

 Соли 2017  Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иҷозат дод, ки бо ихтисоси 6D050400 -Рӯзноманигорӣ низ ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба роҳ монда шуд. Гузашта аз ин 2-юми марти соли 2026 бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисосҳои 6D050400-Рӯзноманигорӣ (6D050401-Рӯзноманигорӣ), 6D051600-Рӯзноманигории байналмилалӣ (6D051601-Рӯзноманигории байналмилалӣ), инчуин барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи ихтисоси 6.2.22. Рӯзноманигорӣ ва 6.2.23 Рӯзноманигории байналмилалӣ иҷозат дода шуд. Яъне, бо шарофати озодию истиқлоли кишварамон соҳаи матбуот ва илми рӯзноманигории тоҷик такомул пайдо карда, барои муҳаққиқони соҳа имкони фаррох дар самти пажуҳишоти илмӣ фароҳам гардид.

Мурод МУРОДӢ,

профессори ДМТ

ОМИЛҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР ПЕШРАФТИ КОРИ НАШРИЯҲОИ ДАВРӢ

0

Одатан, матбуот дар марҳалаҳое рушд меёбад, ки ин ё он ѓояи пешқадаму созанда ба вуҷуд омада, зарурати тарѓиби он пайдо шавад. Дар кишвари мо дар охири соли 1980 то соли 1992 чунин ѓоя худшиносии миллӣ ва расидан ба истиқлоли фикрию давлатӣ буд, ки бо шарофати он матбуоти даврии тоҷик дар дараҷаи баланди рушд қарор дошт. Аммо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо сабаби вазъи ногувори кишвар чунин ѓоя аз байн рафт ва талабот ба рӯзнома ва рӯзномахонӣ нисбатан камтар гардид. Ба истиснои нашрияҳои расмии «Садои мардум» ва баъдан «Ҷумҳурият» нашрияи дигаре ба табъ намерасид. Фазои матбуоти даврии тоҷик гӯё хомуш шуд. Ин хомушӣ наздик ба се сол тул кашид. Баъдтар бо муътадил шудани вазъи сиёсии кишвар ва маҷрои худро пайдо кардани раванди зиндагӣ, тадриҷан нашрияҳои хусусӣ рӯйи чоп омаданд. Ҳамчунин ташаккули низоми ҳизбӣ ва сектори хусусӣ ба таъсиси нашрияҳои типи нав замина гузошт.

Вазъи бозори иттилоотӣ, сатҳи маърифат ва ҳолати қабули аудитория тақозо менамуд, ки нашрияҳои даврӣ, аз як тараф, манбаи даромади аҳли редаксияҳо гарданд, аз тарафи дигар, таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб карда тавонанд. Ба ин манзур, хусусан баъзе нашрияҳои хусусӣ ба чопи қиссаҳои дурӯѓин, бозчопи маводи рӯзномаҳои бегона, аксҳои урён, матолиби таърифиву тавсифкунанда ва баррасии масоили хонаводагии ҳунармандону шахсиятҳои машҳури дохил ва хориҷи кишвар пардохтанд. Ин ҳолат, албатта муштариёни фаъоли матбуотро ба ташвиш овард, аммо ин раванд ногузир буд, зеро фазои матбуот мебоист ба бозори рӯз мувофиқ мешуд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Чи хеле ки дар бозорҳо молҳои босифат ва камсифат пур аст, дар нашрияҳои даврӣ низ матолиби пурарзиш ва камарзиш кам нест. Ин ба талаботи бозор, завқу раѓбати аудитория вобаста аст. Аммо таъкиди ин нукта муҳим аст, ки нашрияҳои хусусӣ, ба вежа «Чархи гардун», «Оила» дар солҳои нобасомониҳои кишвар мардуми аз рӯзнома дуршуда, хоса дӯкондорону бозорнишинонро ба рӯзномахонӣ ҷалб кард тавонистанд. Агар шумораҳои солҳои аввали ин нашрияҳоро сол ба сол муқоиса кунем, мутмаин мешавем, ки онҳо оҳиста-оҳиста тавонистанд бо усули гузариш аз сода ба мураккаб хонандагони худро ба масъалаҳои маънавию фарҳангии арзишманд мувоҷеҳ намоянд. Агар ин нашрияҳо ба завқи хонандагони омӣ – майдатоҷирону хонашинҳо мувофиқ бошад, нашрияҳои дигари мустақил чун «Фараж», «Нигоҳ», «Озодагон», «Миллат» ва ѓайра ба сатҳи коршиносону зиёиён матолиб интишор менамуданд. Пурсиши сотсиологие, ки Маркази таҳқиқотии Зеркало «соли 2003 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Курѓонтеппа, Кӯлоб, (535 нафар) гузаронидааст», собит менамояд, ки се нашрия: «Оила» (27,5%), «Чархи гардун» (18,9%) ва «Авецина» (8, 6%) дар сегонаи аввал қарор гирифта, аз пурхонандатарин нашрияҳои даврӣ будаанд (Зеркало, 2003, № 6, декабр).

            Таҳқиқоти соли 2005 нишон дод, ки 55%-и респондентон ин ё он рӯзнома ва ё маҷалларо ҳамеша мутолиа менамудаанд. Рӯзномаи аз ҳама хонотарин «Оила» будааст. Дар ҷойи дуюм бо 8% нашрияи «Ҷумҳурият» ва сеюм «Муҳаббат ва оила» қарор гирифтанд. Нашрияи «Азия Плюс» дар ҷойи чорум қарор гирифт. Дар тадқиқоти соли 2013 «Азия Плюс» маъруфтарин нашрияи иҷтимоию сиёсӣ шинохта шуд. 

            Дар таҳқиқоти дигар (соли 2023), ки дар заминаи Лоиҳаи муштараки Вазорати фарҳанг, ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» ва Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» бо мақсади муайян намудани дараҷаи истифодаи аҳолии кишвар аз воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ гузаронида шуд, маълум гардид, ки серхонандатарини рӯзномаи кишвар нашрияи расмии Чумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» будааст. Дар ин тадқиқот нашрияи «Ҷумҳурият» (34 %) ҷойи аввал, «Омӯзгор» (23,8%) ҷойи дуюм ва «Минбари халқ» (22,2%) ҷойи сеюмро ишѓол намуд. Дар ҷойи чорум «Садои мардум» меистад. Дар тадқиқоти мазкур зиёда аз 2000 нафар респондент аз тамоми манотиқи кишвар ширкат варзидаанд.

            Ин нишондоди оморӣ, ки ҳосили омӯзишҳои сотсиологӣ аст, нишон медиҳад, ки дар 15 соли охир нашрияи «Ҷумҳурият» тадриҷан мавқеи худро дар фазои иттилоотии кишвар вусъат бахшида, аз ҷойи шашум ба ҷойи аввал баромадааст. Ин маънои онро дорад, ки сол ба сол таваҷчуҳи мардум ба ин нашрия бештар гардидаааст. Яъне, майлу раѓбат ва дараҷаи иҷтимоию сиёсии хонандагон боло рафтааст.

Дигар шудани сохти иҷтимоӣ ва раванди демократикунонии ҷомеа боис гардид, ки дар Тоҷикистон типҳои гуногуни нашрияҳои даврӣ шакл гиранд, усулҳои гуногуни дастрасии нашрияҳо ба вуҷуд оянд. Агар дар солҳои аввал бо иллати суст гардидани хизматрасонии почта дастрасии нашрияҳо ба муштариён, хосса хонандагони манотиқи кишвар мушкилӣ дошт, тадриҷан ин мушкилот роҳи ҳалли худро ёфт, ки дар фосилаи кӯтоҳ нашрияҳои даврӣ ба дурдасттарин манотиқи мамлакат рафта мерасанд. Ҳамчунин, дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои калонтарини минтақаҳои кишвар дуконҳои махсусӣ рӯзномафурӯшӣ амал мекунанд. Ин ва дигар омилҳо ба рушди матбуоти даврӣ бе таъсир буда наметавонанд.

Аммо як нуктаро наметавон нодида гирифт, ки имрӯз ҷавонон ба мутолиаи рӯзнома камтар майл доранд. Таваҷҷуҳи онҳо ба маводи ВАО-и электронӣ, хосса шабакаҳои интернетӣ бештар гаштааст. Ин ҳолатро кормандони нашрияҳои даврӣ дарк карда, дар фазои маҷозӣ сомонаҳои худро ташкил намудаанд. Имрӯз аксарияти нашрияҳои даврӣ дар ду шакл: анъанавӣ ва инноватмионӣ (интернетӣ) интишор мешаванд. Нашрияҳои даврӣ аз имконоти фазои маҷозӣ низ истифода мекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар кишварамон беш аз 200 сомонаи иттилоотӣ ва беш аз 500 сомонаву вебсайтҳои тарғиботию ташвиқотии тиҷоратӣ амал мекунад. Ҳамзамон, беш аз 10 000 саҳифаҳои хоси вазорату идораҳо ва корхонаву коргоҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастанд, ки ҳам василаи пахш ва ҳам манбаи иттилоъ мебошанд.

Мурод МУРОДӢ,

профессори ДМТ

ОМИЛҲОИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТАШАККУЛИ МАТБУОТИ ДАВРӢ

0

Дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронид, марҳилаҳои басо душвори таърихиро тай намуд. Бо вуҷуди ин, дар кишвар, аз як тараф, заминаҳои ҳуқуқии бунёди ҷомеаи навин ба вуҷуд омад, аз сӯйи дигар, барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам шуд. Ин авомил зарурати таѓйиру дигаргуниҳоро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ногузир намуда, ба раванди ташаккул ва рушди онҳо замина  гардид. Ба ин маънӣ, тули солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон васоити ахбори омма ва табъу нашр мисли соҳаҳои дигар, аз ҷумла фарҳангу илми кишвар ба дигаргуниҳои сифативу миқдорӣ дучор омад, балки то андозае таъйинот ва хусусияти худро таѓйир ҳам дод.

Ин таѓйирот, пеш аз ҳама дар силсилаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҷассум ёфт. Аз ҷумла, дар моддаи 30-и Конститутсияи Тоҷикистон зикр шудааст, ки «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст…».

Дар заминаи ин моддаи Конститутсия қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, қонунҳо дар соҳаи матбуоти даврӣ, телевизион ва радио, иттилоот ва воситаҳои пахши иттилоот, табъу нашр ва ҳуқуқи муаллиф қабул гардиданд, ки шароитро барои бавуҷуд омадани матбуоти хусусии гуногунтип ва озоду навгаро фароҳам намуд. Ҷойи тазаккур аст, ки дар масъалаи қонунгузории соҳаи ВАО асосҳои демократӣ пурра риоя шудааст. Аз ҷумла, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» меъёрҳои зерин зикр гардида, ба қонунҳои дигар низ хосанд:

– Моддаи 3.

1.         Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.

2.         Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад.

3.         Ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъитӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, ѓайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд.

4.         Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.

5.         Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ба инҳисори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма роҳ дода намешавад [Маҷмуи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма. – Душанбе, 2014. – С.9-10].

Мувофиқи Моддаи 7 «Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд» [с.10].

Дар асоси Конститутсия қонуну санадҳои зиёде қабул шуданд, ки аз як тараф, фаъолияти плюралистии матбуоти давриро таъмин намудаанд, аз ҷониби дигар, барои инкишофи демократия, риояи меъёрҳои умумибашарии озодии баён дар фаъолияти рӯзноманигорӣ ва густариши афкору муносибатҳои демократии қонунмандона замина гузоштанд.

Ҳамин тавр, дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма, пеш аз ҳама, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд, ки пайваста такмил дода мешаванд.  Имрӯз фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» аз 6 августи соли 2001, № 40, «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз 10 майи соли 2002, № 51, «Дар бораи иттилоот» аз 10 майи соли 2002, № 55 (тағйиру иловаҳо ба он тибқи Қонуни ҶТ аз 03.07.2012, №848), «Дар бораи ҳифзи иттилоот» аз 02 декабри соли 2002, № 71, «Дар бораи реклама» аз 01 августи соли 2003, №34, «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30 июли соли 2007, № 320, «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» аз 18 июни соли 2008, № 411, «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19 марти соли 2013, № 961, «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» аз 03 августи соли 2018, №1537 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешаванд.

           Дар ин замина Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотонӣ-коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони ПҶТ №1174, аз 05.11.2003), Барномаи давлатии «Рушд ва ҷорикунии технологияҳои иттилоотонӣ-коммуникатсоинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Ҳукумати ҶТ №468, аз 03.12.2004) ва ғ. низ ба тасвиб расидаанд, ки ҳар кадом вобаста ба самтҳои алоҳидаи иттилоотӣ муносибатҳои ҳуқуқиро муайян ва ба танзим медароранд.

Дар баробари ин Ҳукумати кишвар ҳамеша ба рушди матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи озод таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои фароҳам овардани шароиту имкони дастрасии иттилооти расмӣ, қавитар намудани ҳамкории шахсони мансабдор бо журналистон ва ба минбари баланди таҷассумгари афкори созанда табдил додани он тадбирҳо андешад. Ба имзо расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил ва баргузар кардани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои ҳар семоҳа» (2005, 4 март, рақами АП-1677) ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилҳои воситаҳои ахбори омма» (2009, 7 феврал, рақами 622) далел ба ин гуфтаҳост.

Ба имзо расидани ин аснод ҳам дар дастрасии иттилооти расмӣ ва ҳам дар бедории ҳисси масъулиятшиносии шахсони мансабдор нисбат ба матолиби ВАО мусоидат кард. Бо шарофати ин амру фармон сухани матбуот то андозае арзиш ва таъсир пайдо кард, робитаи вазоратҳо, ташкилоту муассисаҳо бо идораҳои ВАО нисбатан қавӣ ва мавқеи журналистон нисбатан баландтар гардид. 

Ҳар санади меъёрию ҳуқуқие, ки Ҳукумати кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаи ВАО қабул кард, аз як тараф, барои кори мусоиди расонаҳо, озодии сухан, табъу нашр ва ҳуқуқи истифодаи васоити ахбори омма заминаҳои сиёсиву ҳуқуқиро фароҳам оварданд, аз сӯи дигар, ба таъсиси низоми нави воситаҳои ахбори омма мусоидат карданд.

Илова бар ин бо мақсади беҳбудии вазъи табъу нашр ва матбуот, такомул ва инкишофи минбаъдаи соҳа «Барномаи давлатии рушди саноати полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2002-2006», «Барномаи компютерикунонии муассисаҳои давлатии нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013», «Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуданд, ки низ ба рушди минбаъдаи соҳаи таъсир гузоштанд.

Дар заминаи маҷмуи асноди ҳуқуқӣ, низоми васоити ахбори омма, хусусан матбуоти даврӣ, ки дар замони шуравӣ типи ягонаро ташкил медод, гуногунранг гардид. Аз як тараф, истиқлолияти давлатӣ, аз сӯйи дигар, асноди ҳуқуқиву қонунгузорӣ замина гардиданд, ки низоми матбуоти даврии тоҷик ҳам аз ҷиҳати типи нашрияҳо, таъйиноти онҳо, теъдоди рӯзномаву маҷаллаҳо дигаргун шавад ва рушд ёбад. Барои далел, агар дар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 139 рӯзномаву маҷалла нашр мегардид, ки танҳо 4 нашрияи он хусусӣ буд, пас дар соли 2011, ки истиқлоли мо нав 20 сола шуда буд, шумораи нашрияҳо дар Ватани мо ба 446 адад расид, ки 270 нашрияи он хусусӣ ва ҷамъиятӣ буд. Ин рақам дар соли 2016 ба 450 нашрия расидааст, ки аз ин теъдод 275 нашрияаш ҷамъиятиву хусусӣ будааст. Вобаста ба буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ ва ташаккул ёфтани шакли нави матбуот – матбуоти электронӣ ё худ журналистикаи маҷозӣ дар солҳои пасин шумораи нашрияҳои даврӣ коҳиш ёфта, дар соли 2023 теъдоди нашрияҳои рӯи чоп ба 302 расидааст, ки 92 нашрия хусусию ҷамъиятӣ мебошанд.

Аз ин иттилоот бармеояд, ки раванди инкишофи матбуоти даврӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар мавҷнок сурат гирифтааст. Ҳамчунин, агар дар солҳои аввали истиқлолият дар кишвар танҳо 1 оҷонсии хабарӣ фаъолият мекард, дар солҳои минбаъда теъдоди он дар шакли зер болову паст шудааст. Масалан, аз соли 2008 то соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 агентии иттилоотӣ амал менамуд, ки танҳо як адади он давлатӣ ва боқӣ хусусӣ буданд. Соли 2023 дар кишвар 5 агентии иттилоттӣ ва соли 2026 бошад 6 агентии хабарӣ фаъолияти тахассусӣ мекунад, ки танҳо яктои он давлатӣ ва боқӣ ѓайриҳукуматӣ мебошанд. 

Алабатта, бо рушди технологияи иртиботӣ ва доман паҳн кардани интернет баъзе нашрияҳои даврӣ дар рақобатҳои фазои иттилоотӣ тоб наоварда, фаъолияти худро қатъ ва ё дигар намуданд.  Бо таъсири ин ва дигар омилҳо имрӯз дар кишвари мо 384 нашрия ба табъ мерасад, ки 100 адади он мустақил мебошанд. Аз ҷумла, 128 рӯзнома (64 хусусӣ), 156 маҷалла  (36 хусусӣ) дастраси аҳолӣ мешавад. Аз ин шумора беш аз 70 маҷалла дар шумули нашрияҳои тақризшавандаи «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, барои тарғиб ва пешрафти илм дар Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмат мекунанд. 

Пешравиҳо дар васоити электронии ахбори омма бештар ба назар мерасад. Масалан, дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон танҳо 1 шабакаи радиоӣ ва 1 шабакаи телевизионӣ мавҷуд буд, ки бо вақти маҳдуд барнома пахш мекарданд. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ҳоло дар кишвар беш аз 90 телевизион, радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ таъсис ёфтааст, ки танҳо 15  телевизион ва 10 радио давлатӣ мебошад ва боқӣ аз тариқи идоракунии тиҷоратӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ амал мекунанд.

Мурод МУРОДӢ,

профессори ДМТ

Хабарҳои пешниҳодшуда